logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои байналмилалии наврӯзии шаҳри Теҳрон, 27 марти соли 2010

Ҷаноби Олӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод,
Раиси мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон!
Ҷалолатмаобон, олиҷанобон, раисони кишварҳо!
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Ҳозирини мӯҳтарам!
Барои ман имрӯз басо рӯзи хушию саодатмандист, ки сарварону роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои дӯст дар сарзамини таърихӣ ва афсонавии Эрон, ин хоки муқаддаси фарҳангхезу тамаддунофар, ҷамъ омадаем. Мо дар ин ҷо гирди ҳам омадаем, то бори дигар ин суннати бостонӣ ва ҷашни бузурги миллии худ - Наврӯзи оламафрӯзро, ки аз қаъри асрҳо то имрӯз ба мо расидааст ва ҷузъи ҳувияти миллӣ ва ифтихори маънавии мардумони мо гаштааст, бо шукӯҳи хос, ҳамчун ворисони тамаддуни бузург, таҷлил намоем.
Ман омадаам, то ки аз номи миллати тоҷик – аз бародарону хоҳарони ҳамкешу ҳамфарҳанги шумо  паём ва табрику таҳниятҳои гармро бирасонам ва ба ҳозирини гиромӣ ва мардуми шарифи Эрон, соири кишварҳоро бигӯям:
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак!
Аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст.
Наврӯз, баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврӯз, ба ҷуз ин ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форам ва фараҳбахши навозишгар, садои найи чӯпон ва суруди кишоварз, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯю деҳ ва қасабаву шаҳр мавҷ мезанад, болу пар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад.
Бунёдгузори адабиёти порсӣ, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки зодгоҳ ва оромгоҳи ӯ Тоҷикистон буда, вале падари адабиёти ҳамаи форсизабонон аст, Наврӯзу баҳори нозанини Хуросонро борҳо хеле нуктасанҷона васф кардааст. Фирдавсии бузург муҳаббати хешро нисбат ба ин суннати ҷовидонаи миллат ба дараҷае боло бурда буд, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи худ аз забони як қаҳрамонаш ба номи Наврӯз савганд ёд кардааст.
Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки гувоҳи аз ҷониби мардумони мо бо камоли эҳтирому эҳтиёт то замони мо расондани ин ҷашни зебои ниёгон аст. Наврӯз дар замони дар ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ будани Тоҷикистон чанде мамнӯъ буд, вале фарзандони ватанпарасту донишманди миллати мо, мисли устодон Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзои Турсунзода, барои эҳёи он кӯшишҳои зиёд карда буданд.
Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон, ки миллати тоҷик сарнавишти давлати худро ба дасти худ гирифт, Наврӯз дар кишвари мо шукӯҳу ҷалоли худро аз нав пайдо кард ва ба ҷашну сурури  умумимиллӣ табдил ёфт. Ва дар ин ки Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шуд ва Созмони Милали Муттаҳид онро ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард, саҳми мардум ва давлати мо низ дар он назаррас аст. Зеро Наврӯз дар кишвари Тоҷикистон сартосарӣ ва басо бошукӯҳ таҷлил мешавад. Наврӯз рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии мост.
Мо, дар Тоҷикистон, дар баробари таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва динии худ, аз қабили ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  Рӯзи модарон, Рӯзи Артиши миллӣ, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва ғайра, Наврӯзро аз бузургтарин ҷашнҳои зебо ва мероси аҷдоди худ гиромӣ медорем.
Тавре маълум аст, мардуми араб низ Наврӯзро то ислом пазируфта буданд. Чунонки Олусӣ дар «Булуғ-ул-араб» иттилоъ додааст, дар Мадина арабҳо то ислом Наврӯз ва Меҳргонро ҷашн мегирифтаанд ва он дар бархе аз кишварҳои араб то ҳол аз зумраи ҷашнҳои мардумист.
Расму ойини наврӯзӣ бо покию беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа низ пайванди сахте дорад. Ин асл аз замони бостони мардумони мо сарчашма гирифтааст, ки пиндору гуфтору рафтори нек тақозои ҳатмии зиндагии эшон будааст.
Аз маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» бармеояд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни оғози соли хуршедӣ, балки оғози соли иқтисодию молиётӣ низ будааст. Усул ва русуми баргузории наврӯзӣ дар кишварҳои мамолики Шарқ бо баъзе фарқиятҳои андак то ба имрӯз побарҷо мондаанд. Ин ҳам яке аз рукнҳои ягона будани шеваи зиндагии мардуми мост, ки дар давраҳои қадим дорои иртибототи қавӣ ва равобити густурда буданд.
