сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ва иштирок дар ҷашни бузурги ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯз ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, дигар аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони аҳли илму фарҳанг, шоирону нависандагон ва адибони маъруфи мамлакат ҳамроҳӣ намуданд.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2111