logo

сиёсат

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НБО “РОҒУН”

14 октябр дар доираи сафари корӣ ба мавзеи бунёди НБО “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гардидаанд ва дарозии иншооти мазкур 1750 метр, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад. Қобилияти обгузаронии нақб дар як сония 3500 метри мукаабро дар бар мегирад.
То имрӯз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ 342,3 ҳазор метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 92,2 ҳазор метри мукааб ва гузоштани анкерҳои ПНА 21 ҳазор метр иҷро гардидаанд.
Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум корҳои нақбканӣ 73,3 ҳазор метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 3,3 ҳазор метри мукааб ва корҳои васлу насби оҳанфилизот дар ҳаҷми 181 тонна ба иҷро расидаанд.
Корҳои лоиҳакашии иншоотро ширкати “Гидропроект” - и Москва, “Афри”-и Швейтсария, ҶСП “Тоҷик Кон” ва лоиҳакашии корҳои васлу насби оҳану филизотро ҶСК “Тоҷикгидромонтаж”, сохтмону васлгариро ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” анҷом медиҳанд.
Коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ бо истифода аз муосиртарин нақлиёту механизми соҳавӣ корро дар нақби сохтмонии қабати чорум ба таври шабонарӯзӣ  идома дода истодаанд. Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, масолеҳи сохтмонӣ қабл аз истифода санҷида мешавад.
Муҳайё будани шароити мукаммали корӣ барои корбарону кормандони муҳандисиву техникии ин иншооти азим омили асосии марҳила ба марҳила дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расондани корҳо гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти дастаҷамъона ва дарки баланди масъулиятшиносии кормандон имкон фароҳам овард, ки то имрӯз ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда шавад ва агрегатҳои дигари иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат низ мувофиқи нақша дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Аснои шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст ва бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” низ аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат дар самти расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мебошад. Сохтмон ва ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки иншооти  стратегӣ ба ҳисоб меравад, дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ расонда, пешрафти иқтисоди миллиро дар мамлакат пурра таъмин сохта, барои ҳар шаҳрванд зиндагии шоистаро фароҳам меорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар  иншооти обқабулкунаки доимӣ  аз  ҷониби  коргарону мутахассисони  Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ориёно” босуръат идома доранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз фаъолияти коргарону мутахассисон ва суҳбати озоду самимӣ ба онҳо дастуру ҳидоят доданд, ки  қабл аз  ҳама ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати зарурӣ диҳанд.
Дар обқабулкунакҳои асосӣ бо назардошти роҳҳои дастрасӣ ба онҳо ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то имрӯз 4,3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ, 4,1 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва 134,4 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ ба анҷом расидаанд.
Фаъолияти босамар ва  шабонарӯзии коргарону мутахассисон имкон  фароҳам овард, ки  дар  иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва тибқи нақшаи пешбинишуда вусъат ёбанд.
Корҳои нақбкании  шахтаҳои дарвозаҳои обрасон дар сатҳи 1300 метр аз  ҷониби коргарони “Заводи таҷрибавӣ - механикӣ” - и Норак  тибқи риояи  талабот   ва   меъёрҳои  сохтмонӣ ҷараён доранд.
Дар иншооти  обқабулкунаки доимии неругоҳ аз техникаву механизмҳои муосир истифода мебаранд ва тавассути онҳо корҳои  сохтмонӣ бо  сифати баланд анҷом дода мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  рафти корҳои сохтмонӣ  ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншооти  обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” баҳои баланд доданд.
Коргарону мутахассисон  бо  азму иродаи созанда ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бунёдгузори Неругоҳи барқи обии “ Роғун”,  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯз заҳмат кашида,  барои  анҷоми муваффақонаву  босифати  корҳо беш аз  ҳар вақт саъю  талош доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  ҷараёни корҳо дар нақби  нақлиётии  Т-18,  нақбҳои обрасони агрегатҳо ва  шахтаҳои турбинаҳои  Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки  босуръат  идома  дорад, шинос шуданд.
Дар қитъаи дигари сохтмони иншооти обқабулкунаки доимии неругоҳ, аз  ҷумла камераи васлгарӣ низ, фаъолияти коргарону мутахассисон назаррас буда, то  имрӯз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ  58,2 ҳазор метри мукааб ва корҳои бетонпошӣ 9,8 ҳазор метри мураббаъ иҷро гардидаанд.
Корҳои сохтмонӣ дар шахтаҳои турбинаҳо, нақби  нақлиётии  Т-18 ва нақбҳои обрасони агрегатҳо бо  истифодаи  техникаҳои пуриқтидору муосир ва  ҷалби коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба   идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки  дар иншооти  мазкур то   имрӯз  67 ҳазору  877 метри мукааб корҳои нақбканӣ   анҷом дода шуда, корҳои бетонхобонӣ  ба  22 ҳазору  843 метри мукааб  расидаанд.
Коргарону мутахассисон дар иҷрои корҳои сохтмони шахтаҳои турбинаҳо ва нақбҳои обрасони агрегатҳо фаъолияти босамару натиҷабашх нишон медиҳанд.
Дар шахтаҳои амудӣ нақбкании фурнелҳо то сатҳи зарурӣ анҷом дода шуда, барои фарохсозии шахтаҳои обрасон коргарону мутахассисон бо  истифодаи техникаҳои замонавӣ пурсамар фаъолият мебаранд.
Дастрасии  техникаю  механизмҳои муосиру камназир барои иҷрои саривақтӣ ва босифати  корҳои нақбканӣ, пармакунӣ то умқи бештар аз 200 метр ва кандани шахтаҳои турбинаҳо дар ин қитъаҳои сохтмонии муҳиму зарурии Неругоҳи барқи обии “Роғун” мусоидат намуд.
ҶСП “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”- и шаҳри Норак, ки  дорои техникаҳои муосири нақбканию пармакунӣ ва дигар механизмҳои зарурӣ мебошад, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотии босифат ва  ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ  низ нақши  муҳим дорад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур дар сохтмони иншооту инфрасохтори Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба таври васеъ истифода мешавад.
Иншооти шахтаи ҳаводиҳанда аз тарафи институти “Гидропроект” лоиҳакашӣ шудааст. Барои иншооти мазкурро дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додан, ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо техникаву механизмҳои пуриқтидор ва замонавӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон иншооти шахтаи ҳаводиҳии толори мошинҳо ва трансформаторҳо  ба кор омода мебошад.
Дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” коргарони соҳибкасбу баландихтисос, мутахассисони нақбкану пармагар, кафшергару васлгар солҳои охир  ба  камол расидаанд ва фаъолияти босамари онҳо дар қитъаҳои сохтмонӣ баръало ба назар мерасад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти созандаву бунёдкоронаи  коргарону мутахассисон дар маҳали сохтмони шахтаҳои турбинаҳо, нақбҳои обрасони агрегатҳо ва шахтаи ҳаводиҳӣ баҳои сазовор доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ - 3 ва СТ - 4 боздид карданд.
Нақбҳои сохтмонии СТ - 3 ва СТ - 4 дар давраҳои серобӣ барои гузарондани об аз сатҳҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Тарҳи иншоот аз тарафи институтҳои лоиҳакашии “Гидропроект”, “Афри” - и Швейтсария ва ширкати лоиҳакашии “Тоно энержи байналмилал” мураттаб гаштааст.
Имрӯз бунёдгарони ин кохи нур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои корҳоро дар ҳама қитъаҳои сохтмонӣ вусъат бахшида, ба хотири рушди устувори Ватани маҳбуб азму талош ба харҷ медиҳанд.
Дар бунёди баромадгоҳи нақби сохтмонии  СТ - 3  чор ширкати ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ “Вахш Сохтмон”, ҶСК “Тоҷикгидромонтаж”, ҶСП “ЗТМ”  ва ҶДММ “Гушикай ЛТД”, ҷалб гардидаанд, ки дар онҳо садҳо нафар мутахассисони корозмуда ва дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд.
Айни замон  корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамкунии нишебиҳо аз тарафи пудратчиҳо дошта, дар баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ - 3 бошад, корҳои заминиву мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ идома доранд.
То ин давра зиёда аз 4,3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ, 233 ҳазор метри мураббаъ корҳои бетонхобонӣ, 99,8 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва дар масоҳати 168 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ иҷро гардидаанд.
Дар мустаҳкамсозии канораҳои кӯҳ кор марҳила ба марҳила сурат гирифта, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Сифати корҳои сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони озмоишгоҳ қарор дорад.
Таваҷҷуҳи махсус ва назорати бевоситаву дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар иншооти тақдирсози аср - НБО “Роғун” боис гардидаанд, ки кор дар асоси нақша ва аз рӯйи лоиҳаи тасдиқгардида идома ёбад.
Зимни муаррифии баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ- 4 иттилоъ дода шуд, ки тарҳи он аз тарафи ширкати лоиҳакашии “Aфри”- и Швейтсария иҷро шудааст.
Тибқи лоиҳа ҳаҷми корҳои хокбардорӣ ба 581,2 ҳазор метри мукааб, бетонхобонӣ 33, 3 ҳазор метри мукааб, гузоштани анкерҳои оҳану бетонӣ ба 114,8 ҳазор метр баробар гардида, дар масоҳати 97, 8 ҳазор метри мукааб маҳлулҳои бетонӣ пошида шудаанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони муҳандисию техникии НБО “Роғун” дастур доданд, ки минбаъд низ ба иҷрои сифатноки корҳои сохтмонӣ диққати махсус диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба толори мошинҳо ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар агрегати рақами 4 шинос шуданд.
Корҳои сохтмону васлгарӣ дар толори  мошинҳо аз соли 2008 оғоз ёфта, то имрӯз бо суръат ва сифати баланд идома доранд. Сохтмони иншоот дар асоси лоиҳаи Институти лоиҳакашии “Гидропроект” сурат гирифта, дарозии толор 219,7 метр ва паҳноии он 21 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз сатҳи поёнӣ то сақф 70 метр, аз сатҳи болои фарш 20 метр мебошад.
Айни замон дар мавзеи агрегатҳои рақамҳои 5 ва 6 корҳои сохтмону васлгарӣ ба анҷом расида, ду агрегат дар ҳолати корӣ мебошад. Дар мавзеи агрегати рақами 4 бошад, корҳои оҳану бетонӣ дар атрофи камераи спиралӣ то сатҳи 964,1 метр ба анҷом расонда шудаанд. Маҷмӯан, дар ин иншоот корҳои нақбканӣ 214 ҳазор метри мукааб, бетони пуркунанда 2278 метри мукааб, бетони конструктивӣ 35 ҳазор метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунанда 34, 4 ҳазор метри тӯлонӣ иҷро гардида, анкерҳои АЖГ 3212 адад ва 891 анкери ПНА насб шудаанд.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки ҳаҷми асосии корҳои сохтмонию васлгарӣ дар мавзеи агрегати рақами 4 дар асоси нақшаи муайянгардида, аз рӯи нишондодҳои техникӣ ва бо риояи меъёрҳои пазируфтаи сохтмони неругоҳ иҷро гардидаанд ва дар муҳлати муайяншуда ин агрегат низ ба истифода дода хоҳад шуд.
Кор дар агрегати 3-юми иншоот низ бо суръату сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Тибқи лоиҳаи муҳандисӣ, 80 дарсади иншооти НБО “Роғун” зеризаминӣ буда, дар қалби кӯҳҳои сарбафалак ҷойгиранд. Ин шабу рӯз сохтмон дар нақбҳои ҷаббандаи агрегатҳои  рақамҳои 1, 2 ва 3 оғоз гардида, корҳо идома доранд. Дарозии ин нақбҳо ҳар кадом 76,7 метри тӯлонӣ буда, масоҳати миёнаи буриши кӯндалангии онҳо 134 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Шакли  буриши кӯндалангии ин нақбҳо аз ҷониби толори мошинҳо даврашакл буда, дар қисмати моилӣ чоркунҷаи болояш доирашакл мебошад. Корҳои нақбканӣ дар қисми уфуқии ин нақбҳо қисман иҷро гардида, ҳам ба зери толори мошинҳо ва ҳам ба зери бинои трансформаторҳо аз ҳар се нақб фурнел зада шудааст.
Зимни боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин қитъаи сохтмон дар иншооти азими аср - НБО “Роғун” маълум гардид, ки ҳаҷми иҷрогардидаи корҳои нақбканӣ дар нақбҳои ҷаббандаи агрегатҳои рақамҳои 1, 2 ва 3 ба андозаи 25,5 ҳазор метри мукааб ва корҳои бетонипуркунӣ 575 метри мукаабро ташкил медиҳанд.
Мувофиқи маълумоти сохтмончиён, корҳои сохтмонӣ дар қисми уфуқии поёнӣ ва шахтаи амудии нақбҳои обрасони агрегатҳои 1 - 6  дар асоси лоиҳаи ширкати “Aфри” иҷро шуда истодаанд.
Дар шахтаҳои амудӣ, нақбкании фурнелҳо то сатҳи зарурӣ анҷом ёфтаанд. Барои фарохсозии шахтаҳои обрасонии 2, 3, 4, 5 ва 6 бошад, аз сатҳи 1171 ба поён, корҳои нақбканӣ ба андозаи 19988 метри мукааб иҷро шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ду агрегати аввали ин иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат мавриди истифода қарор дошта, имрӯз бо истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза манзилҳои сокинони кишварро гарму мунаввар менамояд.
Ду агрегати иншоот, ки аввалин 16 ноябри соли 2018 ва дуюмин 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд, беш аз 210 мегаватт иқтидор доштанд. Шурӯъ аз имрӯз вобаста ба баланд бардоштани сатҳи обанбор иқтидори ҳар кадом аз агрегатҳо то 130 мегаватт боло рафт. Тибқи иттилоъ, ду агрегат, 1,7 миллиард киловатт - соат неруи барқ истеҳсол кардааст.
Марҳила ба марҳила, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои навбатӣ, Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ки ҳадафи стратегии мамлакат дониста мешавад, комилан ноил хоҳад гардид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар агрегати чоруми НБО “Роғун” ба суръату сифати корҳо баҳои баланд доданд.

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо бунёдкорони ин иншооти азими кишвар мулоқот карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар интихобот мардуми шарифи тоҷик пуштибониву садоқати худро ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ояндаи ободу осудаи давлати соҳибистиқлоли хеш бори дигар исбот карданд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари кулли Ширкати "Вибилд" Петро Салини оид ба иҷрои корҳо дар сарбанди неругоҳ андешаронӣ намуд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сохтмончиёни неругоҳ, аз ҷумла ба ҳамаи онҳое, ки бо фаъолияти созандаи худ, кори бунёди иншооти тақдирсози миллат ва ба кор андохтани агрегатҳои минбаъдаи онро вусъат бахшида истодаанд, аз номи мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 839
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед