сиёсат
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШУКРГУЗОРӢ ДАР ҲИКМАТИ ДАВЛАТДОРӢ
Шукргузорӣ аз неъмати Истиқлолияти давлатӣ ва озодиҳо арзиши ғоявӣ ва сирф назарӣ нест. Шукргузорӣ аз неъмати истиқлолият силсилаи донишҳои назарӣ, таърихӣ ва амалиест, ки дар заминаи дарки неъмати истиқлол, шинохт ва ҳазми он арзи вуҷуд карда, тафаккур ва эҳсоси ҳар фарзанди миллатро дар ҳимоя, рушд ва муаррифии он ҳамчун қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва имонӣ ташаккул медиҳад.
Шукргузорӣ танҳо бо забон буда наметавонад, он мисли ҳар арзише вижагиҳои маърифатӣ, амалӣ ва таърихиро касб намуда, бастагӣ ба шаклгирии тафаккури инсонӣ, ифодаи рӯҳияи халқ ва миллат дорад. Мисли оне, ки шукргузории неъматҳо аз назари ахлоқӣ ва маърифатӣ ҷанбаҳои мухталиф ва тавъам ба узвҳои эҳсосотӣ дошта, таъсиррасонанда ба ирода ва зоҳирёбии амалҳои мушаххас аст, шукргузории неъмати истиқлол ҳамчун эҳсосоти пайваст бо Ватан, зодгоҳ, фарҳанг, урфу одат, анъанаҳо, сарулибос, макони шаклгирии эҳсосоти худӣ ва ҳуқуқӣ, баёнгар ва зуҳури иродаи мустақили афрод аст. Омӯзиши масъалаи мазкур бо ҳама омехтагиҳои табиати инсонӣ танҳо ба як соҳаи илм пойбанд набуда, дар маҷмӯъ, ба этнография, этнология, сотсиология, ҳуқуқ, фалсафа, таърих, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ ва ҳатто равонковӣ (психоанализ) тавъам аст.
Миллати соҳибдавлат, халқи рӯҳияи соҳибихтиёрӣ дош-та куллияи инсонҳое аст, ки онҳо соҳибақида, соҳибирода, қадршиносу шукргузори неъмат буда, дар баробари шинохти неъмат роҳҳои назарию амалии ҳифз, рушд ва дастрасии онро барои наслҳои оянда фароҳам меоранд. Муҳимтарин хислати ин халқият дар баробари унсурҳои маънавӣ ва маърифатӣ, ҳамеша дар он ифода ёфтааст, ки онҳо чи дар ҳаёти фардӣ ва чи иҷтимоӣ усули афзалияти амали некро мисли «аз ду бадии пешорӯ истода бадии камтару аз ду некии дар интихоб истода некии афзалтарро» дар лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти шахсию иҷтимоияшон дар гардишҳои таърихӣ дуруст, бамавқеъ ба манфиати фардои фарзандони худ интихоб кардаанд.
Дигар ин ки онҳо арзишҳо ва неъматҳоро дар масири таърих вобаста ба манфиати давлату миллати худ, дар ҳамбастагӣ ба саодати наслҳои оянда бамаврид ва дуруст дарк, ҳазм ва татбиқ намудаанд. Маҳз ҳамин аломатҳост, ки кишваре бо 20 ҳазор аҳолӣ (Лихтенштейн) ва ё аз он ҳам камтар дар паҳнои олам ҳуқуқи соҳибихтиёрию худмуайянкунии худро дуруст истифода намуда, ҳастии худро муътадил дар ҳама пастию баландиҳои олами ноором ҳифз намуда, вале кишварҳое бо даҳҳо миллион ҷамъият ба хун оғӯшта шуда, ҳуқуқи худмуайянкунии худро дар ҳолати ногувор қарор додаанд. Гузашта аз он, иддаи дигар бо даҳҳо миллион аҳолӣ то ҳанӯз давлати худро надоранд. Тавре маорифпарварони тоҷики ибтидои садаи ХХ дарк карда буданд: «Бузургии давлатҳо бо шумори аҳолӣ ва ҳудуд муайян намешавад», ё ҳаким Фирдавсӣ васеътар аз он гуфта буд:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Яке аз омилҳои худшиносӣ ва расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ дуруст сабақ бардоштан аз таҷрибаи таърихист. Бахусус, таҷрибаи талхи таърихи халқи тоҷик, ки бо ҷурми иллатҳои мухталифи дохилию хориҷӣ садсолаҳо дар вартаи бедавлатӣ буда, фарзандони барӯманди он дарбадари ҳокимони аҷнабӣ барои бегонагон хизмат кардаанд.
Дар рӯзгори муосир дар замони соҳибистиқлолии давлатии мо, ки ҷаҳон ноором аст, дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик баъзе аз равишҳо ва калавишҳое сар мезананд, ки аз содагӣ ва самимияти инсондӯстии мардум аз эътиқоди самимиашон ба арзишҳои динӣ, ба худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандорию ҳифзи истиқлол латма ворид мегардад. Омилҳои бегонапарастӣ дар пӯшиши либос, гирифторӣ ба таассуби динӣ, худхоҳии бемавқеи ғайриахлоқӣ, таърихпарастии беҷою суханпардозиҳои ноҷои иддае аз бародарон, ки дар заминаи озодиҳои бо ном демократӣ сар зада, барои бисёриҳо масъалаҳои ночизи иҷтимоӣ намоянд ҳам, дар асл, аз бӯъдҳои мухталиф ношукрии мафкураи ҷомеаро ба Истиқлолияти давлатӣ афзун менамояд.
Онҳое, ки имрӯз аз хориҷ тавассути сайтҳои мухталифи интернетӣ ба ҳастии истиқлоли мо санг мепартоянд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба рамзҳои давлатдории мо латма ворид созанд, хизмати хоҷагони берунаро иҷро ва ба номи поки миллати тоҷик хиёнат менамоянд. Пешво - рамзи давлатдории миллии мост, Тоҷикистон Ватани азизи мо, тоҷикистониён аст, ҳама бурду бохти ин кишвар ҷузъи ҳастӣ ва хотираи миллати мост, нозебо аст, ки онро байни бегонагон ба муаррифӣ гузошта, аз он ба бадию хусумат ёдрас шуда, ҳастии миллати худро зери хатар гузорем. Бингаред ба Ироқ, Афғонистон, Сурия, Украина, Беларус, ки имрӯз чӣ тавр бо ҳидояти бегонагон ваҳдатро ба парокандагӣ иваз кардаанд, бузургтарин хотираҳои моддии таърихиро ба боди нестӣ дода, кишварҳои худро ба муҳлати даҳсолаҳо бар қафо партофтаанд. Ин магар, барои мо дарси ибрат нест? Бузургон дуруст гуфтаанд, ки «оқилон аз хатои дигарон меомӯзанду омиён дар хатои худ». Тоҷик дар маҷмӯъ, дар қатори камбудҳои зиёди таърихиаш, дар ҳама давру замон аз миллатҳои фарҳангӣ, созанда ва эҷодгар будааст. Имрӯз вақти он расидааст, ки чашми хирадро боз намоем. Тавре устод Рӯдакӣ фармудаанд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
САБАҚИ ТАЛХИ ТАЪРИХӢ БА ОЗОДАГОНИ БЕПАРВО ЧӢ МЕГӮЯД?
Назари сатҳӣ ба таърихи навини давлатдорӣ ва, ҳатто, ба тамаддунҳои собиқ, шаҳодати он аст, ки нақш ва нуфузи қадршиносӣ аз неъмати давлатдорӣ дар ҳама давру замонҳо аҳамияти бориз дар ҳастии халқу миллатҳо доштааст. Албатта, дар аҳдҳои бостон вобаста аз услуби идора ва навъҳои таърихии давлатдорӣ ва режимҳои сиёсии шоҳию истибдодӣ мавҷудияти ин унсур дар табиат ва фаъолияти сиёсатмадорон ва соҳибқудратон нақши бештар дошт. Вале дар замони муосир, ки таҷриба ва рушди давлатҳо зиёда ба ҷанбаи соҳибихтиёрии халқ ва эътирофи ҳокимияти мардумӣ такя мекунад, нақши ҳикмати шукргузорӣ аз неъмати истиқлоли ҳар фард ва дар маҷмӯъ, аз халқ, дар муайян намудани шаъну эътибори давлати соҳибихтиёр бамаротиб афзун шудааст. Маҳз ҳамин омил дар бештари мавридҳо иллати бедавлатию фурӯпошии зиёде аз халқҳо дар масири таърих будааст.
Чаро мо ба ин масъала таваҷҷуҳ менамоем? Чунки миллати мо дар роҳи шинохти арзишҳо ва тариқи ифодаи он дар масири таърих худро ғанӣ, олиҳиммату сода муаррифӣ сохтааст. Дар баробари сифатҳои неку олӣ, созандаю хирадмандонааш, фарзандони ӯро зоҳирпарастию худнамоӣ, кибру ғурур, хоксорию бетарафӣ, содагию кӯтоҳназарӣ дар омезиш бо зиёдаравиҳо, таассуб, бегонапарастӣ (дар андеша, гуфтор, либос, эътиқод…), тақлиди бемавқеъ ва хаёлпарастӣ, муддатҳо домангир будаанд. Маҳз чунин махсусияти фарзандон дар фарози таърих ва паҳнои тамаддунҳо ин халқиятро ба мушкилию гирифториҳои мухталиф рӯ ба рӯ кардааст. Зеро таърихи халқ, ифодагари рӯзгори организми зиндаи дорои шуур, ақл ва хирад аст, ки дар ҳар омаду ноомад нақшашон ҷолиб, ҳалкунанда ва тақдирсоз аст. Яъне, дар баробари беадолатиҳои бегонагон хатоҳои ниёкони мо дар ҳаводиси нохуши таърихи миллат кам нестанд, рӯпӯш кардани онҳо ва ёдрас нашудан аз онҳо моро аз бемориҳои он эмин намедорад. Баръакс мо бояд дар бораи ин ҳақиқатҳои талх ҳарф зада, ҷиҳати ислоҳи онҳо дар рӯзгори кунунӣ кӯшиш намоем.
Дарвоқеъ, омилҳои чунин ҳодисаҳои нангин чи дар асосҳои илмӣ-назарӣ ва чи дар равобит бо масоили ҳаводиси таърихӣ дар ниҳоди ҳар халқияту миллат зиёд ва мухталиф аст. Барои мо муҳим он аст, ки аз ин камбуду норасоиҳо сабақи дуруст бардорем ва ба қадри ин истиқлолият расем. Ва ҳаргиз нагӯем, ки истиқлолият ба мо ба осонӣ ба даст омадааст, зеро то ба имрӯз расидан модари тоҷик ва фарзандони ӯ дар масири таърих хориҳои зиёд дида, халқи решабатаърихи тоҷик аз доштани давлати хеш маҳрум будааст.
БА ҚАДРИ НЕЪМАТ КАСЕ МЕРАСАД, КИ ЗАҲРИ БЕНЕЪМАТИРО ЧАШИДА БОШАД
Таърихи миллати мо ҳодисаҳои ноҳамворро зиёд дидааст. Ҳар инсони ватандӯст ва худшиносе, ки вориди саҳнаи таърихи халқи тоҷик мегардад, дар баробари дастовардҳо бо ҳодиса ва саҳнаҳои ҳузнангез аз хиёнат то хиҷолат, аз таассуб то ифрот рӯ ба рӯ шуда, мебинад, ки чӣ тавр муҳаббат дар қиболи бепарвоӣ, қаҳрамонӣ дар паҳлуи хиёнат, озодандешӣ дар муқобили таассуб ва монанди инҳо бо вазни ночизе дар таърихсозии миллати мо мавқеи худро аз даст медиҳанд. На танҳо таърихи тамаддуни исломӣ, ҳатто тоисломии ӯ низ чунин моҷароҳоро зиёд медонад.
Асное, ки рӯ ба рӯ бо ҳодисаҳои ҳузнангези таърихӣ, мисли суқути қудрати Ҳахоманишиҳою куштори Дориюш, марги Суҳробу Сиёвуш, шикасти давлати Сосониён, хиёнати рӯҳониёну нузули қудрати Сомониён, марги қаҳрамонҳое чун Шерак, Спитамен, Темурмалик, хории Рӯдакию Фирдавсию Сино, куштори Низомулмулку Ҳилолӣ ва дигар мутафаккиронро дида, сарзамини тоҷикро зери суми аспони чодарнишинону саҳрогардон ва занону духтарони халқро зӯран дар оғӯши бегонагон ва нангу номуси миллатро пахшшуда дармеёбӣ, рӯҳи худро ноором, ҳайратзада, беирода дарёфта, орзуи баромадан аз ин саҳнаҳои таърихӣ менамоӣ.
Албатта, бо ин гуфтаҳо мо ҳеҷ гоҳ саҳнаҳои фараҳангезу ибратбахши таърихи миллатро инкор карданӣ нестем. Вале чун атрофи онҳо зиёд гуфтаанду ба ҳадде боз мегӯянд. Ҳадафи мо, он сӯи зери соя мондаи ҳаводиси таърих аст, ки ҳам ҳаққи таърихии баёнро ва ҳам мисли бемории сироятӣ имкони гузаштан аз насл ба наслро дорад, ошкор кардан ва ба ҳадде аз он сабақ бардошта ва дар оянда роҳ надодан ба чунин иштибоҳ аст. Не, ин ҳаргиз наҳзании таърихи миллат набуда, ин ҷузъи ҳастии мост, ки то имрӯз азиятамон мекунад. Барои он ки ояндагон аз таърихи имрӯзи мо ошуфта нашаванд, бояд аз гузашта сабақ гирем.
Воридшавӣ ба таърихи миллат барои мо муддатҳо дарднок ва аламнок аст. Зеро дар ҳар зинаи таърихӣ, бо фитнаи ҳамдинону ғарази ҳамзабонон, ғорати бегонагону ҳиллаи чодарнишинон рӯ ба рӯ шуда, худро дар ҳолати маҳзунӣ ва рӯҳафтодагӣ мебинем. Танҳо, бале тани танҳо, вориди саҳнаҳои таърихӣ гашта, ба паҳноҳое мерасем, ки рӯ ба рӯямон фарзандони хоини миллат дарвозаи Самарқанду Бухороро ба ғосибоне чун муғулону туркони ланг боз менамоянд, бо он фитнаю ҳилаи ҳасудоне рӯ ба рӯ мешавем, ки беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро чун ҳаким Фирдавсию Умари Хайём, Абуалӣ Синою Ҳилолӣ, Ғаззолию Носири Хусрав ва дигарон бо гуноҳони бофта ба доми бало гирифтор менамоянд, садои талхи модари тоҷик, ки қарнҳо ба хотири ҷавонони паҳлавону ғӯрамаргаш, таи султаи юнонию римиҳо, арабу туркҳо ва дигарон афтидааст, рӯҳамонро ноором ва диламонро ба ларза меорад… Сабуктегину Чингизхон, Маҳмуди Ялавочу Маҳмуди Ғазнавӣ, қотили Низомулмулку Ҳасан ибни Саббоҳ яке паси дигар ба арзишҳои миллӣ, динӣ ва маънавии халқи мо хиёнат менамоянд, вале замона оромона ҳаводиси рӯзгорро ба ҳукми таърих месупорад.
Гӯё чунин буданаш қонуни зиндагист… Аммо худшинос, ватандӯст ва истиқлолиятхоҳ бо ин ҳама розӣ буда наметавонад, азият мекашад… Таърих бо хотироти номафҳумаш моро азият ва рӯҳамонро ноором менамояд… Аз чунин таърихдорӣ, таърихсозӣ ва таърихомӯзӣ хорӣ кашида, ба андешаи он ки «Таърих чиро меомӯзад? Ҳеҷ чизро!» (ибораи Гегел) хомӯшона розӣ шуда, дида ва фаҳми хотиротро ба сирояти бепарвоӣ гирифтор месозем ва ё худро ба бемории дигари муҳташамии сафаҳоти ҷудогонаи таърихӣ ором менамоем.
Мо борҳо халқамонро дар чунин кӯчаҳои сарбаста, бо чунин мусибатҳои азим дар ҳалқаи беадолатиҳои таърихӣ дидаем. Модари тоҷикро аз модари яҳуд бештар озурдаю хор ёфтаем. Агар қавми яҳудро васияти Торо: «Шуморо аз ватанатон рондам, ба оламҳо пароканда кардам, вале ҳарҷо, ки рафтед, шуморо азизу муътабар доштам», ҳифз карда бошад, ин халқияти ҷабрдидаро на васият ва на хилъати илоҳии «интихобӣ» буданаш, балки илмаш, донишаш, ҳунари воло, касбу кор, санъат, урфу одат ва забони шевояш дар ғарибиҳо гиромӣ, дар мулкҳои бегона дар мансабҳои мухталиф шинонда, забонаш шеваи дафтардории навдавлатон, шеъраш оғози адаби бефарҳангон ва таҷрибааш сабақи зиндагии чодарнишинон гаштааст. Бо вуҷуди ин ҳама, таърих ба халқи мо дар маҷмӯъ, бениҳоят сахтгир будааст.
Дар кӯчаҳо ва давраҳои ин таърих борҳо қаҳрамонони миллатро бо мушти хок дар ғарибиҳо гӯронда, дузду ғоратгару ватанфурӯшро дар пешгоҳи ғоратгарони аҷнабӣ, дар Ватан дидаем. Фарзандони содиқу донишманди ӯро дар аксари мамолики дунё то ба «шоҳи файласуфию», «баҳри маърифат», «асосгузори илми тиб», «пири ҳакимони машриқзамин» эътироф кардаанду дар Ватан ва сарзамини бобоияшон ҳукм ба куфру қатл - насибашон… Борҳо марги олимону шоирону эътиқоддорони асили меҳанпарастро бо ҷурми хоинӣ, лодинӣ дар Ватан дидаю садрнишинии мутаассибону ҷоҳилонро дар маснади ғосибони ин мулкҳо. Ин ҳамаро дар таърихи халқи азияткашидаи хеш зиёд ёфтаем. Аз ин рӯ, омӯзиши ин таърих, ва, ҳатто дарс гуфтан аз ҷанбаҳои мухталифи он, барои ҳар инсони худшинос азиятовар аст. Вале чӣ илоҷ, ки он таърихи мост, таърихи фарзандони ин миллат, яъне халқе, ки барои обурангии фарҳангӣ, устувории тамаддунҳо ва пешравиҳои инсоният хизматҳои беандоза бузург карда, вале дар зиндагии худ аз ҳикмати зиндагӣ, хони маърифати ватандорӣ хор будааст. Ин таърих бо ҳама вазнинӣ, ҳама талхӣ ва ҳама беинсофиаш ҷузъи фарҳанги миллати мо, пораи ҷудонашавандаи ҳастии аҷдодони мо ва мактаби бузург, сахтгир ва адабпарвари хотираи мафкураи мост. Онро омӯхтан, донистан, гиромӣ доштан ва бо саҳифаҳои зафарманди он ифтихор кардану аз камбуду норасоиҳояш сабақ бардоштан вазифаи муқаддаси мост.
ХОТИМА
Имрӯз мо ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик шуда истодаем. Давлатсозию давлатдорӣ кори чанд даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, он як даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании наслҳо, анъанаҳо ва арзишҳои халқиятро тақозо дорад. Шукр мекунем, ки тайи ин муддат корҳои зиёди давлатсозию давлатдориро паси сар намуда, дар шоҳроҳи таҷрибаи идоракунии пешқадами ҷаҳонӣ нухба ва бунёдгузори давлати миллии худро пайдо намудем. Истиқлолияти давлатӣ роҳи фардои давлати миллии моро таҳти сиёсати бунёдгузори давлати навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кард. Халқи Тоҷикистон ба шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ думболи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баромад. Расидан ба ин мақсадҳои олӣ вақтро тақозо менамояд, зеро ин раванд аст ва он пайваста дар идома мебошад, муҳим он аст, ки раванд оғоз шудааст. Имрӯз бо дарки масъулият дар назди таърихи талхи халқ, дар назди номи неки миллат ва дар назди ояндагон, ки онҳо низ аз мо умедҳои калон доранд, ақаллан ба хотири он ки пас аз мо нагӯянд: "Гузаштагони наздикамон ба мо чӣ мондаанд", мо - мардуми Тоҷикистон бояд дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуда, Истиқлолияти давлатиро бо фаъолияти содиқона, беғаразона ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ муаррифӣ ва ҳифз намоем.
А. ХОЛИҚЗОДА, Ш. ҲАКИМЗОДА,
Ғ. АЗИЗЗОДА, И. ҚОСИМЗОДА,
З. САФАРОВ, З. ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
М. ШОДИЁН, вакилони Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.10.2020 №: 197 Мутолиа карданд: 763