сиёсат
СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Муҳтарам Александр Лукашенко Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба Пешвои миллат таманниёти неки худро ҷиҳати сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти минбаъдаи сермасъули давлатиашон, ба мардуми Тоҷикистон некуаҳволӣ ва пешрафти босубот орзу намуданд.
Зимни суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризояти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.
Сарони давлатҳо дар фазои дӯстона атрофи вазъи кунуниву ояндаи робитаҳои ду кишвар мубодилаи афкор намуда, роҳҳои густариши минбаъдаи онҳоро бар нафъи мардумони бо ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.
12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ӯзбекистони дӯст Пешвои миллатро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю бародарона табрик гуфта, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуданд.
Зимнан, муҳтарам Шавкат Мирзиёев хизматҳои шоистаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди мардуми сарбаланди Тоҷикистон таъкид карданд.
Ҳангоми суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти равобити дустӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд, ба таври хосса таъкид сохтанд.
Дар рафти суҳбат президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
12 октябр миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат сарвари Қазоқистони бо мо дӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб шуданашон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба Пешвои миллат беҳтарин таманниёти худро баён намуданд.
Муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев саҳми бузурги Пешвои миллатро дар таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ба таври хосса таъкид карданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табрикоти самимӣ ба Президенти Қазоқистон миннатдории худро изҳор доштанд.
Ба аҳамияти иқдомҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳким ва таъмиқи муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду давлат ишора шуд.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо камоли хоҳиш аз Пешвои миллат даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳанд. Замони сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа мешавад.
12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи наздик муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо камоли самимият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Пешвои миллат таманниёти неки худро ҷиҳати сиҳатмандии комил ва музаффариятҳои беш аз пеш дар фаъолияти давлатиашон иброз доштанд. Дар зимн, Сарвари давлати Афғонистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии бардавом орзу намуданд.
Муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо таъкиди нақши хосаи Пешвои миллат дар рушди таҳкими муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар даврони муосир, ҳамчунин, изҳори итминон карданд, ки робитаҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Афғонистон дар оянда низ тавсеа ёфта, дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷанбаҳои навро фаро хоҳанд гирифт.
Ба ин манзур, дар рафти суҳбати телефонӣ, сарварони ду давлат масоили мухталифи марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи баъзе масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2020 №: 203 Мутолиа карданд: 714