logo

иқтисод

ФАЙЗОБОД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

Имрӯзҳо дар ноҳияи Файзобод корҳои созандагиву бунёдӣ босуръат идома доранд ва ҳар нафаре, ки вориди ноҳия мегардад, ин дигаргуниҳоро баръало мушоҳида мекунад. Мардуми заҳматпешаву заҳматқарини ноҳия ин ҳамаро аз шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Зеро маҳз дар  даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон  ноҳия намои тоза касб карда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ пайдо карданд. Пулу роҳҳои ҳамвору мумфарш, кӯчаву гулгаштҳо, корхонаҳои саноативу муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматронӣ ва  иншооти хуштарҳу замонавиаш далели ин гуфтаҳоянд.
Сокинони ноҳияи Файзобод аз мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи сентябри соли гузашта ба вуқӯъ пайваста буд, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  дастаҷамъона саъю кӯшиш доранд.  Бахусус, соҳибкорону шахсони саховатпеша барои ободу зебо гардондани як гӯшаи Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд.  Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, соҳибкорон ва мардуми саховатманди ноҳияи Файзобод барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бастаанд. Бо дастгирии онҳо соли равон беш аз 45 иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода шуд. Масалан, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 дар деҳоти Заркамар, бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Шаҳтакиён, Доров ва Сайдонӣ, сехи дӯзандагӣ дар деҳоти Заркамар, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 19, 31, 42  ва маркази хизматрасониҳо дар марказ ва деҳот аз ҷумлаи онҳоянд.
Ҳоло бошад, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар деҳоти Мискинобод бунёди беморхонаи бемориҳои сироятӣ бомаром идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол ба сохтмони он беш аз 20 сокини маҳаллӣ ҷалб шудааст. Тибқи лоиҳа, беморхона дорои 17 ҳуҷра хоҳад буд ва баъди бунёди он 30 нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин мегардад.

З. РАҶАБ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2020    №: 208    Мутолиа карданд: 648
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед