фарҳанг
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Воқиф аз маънии ҳастӣ, як дилогоҳ аст ӯ,
Як умеди ҳастии ҳар зиндагихоҳ аст ӯ.
Халқ ҳарфи роҳ агар бошад, хати роҳ аст ӯ,
Аз қадамҳои ҳама неку бад огоҳ аст ӯ.
Рағми худхоҳони давр ӯро Худо овардааст,
Парчамаш барҳамзани бозии пушти парда аст.
Обу хоку офтобе баҳри ҳар парварда аст,
Бозпайдогашта баҳри хештангумкарда аст.
Чун фидоӣ аз азал мекард бар аҳдаш ҷадал,
Дур меафканд аз роҳи ҳама санги халал.
Буд бар гӯянда ҳарфи гуфта он рӯзе аҷал,
Ӯ сухан мегуфт нотарсона аз боби амал.
Дида бераҳмии ҳастиро табашро тоб кард,
Баҳри бедории миллат худ рақиби хоб кард.
Барқро аз об не, аз барқ ҳосил об кард,
Реги дарёи ватанро гавҳари ноёб кард.
Ин шуҷоатпеша, ин дардошнои беназир,
Рафт бар пеши гаравгирон, ба сӯи тӯпу тир.
Шуд бадастафтодагони нотавонро дастгир,
Кард озод ӯ зи чанги қотилон садҳо асир.
Қудрати ин некҷӯ бадхоҳро дар ҷо шинонд,
Мулки худ аз вартаи нобуд гардидан раҳонд.
Зиндагиро дар диёри ғайр сахт аз марг хонд,
Кард халқаш ҷамъ, осори парешонӣ намонд.
Талх то ширин шавад, ӯ нешҳоро нӯш кард,
Бори вазнини замони нангро бар дӯш кард.
Бо муҳаббат кинадори хешро оғӯш кард,
Оташи ҷанги ватансӯзандаро хомӯш кард.
Субҳро аз шом ҷусту ҷуст аз заҳраш шакар,
Кард ҷонаш бар дами шамшери бадхоҳон сипар.
Сайди бахташро раҳонд аз чанги сайёди хатар,
Рӯйсурхияш асарҳо дорад аз хуни ҷигар.
Меҳрпарвар дорад аз шодӣ ба дил ғамҳои беш,
Ошно ӯ бо ҳама, бегона ҳаст аз баҳри хеш.
Пеш гирад роҳи фардоро ба ёди даври пеш,
То набинад бори дигар халқи худро синареш.
Дар сари мӯ бозии ҷон дид дар роҳи мурод,
Дар китоби давр монд аз хеш номи умрбод.
Бар сараш гарди сафед аз он сияҳрӯзон фитод,
Он ҳама дар хобу дар бедории ӯ ояд ба ёд.
Меҳри оламгир дорад, нисфи олам дидааст,
Бехи девори ҳама қасри ҷаҳон нам дидааст.
Ганҷи роҳатовари беранҷро кам дидааст,
Бар дигарҳо хӯрдагириҳои одам дидааст.
Чоҳ не, ӯ ағбаро бо мақсади раҳ кандааст,
Тирагӣ не, ӯ ба мардум равшанибахшанда аст,
Дидани дидори некаш давлати бинанда аст,
Заҳматаш бинад Худо, гар нотавонбин банда аст.
Аҳди Сомон рафт, Сомонии даври сонӣ аст,
Беҳтарин устоди илми мактаби султонӣ аст.
Ҳам бадахшонию ҳам суғдию ҳам хатлонӣ аст,
Бо ҳама якранг будан рутбаи инсонӣ аст.
Орзуяш некбахтӣ, мақсадаш осудагист,
Раҳнамои роҳи фардои худофармудагист,
Посбони покию барҳамзани олудагист,
Рангбахши тоза бар бому дари фарсудагист.
Ӯ худодод аст, соҳибҷашн баъди рӯза аст:
Ҷои хун пур аз гулоби сурх ӯро кӯза аст.
Гарчи мегуфтанд: «Умри давлаташ дурӯза аст»,
Халқи олам донад акнун тахти ӯ фирӯза аст…
Бар ҳама ғамхор ҳасту бар ҳама имдодгар,
Халқи худ аз маҳбаси дилмондагӣ озодгар.
Ҷои ноободи мулки хешро ободгар,
Ҳаст дар бахшу тариқаш беҳтарин иршодгар.
Олами раҳму ҷаҳони меҳри беандозааш
Кард дар дунё чу ғамхори башар овозааш.
Хезад оҳанги мурувват аз дару дарвозааш,
«Оби тоза» як нишон аст аз нигоҳи тозааш.
Дар дилаш ғам, дар сараш ҷо карда сад андешаро,
Мекунад гулшан биёбонрову боғе бешаро.
Мебарад бар нарм кардан аз буридан тешаро,
Пай барад дарранда ҳам майли адолатпешаро.
Пос дорад рафтарову мондаро бахшад давом,
Номро аз нанг ҷӯяд, нангро ҷӯяд зи ном.
Бозгӯи фитраташ бошад баҳои хосу ом,
Эҳтиром аз эътироф аст, эътироф аз эҳтиром.
Чун табиби дарди миллат оламаш бишнохта,
Бо давову бо даводав давлати худ сохта.
Нест осон пуркунӣ бо бурд ҷои бохта,
Аз зафар созад ҳикоят парчами афрохта.
Ҳамчу як пайвандхоҳи ҳалқаҳо, як дурбин,
Бар ҷаҳон пайванд мулкаш кард ин марди матин,
Тоҷикистонро шиносад Амрикову Ҳинду Чин,
Ин ба гуфтан ҳаст осон, бахти андак нест ин.
Матлабаш ҳастии миллат буд, дид ӯ матлабаш,
Шуд ба ҷои гиряҳо пайдо табассум дар лабаш.
Худ фақат донад, чи ранге рӯз шуд ғамгиншабаш,
Ҷои сад дорулфунунро гирад акнун мактабаш.
Тахти иқболи баланд аз дурбинӣ ёфтаст.
Муҳри бурди азми худро аз матинӣ ёфтаст,
Ҷавҳари андешаро аз ҳамнишинӣ ёфтаст,
Шуҳрати афлокӣ аз хулқи заминӣ ёфтаст.
Ҷамъи ибратҳову маҷмӯи ҳама маҳбубӣ аст,
Аз ҳама болонишин дар базмгоҳи хубӣ аст.
Бурди ӯ аз дӯстҷӯӣ, не зи душманкӯбӣ аст,
Ҳар нигоҳаш гӯяд:-Аз дунёи беошӯбӣ аст...
Дидагони мулку чашми эътибори миллат аст,
Сабзтар аз файзу эҳсонаш баҳори миллат аст.
Банди фикри ҳифзи боғи мевадори миллат аст,
Он, ки мефахрад ба миллат, ифтихори миллат аст.
Нест мислаш дар ҷаҳон ғамхори дур аз беғамон,
Дод бар рангинкамон ҷои ҳама тиру камон.
Дар забони носипосон аст як фарди замон,
Дар забони посдорон аст номаш Қаҳрамон…
Ӯст Эмоми ҳама, дар мазҳаби хушҳолӣ аст,
Ҳомии сулҳу адолат, пайки некиқболӣ аст.
Баҳри ӯ дар кишвари дилҳо макони холӣ аст,
Сарвари арзанда бо ному мақоми Олӣ аст…
Муҳаммад ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2020 №: 203 Мутолиа карданд: 598