сафарҳо
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ифтитоҳи бинои 10-ошёнаи истиқоматӣ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Пешвои миллатро сокинони шарафманду меҳнатқарини шаҳр гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Нахуст, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро, ки бо тарҳи зебову муосир сохта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Бинои муҳташами истиқоматӣ, ки аз 54 ҳуҷра иборат мебошад, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов бунёд гардидааст.
Дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳу замонавӣ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, мағозаи хӯрокворӣ низ ҷойгир мебошад.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ занону духтарон ба кор ҷалб гаштаанд. Техникаю таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои кишварҳои пешрафтаи дунё буда, барои дӯхти босифати сарулибоси гуногун пешбинӣ шудаанд.
Бо бунёд гардидани сехи дӯзандагӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат зиёда аз 30 ҷои кори доимӣ таъсис ёфта, кормандон бо маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи декабри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 50 мутахассиси маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз шуда, дар муддати ду сол ба анҷом расид.
Гирду атрофи иншоот дар масоҳати 750 метри мураббаъ сафолакпӯш гашта, дар шафати бинои истиқоматӣ майдончаи бозии кӯдакона сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ташкили коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2020 №: 198 Мутолиа карданд: 3086