logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ РОҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар барқияи табрикии Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бини Зойид
оли Наҳайён омадааст:
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Боиси хушҳолии беинтиҳо ва шарафи бузурги ман аст, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба давраи нави президентӣ самимона табрик намоям.
Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии минбаъдаро хоҳонам”.

Президенти гурӯҳи Бонки исломии рушд др. Бандар М. Ҳ. Ҳаҷҷор дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
“Ҷаноби Олӣ!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Аз номи Бонки исломии рушд мехоҳам Шуморо – Ҷаноби Олӣ ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона табрик намоям. Ман аз Худованди бузург ба Шумо – Ҷаноби Олӣ барои идомаи роҳбарии мардуми шарифи Тоҷикистон дар роҳи рушди минбаъдаи назаррас, шукуфоӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбӣ ва муваффақиятҳоро орзумандам.
Бо истифода аз фурсати муносиб омодагии Бонки исломии рушдро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, дар доираи тадбирҳои таъхирнопазири дастёбӣ ба истиқрору рушди иқтисодӣ дар марҳилаи пас аз пандемияи COVID – 19, изҳор менамоям.
Умедворам робитаҳои мустаҳками мавҷудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар партави Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд, тақвият хоҳанд ёфт.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти неки бепоёни маро бипазиред”.

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат, ҳамчунин, аз номи ноиби Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум, валиаҳди Абу-Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид ан-Наҳайён, Патриархи Москва ва кулли Россия Кирилл ворид гардиданд.
Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2020    №: 208    Мутолиа карданд: 586
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед