logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ РОҒУН

14 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд.

Бунёдгузори иншооти азими аср Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Нахуст Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар сарбанди неругоҳ, ки яке аз иншооти муҳим ва асосии сохтмон ба ҳисоб меравад, шинос шуданд. Бо азми қавӣ ва иродаи устувор имрӯз бунёдгарон хобондану шибба кардани омехтаи сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳиро дар танаи сарбанд идома дода, обанборро то ба сатҳи 1080 метр аз сатҳи баҳр расондаанд. Маводи хобондашуда дар сарбанд 11,8 миллион метри мукааб, аз ҷумла дар қисми болоии он 8,3 миллион метри мукааб ва дар қисми поёнӣ 3, 5 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии корҳои иҷрошаванда дар доираи лоиҳа дар сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” 79,4 миллион метри мукааб мебошад. Имрӯз сатҳи обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки барои кашондан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд беш аз 100 адад техника, аз қабили мошинҳои гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ сафарбар карда шудааст. Кор дар сарбанд дар ду баст ба роҳ монда шуда, то 35 ҳазор метри мукааб мавод хобонда мешавад. Ҳаракати бетаваққуфи мошину механизмҳои гуногунтамға дар ин корзори нангу номус дарки масъулияти ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии ҳар як сохтмончиро бозгӯ мекунад.
Дар заминаи дастгирии ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгарони кохи нур талош бар он доранд, ки бо иҷрои саривақтӣ ва таъмини сифатноки корҳо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузоранд. Баробари иҷрои корҳои заминӣ сохтмончиён дар ин қитъаи сохтмон васлу насби асбобҳои санҷишӣ - ченкуниро низ идома дода истодаанд.
Сифати корҳо дар сарбанди неругоҳ пурра таҳти назорати ҷиддии мутахассисон қарор дорад. Баъди хобондани ҳар қабат коргарони озмоишгоҳ намуна гирифта, таркиби донабандии сарбандро аз ташхис мегузаронанд ва дар сурати ба даст омадани натиҷаи мусбат ба хобондани қабати навбатӣ иҷозат медиҳанд. 
Дар қисми пеши сарбанд ба хотири нагузаштани об то сатҳи 1080 метр зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ маводи зиддиполоишии геомембрана, ки асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол мегардад, насб шудааст. Тибқи маълумот, чунин мавод дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар ягон кишвар истифода нагардидааст.
Дар дигар мавзеъҳои сарбанд, яъне дар ду тарафи соҳил, ҳамворкунӣ, бетонпошӣ, анкерхобонӣ ва дигар корҳои зарурӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.
Тавре аён гардид, кор дар мавзеъҳо бо истифода аз техникаву механизми пуриқтидор аз ҷониби мутахассисони баландихтисоси соҳа иҷро мешавад. Корҳои сохтмониро дар сарбанди неругоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби мутахассисони баландихтисос ва дорои таҷрибаи ғанӣ иҷро менамоянд.
Зимни шиносоӣ бо корҳо дар сарбанди неругоҳ Сарвари давлат ба роҳбарияти ширкати “Вибилд” дастур доданд, ки бунёди сарбанд дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ ба анҷом расонда шавад.
Дар баробари мутахассисони дорои таҷрибаи зиёди корӣ имрӯз дар корзори “Роғун” ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст низ бо дасту дили гарм ва умед ба ояндаи боз ҳам шукуфони Ватан баҳри иҷрои корҳои сохтмонӣ камар бастаанд.
Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иродаи устувор ва неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аҳсант хонданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 771
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед