сиёсат
ТАБРИКОТИ
роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Александр Вучич, Президенти Сербия:
«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия ва, шахсан, аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон бо беҳтарин таманниёти баҳри рифоҳи кишваратон ва ҳамаи шаҳрвандони он идома додани ин вазифаи сермасъул самимона табрик менамоям. Мутмаинам, ки саҳми шахсии Шумо дар муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон ба беҳтар намудани робитаҳоямон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар, мусоидат хоҳад кард».
Нгуен Фу Чонг, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам:
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ветнам, инчунин, шахсан, аз номи худам мехоҳам ба Шумо самимонатарин ва гармтарин таманниётро ба муносибати аз нав ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон иброз намоям.
Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ ва хушнудӣ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини суботи зиндагии мардум менигарад. Бовар дорам, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо минбаъд низ ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардад ва дӯстии анъанавию ҳамкории байни Ветнаму Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳо беш аз пеш рушд хоҳанд ёфт.
Ин фурсатро ғанимат шумурда, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ таманниёти сиҳатмандии бардавом ва комёбиҳо дар татбиқи нақшаҳои наҷибатон орзумандам”.
Мун Чже Ин, Президенти Ҷумҳурии Корея:
“Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии маро ба муносибати пирӯзии эътимодбахш ва аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Муътақидам, ки таҷрибаи ғании Шумо дар соҳаи сиёсати давлатӣ дар оянда низ ба субот, тараққӣ ва шукуфоии кишваратон мусоидат хоҳад кард.
Хеле шодам, ки аз лаҳзаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 муносиботи дуҷонибаи мо дар соҳаҳои гуногун мунтазам рушд меёбанд.
Самимона изҳори бовар менамоям, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ва самарабахши байни кишварҳоямонро тавсеа хоҳем бахшид.
Иҷозат фармоед, бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, ба Шумо саломатии қавӣ ва ба мардуми тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно намоям”.
Николас Мадуро Морос, Президенти Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла:
“Ҷаноби Олӣ!
Хеле хушҳолам табрикоти самимии худро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасонам.
Ҳукумати Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла дар якҷоягӣ бо мардуми Венесуэла ба Ҷаноби Олӣ таманниёти самимонаи худро ҷиҳати рушду нумӯи Тоҷикистон баён намуда, эътиқоди амиқ дорад, ки бунёди ҷаҳони одилона ва мутавозини бисёрқутба ва таҳкими фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар дар он имконпазир мебошад.
Ҳамзамон, ба Шумо хушбахтӣ ва ба мардуми бародари тоҷик шукуфоии тоза ва бардавом дар марҳалаи нави роҳбарии Шумо хоҳонам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред”.
Мигел Диас-Канел Бермудес, Президенти Ҷумҳурии Куба:
“Муҳтарам Президент!
Шуморо ҷиҳати бори дигар ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон, аз самими қалб табрик намуда, ҳамзамон, саъю талоши худро барои минбаъд ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона, ки кишварҳои моро ба ҳам мепайванданд, таъкид месозам.
Лутфан, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред”.
Маҳмуд Аббос, Президенти Давлати Фаластин, Раиси Кумитаи иҷроияи Созмони озодибахши Фаластин:
“Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Боиси хушнудии беинтиҳои инҷониб аст, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, аз номи Давлати Фаластин, мардуми он ва аз номи худам ба муносибати пирӯзӣ ва комёб гардиданатон дар интихоботи президентӣ ва барои давраи нави роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоду бовари халқро соҳиб гардиданатон, сидқан табрику муборакбод намоям.
Ба Шумо – Ҷаноби Олӣ волотарин таманниёти расидан ба азму ҳадафҳоятон ва ба мардуми сарбаланди тоҷик барору муваффақиятҳои беназир орзумандам.
Мо тамоми он арзишҳоеро, ки халқу давлатҳоямонро ба ҳам мепайванданд, азиз медонем ва минбаъд низ саъю кӯшишҳои судманди хешро баҳри рушду тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаамон роҳандозӣ хоҳем кард.
Ба Шумо – Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии нав ба навро хоҳонам”.
Ҳамчунин, табрикот аз номи Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, валиаҳди Давлати Кувайт, ворид гардид.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.10.2020 №: 209 Мутолиа карданд: 789