фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Абдураҳмон Ғуломов, омӯзгори собиқадор, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Устод барои мо, кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ намунаи ибрати олии омӯзгорӣ буда, моро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳкушоӣ менамояд.
Абдураҳмон Ғуломов соли 1955 дар Ҷамоати деҳоти Кӯктоши ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) таваллуд шуда, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ба Омӯзишгоҳи маданӣ - равшаннамоии ноҳия дохил гардид ва онро соли 1973 хатм намуд. Пас, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро (1973 - 1977) бо ихтисоси китобдор ва соли 1999 шуъбаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ғуломов Абдураҳмон Қосимович фаъ-олияти меҳнатиашро ҳамчун методисти китобхонаи марказии ноҳия оғоз намуда, солҳои 1977 - 1979 дар сафҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо овард. Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ дар корҳои ташкилоти комсомолию ҳизбӣ дар вазифаҳои котиби аввали кумитаи комсомол, котиби кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия, ҷонишини раиси кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия, раиси хоҷагиҳои Ҳосилот ва Лоҳур фаъолият намудааст. Солҳои 2000 - 2012 дар сохторҳои гуногуни Вазорати маориф ва илми кишвар ва вазифаи мудири шуъбаи хоҷагии дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2012 то 2017 дар сохторҳои гуногуни энергетикӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2017 то рӯзи вафоташ (августи соли 2020) дар раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 1990 - 1995 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, устод мушовири хизмати дараҷаи 1 - ум (соли 2004) ва мушовири хизмати дараҷаи 2 - юм (соли 2010) буда, бо ифтихорнома ва медалҳои зиёд сарфароз гардидааст.
Таҷрибаи устод барои мо, наслҳои баъдӣ, як мактаби бузурги соҳаи маориф аст, чун зиндагии ӯ рӯзгоре барои ибрат буд.
Маҳмадсаид РАҲИМОВ,
Аълочии маориф ва илм
ва Аълочии фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.10.2020 №: 209 Мутолиа карданд: 571