logo

иқтисод

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик – Меҳргон бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, шолӣ, биринҷ ва озмуни «Оши палов» таҷлил гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз намоиши техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, маҳсулоти нонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ маҳорати ошпазҳо дидан намуд.
Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, ба ғолибони озмуни «Сабзирезакуни беҳтарин», «Ошпази беҳтарин» ва «Ошхӯри беҳтарин» ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим карда, гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: «Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст». Дарвоқеъ, Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
- Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст меоваранд,- афзуд Қурбон Ҳакимзода.
Тибқи омори расмӣ, тайи нуҳ моҳи соли равон кишоварзон дар майдони 426 ҳазору 318 гектар зироатҳои кишоварзӣ киштанд. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 824 078 тонна ғалла, 1 235 906 тонна сабзавот, 531 641 тонна полизӣ, 261 933 тонна мева ва ангур истеҳсол гашт. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1218 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 891 гектар боғ бунёд ёфта, иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020  101,2 дарсад таъмин гардид. Дар ин давра 235 гектар боғ ва 67 гектар токзор барқарор шуд.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар мавсими кишти солҳои 2019 - 2020 дар майдони беш аз 753 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва мавсимӣ фаъолият намуда, аз ҳисоби гармхонаҳо 207 ҳазору 98 тонна маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ, хусусан помидор ва бодиринг, истеҳсол гардида, дар бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда шуд, ки ҷиҳати ба танзим даровардани нарх дар бозори истеъмолӣ мусоидат кард.
Раиси вилоят, махсусан, саҳми кишоварзонро дар давраи пандемияи коронавирус таъкид намуда, иброз дошт, ки онҳо дар ин давраи вазнин киштукорро вусъат бахшида, нагузоштанд, ки норасоии маҳсулоти озуқаворӣ ё болоравии нархи он ба миён ояд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ба ғолибони озмуни «Беҳтарин намоиши ҷашнӣ» (Кӯшониён ҷои якум, Данғара ҷои дуюм, Фархор ҷои сеюм), «Намоиши шолӣ ва биринҷ» (Қубодиён ҷои якум, Ҷайҳун ҷои дуюм, Хуросон ҷои сеюм), озмуни «Оши палов» (Ёвон ҷои якум, Кӯлоб ҷои дуюм, Ҷалолиддини Балхӣ ҷои сеюм) ҷоизаҳо супурда шуданд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар дод.

Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2020    №: 209    Мутолиа карданд: 932
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед