logo

қарорҳои ҳукумат

Қ А Р О Р И КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020

Мувофиқи моддаҳои 12 ва 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
1. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 бо иштироки 4 миллиону 238 ҳазору 839 интихобкунанда, ки 85,44 %-и шумораи умумии интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилкардашударо ташкил медиҳад, баргузоршуда дониста шавад.
2. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи овозҳои ба “тарафдорӣ” ва шумораи овозҳои “зидди” ҳар як номзад додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи ниҳоии онро бо чунин нишондиҳандаҳо тасдиқ менамояд:
Абдуллоев Мироҷ Санонович –“тарафдор” 49 535 нафар (1,17 %);
Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ –“тарафдор” 63 082 нафар (1,49 %);
Латифзода Рустам Барот – “тарафдор” 128 182 нафар (3,02 %);
Раҳматзода Рустам – “тарафдор” 90 918 нафар (2,14 %);
Эмомалӣ Раҳмон – “тарафдор” 3 миллиону 853 ҳазору 987 нафар (90,92 %).
3. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаи ниҳоии интихобот бо гирифтани 3 миллиону 853 ҳазору 987  овози интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда, ки 90,92%-ро ташкил медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида шавад.
4. Ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад.

Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Б. ХУДОЁРЗОДА
   
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Н. САМАДЗОДА

ш. Душанбе, 14 октябри соли 2020, № 152


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 3896
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед