сиёсат
АБАРДАВЛАТ
Адиби рус Евгений Евтушенко ҳар шахсро абардавлат хонда, мегӯяд: «Ягон давлати абарқудрат манзалати инсонро надорад. Нест кардани ҷанг аз дасти давлатҳои абарқудрат не, фақат аз дасти ягона абардавлат – инсон меояд». Бо хондани ин сатрҳо симои Пешвои миллат дар оинаи назар ҷилвагар мешавад. Ҳамон абардавлате, ки ба миллат сулҳ армуғон оварданд.
Хушбахтона, насли мо ҷанги бародариро надиду танҳо аз нақли бузургон бо даҳшати он ошноем. Аз наворҳо низ кӯчаҳои пурғавғои Душанбе, навбат поидани мардум барои нон, занони ҳайрону тифлакони гирён, ашки чашми падарону бесарусомонии инсонро дидаем. Имрӯз бошад, мебинем, ки Ватани азизамон ободиҳои бесобиқа дорад. Деҳоташ дар баробари шаҳр рушд мекунаду шаҳрҳояш ҳамқадами марказҳои пешрафтаи илму маданияти ҷаҳонӣ мегарданд.
Ин на осон, балки ба гарави ҷон ба даст омад. Замоне ки касе ҷуръати ба Душанбе омадан надошту бисёриҳо аз вазифа даст кашиданд, Сарвари давлат пас аз интихоб шудан ба вазифа бо овози гиро ба халқ қавл доданд, ки «агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Дар вафои ваъда борҳо ба Афғонистон сафар карданд. Моҳи декабри соли 1996 ба деҳаи Хосдеҳи ноҳияи Фархори Афғонистон, ки дар оташи ҷанг месӯхт, барои гуфтушунид ва бозхонди ҳамватанон рафтанд. Кинадори хешро бо муҳаббат оғӯш кашидаву сари мизи музокирот нишастанд. Бо дидани ин саҳна муборизи сулҳи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд:
«Ман имрӯз Сарвари шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ биорад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем».
Ин суханҳо иқрори як фарди одӣ не, балки онест, ки қадри сулҳ ва сулҳовариро медонад. Чашми чори модарону дидаи пазмони фарзандонро дар фироқи писару падари қурбоншуда мебинаду илоҷе намеёбад. Медонад, ки барои поён бахшидани ин ҳама нобасомонӣ ҷон ба гарав гузоштан чисту аз байни обу оташ гузаштан чӣ ҷасорате мехоҳад. Иқрор мешавад, ки саодати бар сари халқ омадани чунин нафарон насиби на ҳар миллат мегардад. Аз ин рӯ, зарурати гирд омаданро дар атрофи чунин шахсият дӯстона тавсия медиҳад.
Воқеан, Сарвари давлат баҳри наҷоти миллат аз ҳеҷ роҳе нагаштанд, гарчи ба таъбири устод Муҳаммад Ғоиб «ин роҳ дар ҳар қадам як чоҳи сарпӯш дошт». Дар шароитҳои ногувор ба дидори ҳамватан баромадаву бо азми қавӣ ба манзили мақсуд расиданд. Тоҷикистони қисматшуда ба ҳам пайвасту ин иттиҳод меҳри Сарвари маҳбубро дар қалби на танҳо ҳамватанон, балки ҳамсоягон барои ҳамеша ҷойгузин кард.
Имрӯз мардуми афғон дар симои Президенти мо пуштибони воқеии худро меҷӯянду як лаҳзаи дидорро, аз он тарафи дарё бошад ҳам, ғанимат мешуморанд. Мулоқоти ахири сарироҳиашон бо сокинони Афғонистон дар соҳили дарёи Панҷ далели ин гуфтаҳост. Муроҷиати онҳо дар мавриди набудани обу барқу роҳ на танҳо гуфтани мушкилии хеш, балки эътимод ба Пешвои миллат буд. Зеро худ шоҳиданд, ки Тоҷикистон аз чи рӯз ба чи рӯзе расид. Аз дуди оташи ҷанг димоғсӯхтаанд ва ба ин ҳама пешравиҳо бо дидаи орзу менигаранду ба қадри фазои босубот бештар мерасанд. Медонанд, ки дар ҳалқаи пайвандон осуда нишастану бо дили пур зистан чӣ лаззате дорад. Медонанд, ки ин сӯи дарё марди дарёдиле дар фикри беҳбуди рӯзгори мардум аст: роҳ месозаду нақб меканад, об меораду ободӣ мекунад. Аз ин рӯ, гиромиаш медоранд.
Сардори давлат низ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан дар баробари Тоҷикистон аҳамияти масъалаи барқарор кардани сулҳ дар Афғонистонро аз минбарҳои баланд таъкид менамуданд. Ахиран, 23 сентябри соли ҷорӣ дар иҷлосияи 75 – уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо нигаристан ба авзои байналмилалӣ бори дигар гӯшрас карданд: «Тавре мо борҳо таъкид намудаем, қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва Тоҷикистон аз равандҳои музокироти сулҳофарӣ ва ҳар иқдоме, ки ба ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон нигаронда шудааст, комилан ҷонибдорӣ менамояд». Ин таъкид даъвати онҳо ба оини мадорову таҳаммулгароист, ки тӯли асрҳо талқинамон мешаванд. Ҳушдор ба он аст, ки танҳо худи афғонҳо метавонанд вазъи кишварашонро ба эътидол оранд. Чуноне ба мардуми шарифи кишвар доим иброз медоранд, ки ҳеҷ каси бегона дар ғами мо несту Ватанамонро бояд танҳо бо дастони худамон созем.
Ин суханҳо ҳикмати таърихианд. Чун тӯли таърихи ҳазорсола бегонагон омаданду тороҷ карданду рафтанд. Ёдгорашон танҳо гӯшаҳои вайрону валангор монд. Агар ба қавли Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳбари ғамхору ҷоннисоре дар шахси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари халқ намеомаданд, кӣ медонад боз чӣ рӯзгоре пурдаҳшаттаре моро интизор буд. Магар гӯши онҳое, ки ин бадбахтиро ба сари мардум оварданд, оҳу афғони модарону тифлаконро мешунид? Ҷон дар хатар ба дидори ҳамватане, ки рӯ ба фирор оварда буд, мерафтанд? Ҷамъи парешоншударо ба ҳам меоварданд?
Пас, месазад дар атрофи қаҳрамони аслии миллат ба ҳам оему Ватанеро, ки бо хишти ҷон бунёд кардаанд, ҳифз намоем.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.10.2020 №: 199 - 200 Мутолиа карданд: 610