сиёсат
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 700 - СОЛАГИИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Чорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ва мардуми кишварро ба ифтихори Ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик намуданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки аҳли зиё, меҳмонон аз хориҷи кишвар ва фаъолони вилояти Суғд барномаи фарҳангии бошукӯҳ ба ифтихори 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид.
Нахуст ба самъи ҳозирон табрикоти видеоии директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Озуле ва директори генералии ИСЕСКО Салим бини Муҳаммад ал-Малик ба муносибати дар сатҳи ҷаҳонӣ бошукӯҳ таҷлил кардани Ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ пешкаш гардид.
Хонум Одри Озуле ва Салим бини Муҳаммад ал-Малик ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси ҷаҳонии ба оламиён муаррифӣ кардани фарҳанги оламшумули миллати тоҷик ва гиромидошту арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи таърихии халқи тоҷик, бахусус шоир Камоли Хуҷандӣ, баҳои баланд дода, мардуми кишварро бо таҷлили 700-солагии нобиғаи Шарқ табрику таҳният гуфтанд.
Дар барномаи фарҳангии ин чорабинӣ суруду таронаҳои дилнишин аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ пешкаши меҳмонон шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2020 №: 207 Мутолиа карданд: 701