фарҳанг
ДУШАНБЕ - ХОНАИ УМЕДИ ТОҶИКОНИ ДУНЁ
Имрӯз дар замоне умр ба сар мебарем, ки ҷаҳонро таҳдидҳои зиёд, аз ҷумла терроризму экстремизм, офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, инчунин, хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва дигар мушкилот фаро гирифтаанд. Дар ин миён хатарҳои вобаста ба ҳуҷуми киберӣ ва биологӣ низ аҳли башарро ба ташвиш овардаанд.
Ҳамагон шоҳидем, ки охири соли гузашта ва оғози соли равон ба инсоният хатари нав, яъне бемории сироятии COVID – 19 таҳдид намуд. Ин бемории хатарнок ба тезӣ саросари оламро фаро гирифт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андешидани чораҳои фаврӣ тавонист шиддати бемориро дар мамлакат коҳиш диҳад. Пешгӯиҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дастовардҳои табибони кишвар дар ин самт умедбахшанд.
Шукргузорӣ аз оромии даврони истиқлолият, амният ва субот дар кишвар ҳар як сокини пойтахтро водор месозад, ки ба қадри ин созандагию ободкорӣ расад. Зеро тамоми зебоию нафосат аз хуршед, тамоми накукориҳо аз инсон аст. Маҳз эҳсоси зебопарастӣ ва талошҳои шаҳриёр – сиёсатмадори ояндасоз, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри биҳиштосои Душанберо батадриҷ бо нақшу нигори назаррабою дилкаш ба хонаи умеди тоҷикони дунё табдил додааст.
Бунёд ва таҷдиди садҳо муассисаҳои таълимию тиббӣ, майдончаҳои варзиш, роҳҳои азими дуқабатаву сеқабата ва банақшагирии метрои рӯизаминӣ, ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ, биноҳои осмонбӯс бо тарҳи замонавӣ, сарсабзу гулафшон ва шукуфонии гулгашту хиёбонҳо – ин ҳама дастовардҳо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ ба даст омадаанд.
Интихоби ҷавонмарди ватандӯсту умедбахш Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардум бо хушнудӣ пазируфта шуд. Раиси шаҳри Душанбе дар татбиқи сиёсати инсонпарваронаву хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузошта истодааст. Сарфи назар аз ҷавонӣ, мавсуф чун сиёсатмадори шинохта ва пайрави сазовору арзандаи Пешвои муаззами миллат эътироф шудааст. Панди созандаву оқилонаи падари хирадмандашро шиори хеш қарор дода, дар бунёдкориву ободонии шаҳри Душанбе нақши муҳим мебозад.
Дар аксари шаҳрҳои бузурги дунё барои қоил кардани сайёҳон ба азамат ва зебоии онҳо манораҳои осмонбӯс месозанд, то ки онҳо аз баландии парвози паранда тавонанд ин аҷобатро дида, ҳаловат баранд. Барои ба ин ҳадаф расидан дар шаҳри дилорои Душанбе низ иншооти зебову мунаққаш, боғҳои истироҳатии дилфиреб эъмор ёфтаанд. Кофист, ки аз як сӯи он ба қисмати муқобил назар афканӣ. Рӯди Душанбе шаҳрро бо як ҷаззобият ба ду тақсим намудааст, ки тасвири равшану возеҳи онро бо ҳама зебоиҳояш бубинию ҳаловат барӣ.
Ин аст ҳақиқат, ҳақиқате, ки зебоии шаҳри Душанберо чун дар кафи даст тасвир менамоед. Аз ҳашамати манзараи "Шаршараи Душанбе" ҳаловат бурда, аз фарози он тамоми гӯшаҳои шаҳрро бе ягон дурбин хоҳӣ дид. Ҳамзамон, аз соҳили рӯди Душанбе сабк ва услуби санъати меъморӣ, инчунин, суръати бунёди иморатҳои боҳашамату осмонбӯсро наззора намудан чи кайфияте дорад.
Пас, сокинони шаҳри Душанберо мебояд ба қадри ин ҳама зебоии пойтахти Ватани азизи худ бирасанд. Бо дарки баланди зебопарастӣ чун кафи дастон шаҳри азизамонро тозаю озода бидорем. Шаҳри худро сидқан дӯст дорем. Иқдомҳои созандаи шаҳриёрро ҷонибдор бошем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, то сарҷамъона дар ободӣ ва рушду равнақи пойтахти давлати соҳибистиқлоли худ – шаҳри дилорои Душанбе саҳм бигирем. Дар он сурат дилхоҳ сайёҳи ба Тоҷикистон омада мафтуну шайдои пойтахти давлат - шаҳри Душанбе мегардад.
Рустам ТУРСУНОВ,
номзади илмҳои тиб, муовини декани факултети тиббӣ
оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2020 №: 201 - 202 Мутолиа карданд: 652