logo

фарҳанг

МАҶАЛЛАИ «КИНО». НАСИМИ ТОЗА ДАР ФАЗОИ ҲУНАРИИ КИШВАР

Кормандони соҳаи кинои тоҷик ва ҳаводорони он дар арафаи иди касбиашон- Рӯзи кинои тоҷик соҳиби туҳфаи нав шуданд. Чанде пеш нашрияи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо номи «Кино» дастраси мутахассисон ва мухлисони соҳа гардид. Шумораи нахустини маҷалла ба 90 – солагии «Тоҷикфилм» ва 80 – солагии ҳунарпешаи шаҳири тоҷик Ато Муҳаммадҷонов бахшида шудааст.
Шумора бо маводи директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён «Аз лабораторияи кӯчак то муассисаи тавонои давлатӣ» оғоз меёбад. Дар он аз таърихи таъсиси нахустин «муассисаи киноистеҳсолкунии тоҷик» ва рушди минбаъдаи соҳаи кино дар кишвар сухан меравад.  Аз ҷумла, муаллиф бо истинод ба хабари 19 майи соли 1930 дарҷнамудаи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») иттилоъ медиҳад, ки қарори таъсис додани «Тоҷиккино» 18 майи ҳамон сол дар маҷлиси умумии кормандони соҳаҳои маориф ва кино, ки дар собиқ Хонаи деҳқони шаҳри Душанбе (бинои пешинаи Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский) қабул гардида, Николай Гузелин аввалин директори он таъйин мешавад. Муассиса тӯли солҳои фаъолияти хеш чандин маротиба табдили ном намуда бошад ҳам, мақсаду маромаш як монд. Филмҳои эҷоднамудаи кормандони Киностудияи «Тоҷикфилм» шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуда, дар тарғиби дастовардҳои давлати шӯроии тоҷикон саҳми муносиб гузоштанд.
Дар давраи аввали Истиқлолияти давлатӣ киностудия марҳилаи душвори фаъолияти худро аз сар гузаронда бошад ҳам, батадриҷ ва бо дастгирии Сарвари давлату Ҳукумати кишвар пеш рафта истодааст. «Бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Киностудияи «Тоҷикфилм» ва КВД кино ва видеои «Тоҷиккино» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ташкил шуд.  «Тоҷикфилм» имконият пайдо кард, ки шуъбаву раёсатҳояшро дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои водии Рашт таъсис диҳад», - баён медорад М. Шоҳиён.
Қисмати зиёди матолиби нашрияро ёдномаи поягузорону ситораҳои тобноки кинои тоҷик ташкил медиҳад. Бахусус, нигоштаи киношиноси фарҳехтаи тоҷик Ато Аҳроров «Аввалин филмбардори синамои тоҷик», ки ба рӯзгору осори наворбардор Василий Кузин бахшида шудааст, хеле ҷолиб баромадааст. Матолиби таҳти унвони «Атои бебаҳои тоҷик» офаридаи публитсист ва мунаққиди кино Тиллои Фаррухпай доир ба фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов дар кино низ хонданӣ баромадаанд. Матолиби дигари ин силсиларо «Ӯ наворбардори навҷӯй ва устоди касбӣ буд» (доир ба фаъолияти эҷодии наворбардор Анвар Мансуров) – и Т. Некқадам, «Лариса Белогурова» - и киношинос Шарофат Арабова ташкил додаанд.
Матлаби асосии нашри аввали маҷалларо мақолаи бунёдии киношиноси шинохтаи кишвар, доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Раҳимов ташкил додааст. Маводи «Таърихи кинои тоҷик дар сӣ соли аввали истиқлолият» аз дастовард ва мушкилоти соҳа ҳикоят намуда, ба  таҳлили ҷолиби асарҳои алоҳида ва ҷараёнҳои асосии ҳунарии даврони мавриди таҳқиқ қароргирифта ихтисос ёфтааст.
Маҷалла жанри маъмулии ҳунаршиносӣ– тақризро низ сарфи назар накардааст. Тақризҳои номзади илмҳои таърих, киношинос Шарофат Арабова «Сайри гули лола», коргардони синамо Абдулҳай Зокиров «Автобус» минбаъд дар чодари кино ҳаракат мекунад», корманди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардамеҳр Ашӯрзода «Хиёнат» ва матлаби идоравии «Филми тасвирии «Алифбо» намунаи беҳтарини жанри мазкур мебошанд.
Маҷалла, ҳамчунин, матолиби зиёди хонданиву иттилоотиро роҷеъ ба ҳаёти фарҳангии кишвар дар бар гирифтааст. Ба сифати замима ба хонандагони ҷарида диски филми бадеии «Духтари сеюм» замима гардидааст, ки дар тарғиби синамои миллӣ саҳми муносибе дошта метавонад.
Хуб мебуд, ҳайати эҷодӣ ва таҳририяи маҷалла матолиби онро минбаъд таҳти рубрика ва бахшҳои алоҳида пешкаши ҳаводорон намоянд.

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2020    №: 203    Мутолиа карданд: 683
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед