фарҳанг
«БАЧАИ ОБӢ» РӮИ ЭКРАН МЕБАРОЯД
16 октябри соли ҷорӣ дар Кохи Наврӯз нахустнамоиши «Бачаи обӣ»-и «Тоҷикфилм» баргузор мегардад. Ин аввалин филм аст, ки дар он санъаткорони тоҷику ӯзбек якҷоя нақш офаридаанд. Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Убайдулло Амонов, ки аз ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷикаш изҳори қаноатмандӣ менамояд, дар филм яке аз нақшҳои асосиро бозидааст.
Коргардони филм Файзуллоҳи Файз изҳор доштааст, ки: «Дар ин намоиш масъалаи хушкшавии об, муносибати инсону табиат ва дигар масоили муҳим баррасӣ мешаванд. Он дар ҳудуди «Баҳри тоҷик» (Қайроққум) ба навор гирифта шуд».
Тазаккур медиҳем, ки дар филми мазкур нақшҳои асосиро Убайдулло Амонов, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир офаридаанд.
ЗОКИР СОБИРОВ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ҚАДР ШУД
Яке аз асарҳои дар жанри танворизм офаридаи рассоми тоҷик Зокир Собиров дар Озмуни байналмилалии «Мавҷи нави санъати муосир» бо медали тилло қадр гардид. Дар ин бора номаи шодбошии «New York Fine Art» ба муаллиф расид.
Ҷамъбасти ин озмуни бошукӯҳ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА гузашт. Асари пирӯзшудаи Зокир Собиров «Нидои солҳои навад» ном дорад. Дар ҷаҳон танворизм аз жанрҳои нави санъати тасвирӣ ба шумор рафта, дар он тасвирҳо бо хатҳо ва рангҳои шикаста инъикос мешаванд.
БОЗЁФТИ 5000-СОЛА
Чанде пеш бостоншиносон Т. Филимонова ва А. Раззоқов аз шаҳри Кӯлоб ёдгориҳое ёфтанд, ки аз таърихи 5000-солаи ин шаҳри куҳанбунёд дарак медиҳанд. Нигораҳои нодир пас аз пажӯҳишу таҳқиқ дар осорхонаи таъриху кишваршиносии «2700-солагии Кӯлоб» ба намоиш гузошта мешаванд.
МАРКАЗИ ТОҶИКОНИ ФАРҒОНА ФАЪОЛ ГАРДИД
Чанде пеш анҷумани муассисони Маркази миллии тоҷикони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар баробари ҳаллу фасли чандин масъалаи муҳим, ҳамзамон, баъди қариб як сол раиси нави он шоир ва рӯзноманигор Масъуди Мирзо баргузида шуд.
Мирасрори Фарғонӣ, мухбири рӯзномаи «Овози тоҷик» хабар дод, ки дар анҷуман тоҷикони муқими шаҳрҳои Фарғона, Қувасой, ноҳияҳои Сӯх, Риштон, Ёзёвон ва Кува ширкат варзиданд. Фаъ-олияти густардаи чунин ниҳод барои тақвияти дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, бавижа иттиҳоди тоҷикони ду кишвар бисёр муҳим арзёбӣ гардид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.10.2020 №: 204 Мутолиа карданд: 555