logo

фарҳанг

ФАРХОР. ЗОЛИ ЗАР БА ТАҲҚИҚ НИЁЗ ДОРАД

Ёдгории таърихии Золи Зар дар  даромадгоҳи ноҳияи Фархор воқеъ аст. Ин ёдгориро коршиносон мутааллиқ ба  асри  Vll – V пеш аз мелод медонанд. Он, ҳарчанд дар рӯйхати ёдгориҳои таърихии ноҳия дар ҷои аввал меистад, то ҳол аз ҷониби бостоншиносони кишвар ба таври зарурӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифтаву таҳқиқ нашудааст.
Бале, чанд сол қабл академик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ дар ин мавзеъ баъзе ковишҳои археологӣ анҷом дода буд, аммо ин ковишҳо ҳамагӣ чанд муддат идома ёфту халос.
- Натиҷаи ковишҳои археологӣ маълум намуд, ки ёдгории Золи Зари ноҳияи Фархор маркази Хатлони пешазисломӣ, қасри шоҳони Хатлон ба шумор рафта, аз ҷониби арабҳо хароб гардидааст. Ҳини ковишҳо аз ин макон хумҳои калоне, ки барои нигоҳдории орду гандум истифода мешаванд, инчунин, сикаҳои нуқрагини  замони Сосониён ва Шопур дарёфт гардиданд. Аммо чун маблағи ҷудогардида барои корҳои ҳафриётӣ пешбинишуда ба охир расид, корҳо низ то ба охир анҷом наёфтанд, - мегӯяд Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ.
Ин аст номгӯи корҳое, ки аз замони заволи қалъа то имрӯз дар он анҷом дода шудаанд. Ҳоло дар бораи ин макони таърихӣ наметавон аз ҷое маълумот пайдо кард. Ҳатто бостоншиносон низ дар бораи он маълумоти кофӣ надоранд. Дигаргуниҳои муҳими таърихию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии дар ин макон баамаломада ҳанӯз ҳам норавшан асту садҳо савол бе ҷавоб.
Мардуми куҳансоли маҳаллӣ аз забони бобову бобокалонашон нақл мекунанд, ки деворҳои қалъа баланд ва чунон паҳн будаанд, ки болои он ҳатто асп бо  ароба метавонистааст озодона гаштугузор намояд. Аз ин суханони мардум маълум мешавад, ки дар гузаштаи начандон дур девору дарвозаи қалъа то андозае пойбарҷо будаанд. Ҳоло низ бинанда бо як дидан шакли деворҳои 5 – 7 метр паҳно дошта ва дарвозаи ёдгориро зуд метавонад пайхас намояд. Аммо чун солҳои қаблӣ ба он таваҷҷуҳи кофӣ накардаанд, ёдгорӣ оҳиста - оҳиста  зери хок монда, нопадид шудааст.
Дуруст аст, ки дар замони шӯравӣ ба чунин масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода намешуду шояд бо ҳамин сабаб қалъа фаромӯш шуда бошад.
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки осори ниёгон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихии хешро аз нав эҳё намоему онро ҳар чи бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ созем. Аммо дар робита ба масъалаи омӯзиши ёдгории Золи Зар то кунун кори назаррасе анҷом напазируфта. Ин дар ҳолест, ки ёдгории мазкур дар шафати роҳи калони мошингард воқеъ аст ва метавонад макони хубе барои саёҳати  дохилӣ ва ҳам хориҷӣ бошад. Аммо таассуфовар аст, ки ҳоло як қисми ин мавзеи таърихӣ ба гӯристон табдил ёфтаасту, қисми дигар ба чарогоҳ.
Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки  ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ба таъкиди Пешвои миллат ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. Агар чунин аст, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо бостоншиносони кишвар бояд, ки ҳар чи зудтар пайи омӯзиши ин ёдгории ҳанӯз ҳам нуҳуфта шаванду қарзи худро дар назди таърих ва наслҳои имрӯзу оянда адо намоянд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 865
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед