фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Агар сухан дар бораи санъати опера равад, бешубҳа, чеҳраи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов пеши назар меояд. Ӯ бо овози фораму маҳорати баланди сарояндагӣ на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки ҷаҳонро тасхир сохта, ватани азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.
Адҳам Холиқов баъди шунидани овоз ва сурудҳои Муслим Магомаев, Артисти халқии СССР дар дил орзуи сароянда шудан ва таҳсил дар “Bel Canto” (сароиши дилнишин)-и Италияро мепарварид. Аммо, бо амри тақдир ӯ ба факултети санъати актёрии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Ҳангоми дар курси чорум таҳсил карданаш ба воситаи озмун дар байни 6 довталаб ба Консерваторияи Маскав роҳ меёбад. Дар давоми таҳсил дар институт бо ҳунару маҳорати худ дар Театри Лоҳутӣ нақшҳо офарида, мақоми худро пайдо карда буд. Дар факултети санъати актёрӣ устодони бузург чун Ҳошим Гадоев, Марям Исоева, Тӯрахон Аҳмадхонов, Аҳмадҷон Қодиров ва дигарон дарс мегуфтанд.
Адҳам Холиқов баъди таҳсил дар консерватория ба Ватан баргашта, давоми 7 соли фаъолият дар операи тоҷик унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро сазовор шуд. Соли 1987 бо даъват ва дастгирии устоди консерватория Евгений Нестеренко ба Маскав рафта, дар “Большой театр” ҳунарнамоӣ кард ва имкони дар театрҳои Аврупо нақш бозиданро соҳиб шуд. Баъдан, маҳорати сарояндагии хешро дар академияҳои операвии Италия сайқал дода, дар назди устодони бузург, аз ҷумла Фронко Корелли, сарояндаи бузургтарини опера дар асри гузашта, таҷриба андӯхта, аз санъати операи Италия баҳравар шуд. Солҳо пас дар саҳнаҳои бузурги Аврупо, махсусан дар Театри ЛаСкалаи Италия, ҳунарнамоӣ карда дар шаҳри Милан Академияи мусиқии “Bel CantoInternation”-и хешро таъсис дод ва ба ҷавонони лаёқатманди давлатҳои Тоҷикистон, Италия, Фаронса, Куба, Корея ва дигар кишварҳо санъати операро омӯхт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки устоди опера Адҳам Холиқов зиёда аз сад шогирд тарбия намудааст, ки онҳо дар тамоми ҷаҳон шуҳрати хосса пайдо намуда, дар саҳнаҳои бузурги дунё маҳбуб гаштаанд. Машҳуртарини онҳо Юсиф Эйвазов - Артисти халқии Озарбойҷон, Элиза Марси аз Италия, Риеко Онако аз Япония, Сония Юк аз Корея, Шоҳрух Юнусов, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Шоҳрух Воҳидов аз Тоҷикистон ва боз даҳҳо нафар. Устоди санъати операи тоҷик Адҳам Ҳолиқов соли 2005 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Руқия ҚУРБОНОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.10.2020 №: 208 Мутолиа карданд: 537