туризм
САЙЁҲИИ КИШОВАРЗӢ. ЛОИҲА ДАСТГИРӢ ЁФТ
Лоиҳаи хурди грантии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби барномаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар Тоҷикистон дар самти тақвияти сайёҳии кишоварзӣ дар водии Рашт дастгирӣ ёфт. Тавассути татбиқи лоиҳа дар таҳияи нақшаҳои маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт машваратҳо гузаронда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки сайёҳии кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба шакли сифатан нав барояд.
Сайёҳии кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз шакли нав ва ояндадори сайёҳӣ буда, дар ҳоли ташаккул қарор дорад. Дар ҳамин ҳол аллакай таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ дар ҷумҳурии мо афзудааст. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полизӣ, чун харбузаю тарбуз, тарзи омодасозии меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулот заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ба шумор мераванд. Яке аз афзалиятҳои дигар барои рушди сайёҳии кишоварзӣ дар мамлакат ин таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ, назири намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои Сада, Меҳргон, идҳои каду, харбуза, асал ва ғайра мебошанд. Бо даъвати сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дар ин идҳо метавон ба Тоҷикистони офтобрӯяи мо, ки меваҳои шаҳдбор, сабзавоти тару тоза, иқлими мусоид дорад, садҳову ҳазорҳо сайёҳони воқеиро ҷалб намуд.
Бо мақсади вусъат бахшидани соҳа ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, истифодаи имкониятҳои сайёҳии маҳалҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Тайи ду соли охир дар деҳоти кишвар тағйироти куллӣ ба амал омада, корҳои ободонӣ идома доранд. Аз ҷумла, дар ин давра дар аксар минтақаҳои кӯҳии кишвар инфрасохтори сайёҳӣ бунёд ёфта, барои сайёҳон шароитҳои будубоши муваққатӣ фароҳам оварда шуданд. Сайёҳии кишоварзӣ метавонад дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии деҳот, ки беш аз 75%-и ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳад, нақши муҳим дошта бошад. Зеро он на танҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ, балки ба муаррифии имкониятҳои кишоварзӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, афзоиши даромади аҳолии маҳаллӣ ва ғайра мусоидат менамояд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, сайёҳии кишоварзӣ пас аз солҳои 70 - уми қарни гузашта ба соҳаи алоҳида ҷудо шуд. Ин намуди сайёҳӣ дар Аврупои Ғарбӣ, Амрикои Шимолӣ, Австралия, Испания, Италия ва Фаронса гардиши бузург дошта, ҳамасола даромади зиёд меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди сайёҳии кишоварзиро ҳамаҷиҳата ҷонибдорӣ менамояд ва барои он заминаҳои қонунгузорӣ ва дигар шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» омадааст, ки сайёҳии кишоварзӣ – саёҳате, ки бо мақсади истироҳат дар муҳити табиии ҳаёти деҳот, иштирок дар фаъолияти хоҷагидорӣ, ҷамъоварии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва истеъмоли он, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дарки табиат ва истифодаи оқилонаи он ба роҳ монда мешаванд. Инчунин, солҳои охир ширкатҳои сайёҳӣ дар ин самт хатсайрҳои нав дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, шаҳри Турсунзода, дараи Канаск ва дигар мавзеъҳои дорои иқтидори кишоварзӣ роҳандозӣ намудаанд.
Тибқи таҳлилҳои коршиносон сайёҳии кишоварзӣ соҳаи камхарҷи фаъолият буда, имконияти фарохи рушдро доро мебошад. Муттаҳидсозии кӯшишҳо дар сатҳи вилоятҳо, ноҳияҳо, маҳалҳо ва ташаббусҳои сармоягузорон, яъне истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз самтҳои самараноки ҷалби сармоя ва технология дар рушди сайёҳӣ арзёбӣ мешаванд.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2020 №: 190 Мутолиа карданд: 3990