Имрӯз дар Тоҷикистон ва маҳалҳои дигари Осиёи Марказӣ то расидани Наврӯз суманак тайёр мекунанд. Суманак, ки аз гандум мерӯяд, ҳангоме сабз мешавад, ба назар хеле зебо менамояд. Суманак рамзи баҳор, зиндагии сабзу тоза ва ризқу рӯзии фаровон мебошад. Ҳангоми расидани Наврӯз мардуми тоҷик дастархони ҳафтсин ё ҳафтшин меороянд, ба хонаи ҳамдигар ба либоси тозаву чеҳраи пуртабассум мераванд, соли навро табрик мегӯянд, орзуҳои неки осудагию оромӣ ва фаровонию сиҳатмандиро иброз медоранд. Ва муҳимтар аз ҳама мардум дар айёми Наврӯз кинаҳоро аз дилҳо дур месозанд, то ҷойи онҳоро шафқату меҳрубонӣ бигиранд, ба ниёзмандону нодорон дасти ёрӣ дароз мекунанд, то фарорасии Соли навро ба шодию хурсандӣ истиқбол намоянд.
Ин ҳамон расму суннати бостонии аҷдоди мост, ки дар аҳди  Сосониён низ маъмул будааст. Чунонки донишманди аврупоӣ Артур Кристенсен дар асараш «Эрон дар аҳди Сосониён» овардааст, дар рӯзи аввали Наврӯз дар он замони дерин низ мардум субҳ зуд бархоста, ба канори наҳру ҷӯйборҳо рафта шустушӯ мекарданд, ба ҳамдигар ҳамчун пайғоми поки рӯшноӣ об мепошиданд, ширинӣ медоданд.
Қабл аз он ки бо ҳам сухане бигӯянд, аввалтар аз ҳама шакар мехӯрданд ва ё асал мечашиданд, равған ба бадан мемолиданд, оташ меафрӯхтанд. Дар ин рӯз шоҳон сиккаи нав мезаданд, ба мардум инъому тӯҳфаҳо мекарданд.
Шукӯҳу ҷалоли Наврӯз махсусан дар аҳди Сомониён боло рафт ва аз осору ашъори шоирони ин давр низ бармеояд, ки ҷашни Наврӯз баёнгари бузургӣ, шукӯҳи салтанат ва ифтихори аҷдодии шоҳони Сомонӣ буда, барои мардуми Мовароуннаҳру Хуросон рамзи истиқлолталабиро низ доштааст. Тавре ки аз осори таърих бармеояд, муғулон сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр ва Эронро ваҳшиёна ба хун оғуштанд ва диёри ободу осудае тақрибан боқӣ намонд.
Яке аз донишмандони эронӣ ба номи Парвизи Азокӣ ин маъниро хуб зикр кардааст: «Эрониён ин идро паноҳгоҳ ва дастовези худ сохтанд ва … изҳори истиқлол қарор доданд».
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар кишварҳои мо наврӯзшиносии илмӣ ба дастовардҳои ҷолиб ноил гаштааст. Донишмандони тоҷик низ дар таҳқиқи таърихи Наврӯз ва таҷлили он дар навоҳии гуногуни  Тоҷикистон асарҳои муҳим эҷод кардаанд. Дар байни мардуми тоҷик таронаву дубайтӣ, ривоёту қиссаҳои ҷолиб оид ба Наврӯз паҳн гаштаанд ва қисмати зиёди онҳоро фолклоршиносони тоҷик ҷамъоварӣ кардаанд ва қисме аз он мавод ба табъ расидааст.
Ба назари ман, донишмандони ҳамаи кишварҳои мо дар бораи таърихи Наврӯз ва тарзи таҷлили он дар шаҳру навоҳии гуногун таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, маводи фолклории  мавҷударо ҷамъ оварда, ба таври комил ба табъ бирасонанд, кори басо хайр хоҳад шуд.
Дӯстони гиромӣ!
Бори дигар ин асл собит мегардад, ки Наврӯз ва ҷашнҳои воқеан миллию инсондӯстона баҳаморандаи мардумони мо ва созандаи пулҳои маънавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошанд. Наврӯз имрӯз низ пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳост.
Аз даргоҳи Худованди карим дархост мекунам, ки Наврӯз, ки ҷашни ҷаҳонӣ шудааст, ҳар соле инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дӯстию бародарӣ баҳравар намояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат кунад.
Умед дорем, ки Наврӯзи имсола бо қадами мубораки худ ба мардумони куҳанбунёд, бофарҳанг ва заҳматдӯсти мо дар роҳи иҷрои нақшаҳои ободгариву созандагӣ муждаҳои тоза меорад.
Бори дигар ҳамаи шуморо сидқан табрик гуфта, сипоси бепоёни худро ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми шарифи Эрон барои пазироии гарму самимона баён мекунам ва ба миллати ин бародар сарбаландию осудагӣ ва хонаободӣ таманно дорам.
Наврӯзатон фирӯз бод!
Ҳар рӯзатон наврӯз бод!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед