сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ЛИДЕРИ СИЁСӢ ВА ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ
Омӯзиш ва таҳлили баъзе буҳронҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки тӯли даҳсолаҳо ҳалли худро наёфтаанд, нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои ба чунин бунбаст расидани онҳо набудани лидерҳои бонуфуз, самимӣ ва ҳақиқатан мардумӣ мебошад. Аз ин нигоҳ, дар ҳамон лаҳзаҳои барои миллат сарнавиштсоз ба саҳнаи сиёсат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошҳои ин шахсияти барҷаста хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳи сартосарӣ, дарвоқеъ, бахти таърихии тоҷикон буд.
Истиқлолият, пеш аз ҳама, ба мардуми шарифи Тоҷикистон озодии миллӣ дод, дар сайёраи бузурги олам давлати мутамаддине бо номи Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки тамоми дунё онро эътироф кард. Мо соҳиби марз, Артиши миллӣ, асъор ва Нишону Парчами мустақил шудем, ки бо номи миллату давлат тавъаманд. Аз ҳама муҳимтар, давлати миллӣ бунёд намудем, ки имрӯз қатори давлатҳои абарқудрати сайёра ҷойгоҳи махсуси сиёсӣ дорад.
Ҳарчанд солҳои аввали истиқлолият туфайли фарзандони нохалаф ва хоинони миллат ватанамон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печида буд, хушбахтона, бо инояти Офаридгор фарде ба сари ҳокимият омад, ки ба рӯйи халқ аз нав шуълаи умедро ба ояндаи фирӯз рӯшан кард, давлатро аз нобудшавӣ, миллатро аз парокандагӣ эмин дошт. Ӯ фарзанди сарсупурда ва асилу фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз халқи азизу муътабараш ӯро ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф карда, меҳрашро дар қалбҳои поки худ ошёни ҳамешагӣ додаанд.
Дар ин радиф, ҳар як шахси ватандӯсту худшиносро зарур аст, донад, ки имрӯз вазъи ҷаҳони пурихтилофи муосир дар чи сатҳ қарор дорад. Алъон дар кадом кишвар фазои комили осоиштагиро метавон пайдо кард? Дар мамолики Шарқи Наздик, хосса дар давлатҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон рӯзе нест, ки даҳшати хунрезиҳо аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ ба назар нарасад. Нисбат ба ин амалҳои бадхоҳона сулҳхоҳони тамоми олам эътироз мекунанду маҳкум менамоянд, ҷаҳонро барои поксозӣ аз онҳо даъват мекунанд. Аз ин рӯ, ҷое, ки ваҳдати халқ ҳаст, ҷое, ки ниятҳо поку беолоишанд, ҷое, ки халқ ба Сарвараш меҳр ва боварӣ дорад, сиёсаташро пуштибонӣ мекунад, бешак, он давлат ояндаи дурахшон ва пешрафтро молик мегардад.
Бигзор, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои мақсудро фатҳ намуда, дар ҷаҳон пояндаву ҷовидон бимонад!
Фирӯз БОБОЕВ,
сармутахассиси Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.10.2020 №: 205 - 206 Мутолиа карданд: 624