фарҳанг
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК
Дар толори Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, хабар дод.
Дар он муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва як қатор ҳунарпешаҳои маъруфи мамлакат иштирок доштанд.
Нахуст, муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ номаи шодбошии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба филмофарон ва ҳаводорони синамои миллӣ ба муносибати 90-солагии таъсисёбии киностудияи “Тоҷикфилм” қироат намуда, зикр кард, ки халқи тоҷик аз аввали садаи ХХ ба шарофати таҳаввулоти сиёсии замон ба ин навъи санъат рӯ овард ва тавонист, ки давоми қариб як аср ба оламиён оид ба таъриху фарҳанг ва давраҳои мухталифи ҳаёти халқи тоҷик филмҳои ҷолиб офарад ва тоҷиконро бо ин роҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
Таъкид гардид, ки тайи се соли охир раёсати Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) 30 лавҳаи тарғиботӣ оид ба созандагию бунёдкорӣ ва зебоиҳои вилоят, 5 филми мустанади таърихӣ, аз қабили «Бохтар аз бостон то бӯстон» ва «Кӯшониён» аз силсилафилми «Нигини Хатлон», «Ҳалевард», «Аҷинатеппа» ва «Ҳулбук» таҳия намуд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2017 дар доираи Барномаи рушди кинои тоҷик Муассисаи давлатии вилоятии «Хатлонсинамо» таъсис ёфт. Давоми се соли фаъолият, муассиса филмҳои ҳунарии “Асрори тақдир”, “Хаёлӣ”, “Саҳв”, “Фариштаи Умед” ва филми мустанади “Норак - шаҳри нур”, инчунин, чанд ролику лавҳаҳои телевизионӣ аз манзараҳои зебои вилоят омода намуда, тавассути шабакаҳои телевизиониву интернетӣ ва кинотолорҳо пешкаши тамошогарон гардонд.
М. Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм”, зимни суханрониаш 90-солагии синамои миллиро ба кулли ҳунармандон, кормандони соҳа ва алоқамандони кинои тоҷик самимона муборакбод гуфта, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои мусоидати ҳамаҷониба ва дастгирии соҳаи синамои миллӣ арзи сипос намуд.
Сипас, ба як қатор ҳунармандони маъруф, аз ҷумла ба ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, Назирмат Мӯсоев, Зулхумори Иброҳим, Тоҷинисо Саидова, Моҳпайкар Ёрова ва филмофарони МД вилоятии “Хатлонсинамо” ва раёсати “Тоҷикфилм” дар вилоят сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим шуд.
Дар ҳамоиш, инчунин, нахустнамоиши филми ҳунарии “Фариштаи умед” (“Хатлонсинамо”) манзури ҳаводорони синамои миллӣ гардид.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.10.2020 №: 208 Мутолиа карданд: 827