logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

КРОССВОРДИ «АНИС»
Аз боло ба поён:
1. Он, ки камсавод  ё бесавод аст. 2. Навъи қанд. 3. Собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон. 4. Ҷамъи маҳсули эҷоди адиб. 5. Истилоҳи илми математика. 6. Исми дигари зирк, зелол.  9. Қаҳрамони повести «Ривояти суғдӣ»-и  Сотим Улуғзода. 11. Ҷонишини нафсӣ – таъкидӣ. 12. Мунис, ҳамдам.
13.   «Майор ...», кинофилми русӣ. 14. Шамидан.

 Аз чап ба рост:
1. Соли пурраи шамсӣ, ки  366 рӯз буда, дар 4 сол 1 бор такрор мешавад ва дар он ба моҳи феврал як рӯз илова мегардад. 4. Макони дониш. 7. Тағйири қиёфа ба маънои норозӣ будан. 8. Ҷонвари ширхӯри даранда, гурбаи саҳроӣ. 10. Ҳайвони саворӣ. 12. «... бинигар, ки хол дорад ё не» (Фолклор). 15. Дурангӣ, дубаҳрагӣ дар илми фалсафа.
16. Қаҳрамони марказии адабиёти бадеии халқи қирғиз.
17. Баҳром ..., адабиётшиноси шӯравии тоҷик. 

Таҳияи Ҳ. АНУШЕРВОН, сокини шаҳри Ҳисор

ҶАВОБ БА «МУАММО ДАР СОҲАИ ФАННИ ФИЗИКА»:
Атом; Паскал; Динамометр; Зиччӣ; Деформатсия; Диффузия; Инерсия; Механика; Спидометр; Ҷоул; Бабаев.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


БА ХОТИРИ ФАРЗАНД...
Чатчай Панутхай,  сокини Таиланд, бо ороишот ва пироҳани гулобии занона, ба мактабе, ки писаронаш дар он таҳсил мекарданд, ворид шуд. Ин амали ғайриодии ӯ ҳамагонро ба ҳайрат гузошт. Зеро Рӯзи модар ҷашн гирифта мешуду дар ин рӯз танҳо модарон ба мактаб меомаданд. Ва, мувофиқи анъана, кӯдакон назди модаронашон сари зону нишаста, эҳтиромашонро ба ҷо меоварданд.
Чун Чатчай Панутхай намехост, ки фарзандонаш бемодариашонро эҳсос кунанд, аз ин рӯ ба ин амал даст зад. Вале ин рафтори ӯ ба  дигарон хуш наомад ва онҳо бо мақсади  паст заданаш, навори видеоиро, ки  дар он Чатчай Панутхай бо либоси занона  ба мактаб омадааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ  паҳн карданд. Ғайричашмдошт ин навор на мавриди накуҳиши мардум, балки боиси дастгирии онҳо гардид.
-  Аз оне, ки миёни мардум  бо либоси занона омадам, хиҷолатзада нестам. Чунки мақсадам танҳо хушнудии кӯдаконам аст. Ба ҳама кор қодирам, то фарзандонам  бемодариашонро эҳсос накунанд,- шарҳ дод ин кирдори худро Чатчай Панутхай.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ҶАНГИ КӮДАК БО САГИ ВАҲШӢ
Ё чӣ тавр навраси 6-сола хоҳарашро наҷот дод
Бриҷер Уокер, навраси шашсола аз иёлати Вайоминги ИМА, ҷони худро зери хатар гузошта, хоҳари сесолаашро аз ҳамлаи саг наҷот дод. Вақте Бриҷер дид, ки саг ба хоҳараш кӯшиши ҳуҷум мекунад, дарҳол пеши роҳашро гирифт.
Бар асари ҳамлаи ҳайвони хашмин ҳарчанд ҷароҳати зиёд бардошта бошад ҳам, Бриҷери хурдсол тавонист хоҳарашро аз хатар вораҳонад. Табибон захмҳои сершумори наврасро 90 кӯк дӯхтанд.
Қаҳрамонии Бриҷер Уокер аз назарҳо дур намонд. Аз ҷумла, Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC) ӯро чемпиони фахрӣ эълон намуда, ба ӯ камарбанди худро тақдим намуд.
Таҳияи М. МИРЗОЁН


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Имрӯз ҳам вай аз ҳама пеш бедор шуд. Бедор шуда, бо ҳамон куртае, ки ба бистар даромада буд, бо ҳамон курта аз ҷои хоб хест ва бе шарфа ҷомаашро пӯшид, то ки хоби бачаҳо ҳаром нашавад. Ҳамаи онҳо, панҷ писару духтари аз панҷсола то шонздаҳсола ва модараш, дар як хона, рӯи фарш хоб мераванд. Ҷойгаҳ қатор андохтагӣ, аз ин сар то он сари хона ва ҷои хоби пеши дар аз они модар аст.
* * *
Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем,
Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем,
Мо ба ёди ту ба садҳо ҷаври даврон зистем,
Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
С. Айнӣ,   М. Ғоиб.

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ИМЗОИ БЕНОМА
Боре Марк Твен номае гирифт, ки ҳамагӣ як калима дошт: «Аблаҳ».
Рӯзи дигар «нома»-ро дар саҳифаи рӯзнома нашр намуда, дар ҷавоб чунин менависад:
- Одатан, ба мо номаҳои беимзо меоянд, имзои беномаро бошад, дар умрам бори аввал мебинам.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ХИСЛАТИ АҶИБИ ФИЛҲО
Аз ҳайвонҳо танҳо филҳо маросими дафн доранд. Пас аз марги яке аз филҳои рама онҳо аввал кӯшиш мекунанд, ки ҷасадро бо хартуми худ бардоранд ва бо садои махсуси ғамангез фарёд ҳам мезананд.
Пас аз муддате хомӯш шуда, ба болои ҷасад шохҳои дарахт ва хок мепартоянд.
Ҳолатҳое ҳастанд, ки филҳо одамонро ба ҳамин монанд дафн карданӣ мешаванд ва, баъзан, онҳо шахси хуфтаро иштибоҳан мурда мепиндоранд.
Таҳияи Кароматулло АТО


"ЖЕСТ" - И МУҲАММАД САЛОҲНИМШӮХИ
Ҳамлагари маъруфи тими «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳ на танҳо бо ҳунарнамоӣ дар майдони футбол, балки бо аъмоли ҷавонмардонааш дар дили миллионҳо ҷо гирифтааст.
Чуноне рӯзномаи The Sun иттилоъ медиҳад, моҳи сентяб-ри соли равон Муҳаммад Салоҳ дар яке аз  нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Англия Дэвид Крейги бесарпаноҳро аз шиканҷаи  як гурӯҳ ҷавонон раҳо намуд.
Авбошон Дэвид Крейгро бо суханҳои ноҷову қабеҳ таҳқир мекарданд ва ба ӯ мегуфтанд, ки ба ҷои талбандагӣ рафта кор кунад. Ҳамин вақт Муҳаммад Салоҳ, ки аз он ҷо мегузашт, ба назди ҷавонон омада, онҳоро аз ин рафтори ношоистаашон боздошта, гуфт, ки шояд шумо низ фардо ба чунин ҳолат гирифтор шавед. Баъдан, бозигари маъруф ба Дэвид Крейг 100 фунт стерлинг медиҳад.
Дэвид Крейг мегӯяд, ки Муҳаммад Салоҳ барояш қаҳрамон аст ва барои ин амали ҷавонмардонааш ба ӯ сипосу миннатдории худро баён менамоям. 
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


Танҳотарин одамони дунё
4. СИМЕОН СТОЛПНИК 
Аз қадим яке аз сифатҳои хоси «орифони муқаддас» дурӣ ҷустан аз миёни мардум буд. Аксаран, дар биёбонҳои беодам иморат сохта, танҳо машғули ибодат мешуданд. Вале Симеон Столпник ин қабил ибодатгоҳҳоро ҳам «макони серодам» пиндошта, домани кӯҳеро маскан кард. Бо вуҷуди ин, мардум дере нагузашта то ба қуллаи кӯҳ низ расиданд, то ӯро зиёрат кунанд. Ниҳоят, Симеон ба хулосае омад, ки сутунманораи баланде сохта, дар танҳоӣ ба Худо роз мегӯяд. Сохтани манора дар як биёбони бекас бошад, диққати мардумро аз пешина дида бештар ҷалб кард, ки гурӯҳ - гурӯҳ ба тамошои «сӯфии пок» меомаданд. Симеон аз камтарин фурсат истифода карда, пояҳои манораашро баланду дастнорас месохт, то ба пиндори худаш аз одамон дуртару ба Худо наздик шавад. Ба ҳамин минвол, Симеон Столпник каму ғам не, балки 36 соли ҳаёти боқимондаи худро болои сутунманора ва тани танҳо гузарондааст.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ


ОВОЗАИ РУСТАМ БЕҲ АЗ РУСТАМ!
Рӯзе Рустами Дастонро дар саҳрое хоб мебарад. Баъде, ки аз хоб бармехезад, мебинад, ки аспи вафодораш – Рахш нест. Бад-ин хотир, ба ҷустуҷӯяш мебарояд. Ногаҳон, аз наздаш Од гуфтанӣ азимҷуссае мебарояд. Мувофиқи ривоятҳо, Од чунон ҳам азим буд, ки моҳиро аз қаъри дарё гирифта, дар Офтоб  мепухт.
Рустам аз ҷуссаи калони Од дар ҳайрат шуда, аз ӯ мепурсад:
- Ту кистӣ ва аз куҷо меоӣ. Ва оё аз худ зӯртареро дидаӣ?
Од чунин ҷавоб медиҳад:
- Шунидаам, ки  дар ин олам паҳлавоне ҳаст бо номи Рустам ва ӯ аз ман бамаротиб зӯртар аст.
Рустам аз ин гуфтаи Од ҳайрон мешавад ва аз дилаш мегузаронад: «Мардум ҳақ аст, ки мегӯяд: овозаи Рустам беҳ аз Рустам!».
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА


Чанд факти аҷиб дар бораи моҳӣ
ШАМЪМОҲӢ
Аз иёлати Аляска то музофоти Орегони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳии Зулахонро метавон вохӯрд, ки дарозиаш 30 см мебошад.
Дар замонҳои қадим ҳиндуҳо онро барои равшан кардани кулбаҳои худ истифода мебурданд, чунки хеле серравған аст.
Моҳиро хушк карда, аз дохили вай пилта мегузаронданд ва баъд  рост гузошта, нӯги пилтаро дармегиронданд. Пилтаи ин шамъи ғайриодӣ оҳиста даргирифта, атрофро равшан мекунад.
Дар баробари ин, равғани Зулахонро бо мақсади табобат истифода мебаранд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ТАҶЛИЛИ ҒАЙРИМУҚАРРАРИИ ЗОДРӮЗ
Бино ба хабари CNN, сокини иёлати Каролинаи Шимолии ИМА Ҷулия Ли Келли, ки соҳиби  5 фарзанд, 30 набера, 88 абера, 49 чабера ва 15 кабера мебошад, 100-солагиашро ба таври ғайримуқаррарӣ таҷлил намуд.
Ин дафъа тантанаи ҷашнии ин оилаи бузургро коронавирус халалдор сохт, яъне онҳо паси як миз соҳибҷашнро таҳният нагуфтанд. Аз ин рӯ, ҳамаи онҳо аз қатори мошинҳо парад ороста, ба қавле, ӯро аз таги дар табрик карданд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


«ПАНДЕМИЯИ МУҲАББАТ»
Имрӯзҳо, ки бар асари бемории коронавирус мардуми сайёраро яъсу ноумедӣ фаро гирифтааст, Шелли Тигелск аз иёлати Флоридаи ИМА ба хотири дастгирии ҳаммаҳаллаҳои ниёзмандаш сомонаи «пандемияи муҳаббат»-ро созмон дод, ки ғайриинтизор оламгир шуд. 
Фикри таъсиси сомона пас аз дидани рӯзгори вазнини аҳолии маҳаллӣ сар зад.  Муаллимаи амрикоӣ дар навори видеоие ашхоси дороро ба кумаки эҳтиёҷмандон хонд. Аллакай, дар як рӯз «пандемияи муҳаббат» ба 500 сарватманд «сироят» карда, на танҳо аҳолии Флоридаи Ҷанубӣ, балки оламро ба ҳам овард. Ҳамин тариқ, аз аввали моҳи март то июн 13 миллион доллар ҷамъ гашт ва эҳтиёҷи 132 ҳазор ниёзманд, ки, аксаран, аз норасоии  хӯроку ҷиҳози кӯдакона шикоят менамуданд, бароварда шуд.
- Таҷрибаи мо бори дигар собит сохт, ки инсон танҳо дар  иттиҳод метавонад тамоми мушкилиҳоро рафъ созад. Аз ҳама хоҳиш мекунам, ки калимаи вирусро фақат бо маънии манфиаш нафаҳманд, балки онро чун орзуву эътиқоду муҳаббат қабул намоянд. Зеро «вирус»-и муҳаббат дигар вирусҳоро маҳв хоҳад кард, - мегӯяд муаллимаи хушбин.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


МУСОБИҚА ВА НАҚШУ НИГОРИ ШУТУРҲО
Ҳар сол моҳи январ сокинони Ҳиндустон ва сайёҳон ба шаҳри Биканер ба фестивали шутурҳо меоянд. Дар ин ҷо пойга баргузор карда, ҳамчунон, зеботарин шутурро интихоб менамоянд. Ҳамон шутур зеботарин баргузида мешавад, ки пашмашро бо нақшу нигори ҷолиб қайчӣ задаанд.
Бояд гуфт, ин амал басе заҳматталаб аст ва  то се сол тӯл мекашад. Аввал пашми шутурро то ҳадди муайян дароз мекунанд. Қабл аз мусобиқа дар бадани шутур ҳар гуна тасвир кашида, ҷо-ҷо ранги тира мезананд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Дарёфти ҷасади 2000-солае, ки мӯй, мижгон ва дар рагҳояш хун дошт
Пас аз гузашти беш аз 2000 сол дар теппае бо номи Мавандуйи Чин гӯри Син Чжуй, яке аз доротарин бонувони салтанати Хон, дарёфт гардид, ки дар он садҳо ашё ва ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд. Бо вуҷуди гузаштани қарнҳои зиёд, ҳолати хуби ҷасад ҳамагонро ба тааҷҷуб овард. Бадани хонум Дай осеб надида буд ва рагҳояш бошад, миқдори начандон зиёди хуни дараҷаи «А»-ро доштанд. Ҳамчунин, дар ҷасад мӯйҳо ва мижгонҳояш боқӣ мондаанд.
Олимон дар шиками ӯ донаи харбузаро пайдо карданд ва ин онҳоро ба он бовар овард, ки Син дар мавсими харбузапаз, яъне тобистон, мурдааст.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


КАШФИ МАЪДАНҲОИ ҶАДИД
Тибқи иттилои сомонаи www.mindat.org дар Тоҷикистон маъданҳои шаҳдараит ва ҳасановит кашф шуданд, ки дар дигар  манотиқи олам дида намешаванд. Ин матлабро Комиссияи байналмилалии маъданшиносӣ расман эътироф намуд.
Тавре роҳбари гурӯҳи таҳлили усулҳои физикӣ - кимиёвии Инс-титути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Манучеҳр Шодибеков хабар дод, маъдани шаҳдараит дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ аз ҷониби олимони тоҷик Л. Паутов, М. Мираков, Е. Соколова, М. Дей С, Ф. Хоторн, М. Шодибеков, М. Саймудассири Маҳмадшариф, В. Карпенко, А. Файзиев гурӯҳи олимони Федератсияи Россия ва Канада кашф гардид. Маъдани ҳасановит дар рустои Равати ноҳияи Айнӣ ошкор шуда, айни замон мавриди пажӯҳиши донишмандони тоҷик М. Мираков, Л. Паутов, О. Сийдра, П. Плечов қарор дорад.
Чуноне Манучеҳр Шодибеков илова намуд, маъданҳои кашфшуда метавонанд барои пешрафти иқтисодиёти кишвар манфиати зиёд оваранд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


СУФЛЁР
Бернард Шоу ҳангоми раисии имтиҳони маҳорат аз хомӯшии тӯлонии донишҷӯ ба танг омад, ки ниҳоят худаш ба сухан даромад:
- Гӯш кун, ҷавони хуб, имтиҳон мисли театр аст. Тасаввур кун, ки ту актёрию ман тамошобин.
- Ин тавр бошад, ҷаноби профессор, иҷозат фармоед ҳамкурсам Ҷимро ҳам даъват кунам, охир, актёр наметавонад бе суфлёр баромад кунад,- мегӯяд драматурги оянда.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ММД БА ҲАР САРИ АҲОЛӢ 160 ҲАЗОР ДОЛЛАР
Лихтенштейн, ки дар Аврупои Ғарбӣ ҷойгир аст, яке аз хурдтарин кишварҳои ҷаҳон буда, масоҳаташ ҳамагӣ 160 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки он аз ҷиҳати иқтисодӣ давлати мутараққӣ мебошад ва маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш ба ҳар сари аҳолӣ 160 ҳазор доллар (ҷойи аввал дар ҷаҳон) рост меояд.
Пешрафти Лихтенштейн аз ҳисоби рушди саноат аст, яъне он аз ҳисоби коркарди металл, асбобҳои оптикӣ, технологияи вакуумӣ, системаҳои электронӣ, микропротссесорҳо ва амсоли инҳо таъмин мегардад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


СЕРЕНА УИЛЯМС
Серена Уилямси амрикоӣ яке аз муваффақтарин бонувони теннисбози ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тӯли фаъолияти касбиаш ӯ дар 23 мусобиқаи Тоскулоҳи бузург, ки дар теннис пурнуфузтарин мебошад, ғолиб омада, соли 2012 дар Англия чемпиони олимпӣ мешавад.
Маҳз маҳорати воло, заҳматқаринӣ ва муҳаббати беандоза ба касби хеш боис шуданд, ки  дар ин ҷода ба комёбиҳои камназир даст ёбад.
Серена, ҳамчунин, шахси саховатпеша аст. Ӯ муассиси фонди хайриявӣ мебошад ва тайи солҳои ахир дар Кения, Сенегал ва Ямайка якчанд мактаб бунёд намуд. Инчунин, фонд ба муҳассилини як қатор коллеҷҳо идрорпулӣ пардохт менамояд, ки шуҳрати ин бонуи муваффақро боз ҳам  меафзояд. 

***************************************************
Аз душмане, ки ҳуҷум оварад матарс, балки аз дӯсте битарс, ки ба ту хушомад мезанад.
Дейл КАРНЕГИ

Таҳияи Нигина РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 953
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед