logo

фарҳанг

“РУХОМ”. ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР САНГ

Таҷрибаҳои таърихӣ собит менамоянд, ки давлатҳои такя ба фарҳангу ҳифзи ҳунарҳои мардумидошта ба дастовардҳои назаррас комёб мегарданд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ниёгони мо аз замонҳои  қадим ба сангтарошӣ ва аз он омода намудани ороишот барои хонаву роҳравҳо, сохтани муҳраву дастпона, армуғонҳои гуногуни дилрабо даст зада  буданд.

Бо эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандон бо офаридаҳои  ҳунари дастиашон бори дигар собит намуданд, ки тоҷикон соҳиби таърихи хеле қадиманд ва бо ҳунармандӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтаанд. Ин иқдоми  нек   бо   ҳидояту  дастгириҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  аз  ҷониби   ҳунармандони  маҳаллӣ ва соҳибкорон хуш пазируфта шуд. Сарвари давлат дар ҳама   сафарҳояшон ба   шаҳру ноҳияҳо ба соҳибкорони муваффақ дастур медиҳанд,  ки барои ба кор андохтани конҳои фоиданок чораҷӯӣ намоянд. Ин аст, ки баъди  сукути  чандинсола  истихроҷ ва коркарди   сангҳои қиматбаҳо дубора   роҳандозӣ   гардид. 
Яке аз ҳунарҳои маъмули миллати тоҷик, ки ба сохтани ороишоту олоти рӯзгор асос дорад, сангтарошӣ мебошад. ҶДММ «Рухом» яке аз ширкатҳое маҳсуб мегардад, ки коркарди сангҳои қиматбаҳоро  ба уҳда дошта, дар ин самт муваффақ ҳам гардидааст. “Рухом” фаъолияти худро аз соли 1994 ба роҳ монда, айни ҳол 80 нафар корманди   дорои маълумоти олии геологӣ дар он ба коркарди сангҳои нодири Ватан машғуланд. Асоси фаъолияти кории “Рухом” ин омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои ранга, ороишӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ мебошад. Самти дигари фаъолияти корхона ин корҳои илмӣ – оммавӣ оид ба омӯзиши фанҳои табиии заминшиносӣ, сохтани коллексияҳои боигариҳои Тоҷикистон аст. Маҳсулоти асосии истеҳсолии корхона муҳра, тасбеҳ, гарданбанд, дастпона, овеза барои калидҳо, шамъдон, гулдонҳо, ҷиҳозҳои рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоти молҳои армуғонӣ мебошад, ки дастӣ коркард мешаванд. Ҳар гуна офаридаҳои аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон омодашуда, ки сайёҳон онро чун армуғон бо худ мебаранд, муаррифгари  кишвари соҳибистиқлоламон аст. Маҳсулоти корхона харидорони худро, аллакай, пайдо кардаанд.
- Бештари харидорони маҳсулот дар бозори дохилии кишвар аст. Дар ҳоли ҳозир ҷиҳати ташкили намоишгоҳ – фурӯши маҳсулот, иртибот бо давлатҳои муштаракулманофеъ зич ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, тавассути намоишгоҳҳо робита бо давлатҳои Чин, Покистон, Афғонистон, Эрон, Олмон ва ғайраҳо низ ба роҳ монда мешавад. Омода намудани маҳсулот аз ашёи аввалия ба тариқи  андозаи калон ва хурд роҳандозӣ гардида,  ашёи истифодашаванда, сад дарсад коркард мешавад. Резасангҳои хурдтарин низ дар дастгоҳҳои махсус кулӯла ва ранг карда, ба навъҳо ва шаклҳо тақсим мешаванд. Хурдтарин хокаҳои сангро бошад, барои омода намудани мусаввараҳо истифода карда, пасттарин хокаҳо барои пур кардани аквариумҳо ва гулҳои декоративӣ истифода мегарданд. Соли 2006 ҶДММ “Рухом” узви Ассотсиатсияи осиёимиёнагӣ оид ба дастгирии ҳунарҳои мардумӣ гардид. Бо ташаббуси ин ассотсиатсия соли 2008 устои харрот Намоз Назаршоев бо маҳсулоти омоданамудааш ғолиби озмун гашта, соҳиби нишони ЮНЕСКО шуд, - гуфт Муфарраҳ Муҳаббатов, директори генералии ҶДММ “Рухом”.
Воқеан ҳам, дар як бинои назарногир бо як дили гарм сохтани чунин ашёҳо дарак аз ҳунармандиву қадр кардани ҳар пораи санги Ватанро медиҳад. Бо фароҳам овардани шароити мусоид, базаи ашёи хом, қувваи корӣ, ташкили кори истеҳсолот ширкат тавонист чандин маротиба дар намоишгоҳҳои дохиливу хориҷӣ  соҳиби диплому ифтихорномаҳо гардад. Ҷиҳати мутамарказ гардондани базаи корхона соли 2005 гӯшаи “Роҳи Абрешим” роҳандозӣ гардид, ки дар он маҳсули дасти ҳунарҳои мардумӣ ҷамъоварӣ шудааст. Корхонаи мазкур дар бисёр чорабиниҳои сатҳи олии ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Экспо 2005” (Ҷопон), “Экспо 2010” (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Намоишгоҳи “20 - солагии ИДМ” (Москва), “Экспо – Ёсу - 2012” (Кореяи Ҷанубӣ), “Экспо Авру Осиё - 2012” (Ҷумҳурии Мардумии Чин), “Экспо – Остона - 2017” (Қазоқистон) ва дигар кишварҳои дунё Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.  Ногуфта намонад, ки ҶДММ “Рухом” пайваста дар номгӯи маснуоти ҳунарҳои мардумӣ” корхонаи беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф мегардад.
ҶДММ “Рухом” нақша дорад, ки дар оянда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои кор шароити мусоид фароҳам оварда, ҳамкориро бо дигар корхонаҳои коркарди санг дар хориҷи кишвар ба роҳ монад ва сангҳои нодири Тоҷикистонро ба тамоми олам муаррифӣ намояд.

Гулнисои САЪДОНШО
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2020    №: 208    Мутолиа карданд: 684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед