иқтисод
ВМКБ. БАРНОМАИ РУШД БОЯД ВОҚЕӢ ВА ТАТБИҚПАЗИР БОШАД
Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар дар иҷлосия гузориш дод, муҳлати иҷрои барномаҳои рушди ноҳияҳои мазкур барои солҳои 2015-2020 ба охир расида бошад ҳам, бисёр бандҳои ин барномаҳо то ҳол ноиҷро мондаанд.
Иҷрои бандҳои алоҳидаи ин барномаҳо ҳатто оғоз нашуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳамагӣ то 20 фоизи нақша амалӣ гардидааст. Муовини раиси вилоят А. Иматшозода сабаби нокомии ин барномаҳоро, пеш аз ҳама, ба тартибу низоми қабули барномаҳо марбут донист. Зикр гардид, ки лоиҳаҳои барномаҳо дар марҳилаи аввал дуруст ва ҳаматарафа баррасӣ нашуда, бисёр бандҳои онҳо дар сатҳи вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ низ дастгирӣ наёфтаанд. Ҳамчунин, вазъи буҳронии иқтисодии ҷаҳон ҳам як омили иҷро нагардидани барномаҳо маънидод шуд. Дар барномаҳо бандҳое ҳам ҳастанд, ки сарчашмаи маблағгузориашон аниқ нест ва инвеститсияи хориҷӣ таваккалан манбаи амалисозии банди барнома нишон дода шудааст.
Раисони ноҳияҳои номбурда доир ба иҷрои барномаҳои рушди 5-солаи ноҳияҳо ва барномаҳои минбаъд қабулшаванда гузориш доданд. Зикр шуд, ки ҳангоми таҳия ҳамаи паҳлуҳои барномаҳо - аз манбаи маблағгузорӣ сар карда, то имкониятҳои амалисозии он, зарурат ва талаботи ҷомеаро ба он бояд ба инобат гирифт.
- Агар лоиҳа таъсиси коргоҳи истеҳсолӣ бошад, бояд пешакӣ ҳатто бозору харидори онро ҳам муайяну аниқ кунем. Аммо тавре мушоҳида мегардад, барномаҳои рушди ноҳияҳо барои солҳои 2015 - 2020 дуруст таҳлил нашудаанд. Чунин барномаҳо, ки сарчашмаи аниқи маблағгузорӣ надоранд ва бо маблағгузор ҳаматарафа мувофиқа нашудаанд, албатта, ноиҷро мемонанд. Дар ноҳияҳо ҳатто имкониятҳои молиявии худро ҳисоб накарда, маблағгузории ин ё он иншоотро ба зимма гирифтаанд. Чунончи, дар барномаи рушди ноҳияи Ванҷ барои иҷрои бандҳои барнома аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 17 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, аммо чунин маблағро мақомоти вилоятӣ дар ихтиёр надорад. Даромадҳои ноҳия ҳам кам ва барои амалисозии бандҳои барнома, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба зимма гирифтааст, нокифоя мебошанд, - таъкид кард раиси вилоят Ёдгор Файзов.
Тибқи иттилои раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мӯсо, аз рӯи барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2015 - 2020 дар ноҳия бояд 134 лоиҳа (банди барнома) амалӣ мегашт. Мутаассифона, то ҳол фақат 29 банди барнома пурра иҷро гардидаасту халос. Кор дар амалисозии 59 банд идома дошта, дар 46 иншооти тибқи барнома бунёдёбанда, кор оғоз наёфтааст. Раиси ноҳия аниқ набудани сарчашмаи маблағгузорӣ ва мувофиқаи нокомил бо идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ин самтро сабаби асосии иҷро нагардидани аксари бандҳои барнома маънидод кард. Масалан, дар нақша буд, ки дар ноҳия коргоҳҳои коркарди мева ва маҳсулоти чорводорӣ бунёд шаванд, вале ин бандҳои барнома ноиҷро монданд. Зеро ин бандҳои барнома бо идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа нашудаанд ва сарчашмаи ашёи хоми ин корхонаҳо низ номаълум аст. Доир ба ин масъала раисони ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Мурғоб низ гузориш доданд. Мавҷудияти чунин норасоиҳо зимни баррасии барномаҳои рушди ин ноҳияҳо зикр гардид. Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки агар ҷанги шаҳрвандӣ рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриро ба даҳ сол ақиб партофта бошад, ноамниҳо дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рушди он боз даҳ соли дигар халал расонданд. Мусаллам аст, ки ҳеҷ сармоягузор барои рушди минтақае, ки ноором аст, маблағгузорӣ намекунад.
Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди ноҳияҳо барои солҳои 2021 -2025 ба камбудиҳое, ки дар барномаҳои пеш ҷой доштанд, роҳ надода, лоиҳаҳоеро пешниҳод намоянд, ки дархӯрди талаботи воқеии ҷомеа бошанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2020 №: 210 Мутолиа карданд: 777