сиёсат
АРЗИ САДОҚАТ БА ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН
Номаи шодбошӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Мо, тоҷикони деҳаи Чодаки ноҳияи Поп ва шаҳри Чусти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фараҳманд аз онем, ки Президенти азизу меҳрубони мо Шавкат Мирзиёев бародар – дӯсти азизу меҳрубоне чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доранд.
Ҳоло бошад, Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигарбора пирӯз шуда, ба он чи мо интизор будем, зафар ёфтанд. Аз ин рӯ, бо хушҳолии тамом ин музаффариятро ба Пешвои миллат ва мардуми сарбаланди тоҷик таҳният мегӯем.
17 октябри соли 2020 ба шарафи пирӯзӣ дар интихобот мо дар деҳаи Чодаки ноҳияи Поп «дастархони музаффарият» ороста, барои таҳкими дӯстии халқҳои бародари тоҷику ӯзбек ва саломатии сарварони ду давлати дӯст дасти дуо бардоштем. Зеро маҳз бо иродаи ҳамин абармардони таърих робитаи наздики ду халқи бародар, ки солҳо аз ҳам дур афтода буданд, барқарор гардид ва тоҷику ӯзбек аз нав ба ҳамдигар оғӯш кушоданд.
Муҳтарам Пешвои миллат, мо - тоҷикони деҳаи Чодак ва шаҳри Чуст дар доираи гиромидошти арзишу анъанаҳои миллии халқамон ва бо орзуву ниятҳои нек барои Шумо ҷомаву тоқӣ ва миёнбанди махсус омода кардем, ки умед дорем, дар фурсати муносибе бароятон тақдим намоем. Зеро итминон дорем, ки миллати тамаддунсози тоҷик таҳти сарварии оқилонаи Шумо ба дастоварду муваффақиятҳои аз ин ҳам бештар ноил гардида, анъанаҳои неки бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек пойбарҷову таҳким меёбанд. Ба Шумо саломатии бардавом ва ба миллати шарафмандамон иқболи баланду хушрӯзиҳо таманно дорем!
Бо камоли эҳтиром,
Муҳаммад ЗАФАРИДДИН ва Муҳаммад ЗАЙНАЛОБИДДИН,
хизматчиёни давлатии Роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
Равшаной ҒОИБНАЗАРОВА, Гулшаной, Рӯшаной ва Наргизахон ИСОМАДДИНОВАҲО, омӯзгорони мактабҳои №№ 20, 26, 50 ноҳияи Поп, Раҳмон ҒОИБНАЗАРОВ, корманди кони тиллои Чодак, Муҳтадир ҚУРБОНБОЕВ, донишҷӯи Донишгоҳи муҳандисии шаҳри Намангон, Баҳодур ҲАКИМОВ, соҳибкори шаҳри Чуст, Махфират ҲАКИМОВА, сокини шаҳри Чуст, Исломиддин АСЛОНОВ, сардори гурӯҳи ташаббускори таблиғот ва ташвиқотии «Муштарак», Муҳаммадҷон МУҲИДДИНОВ, узви гурӯҳ, Раҳимҷон ҲАМДАМОВ, Рассоми халқии Тоҷикистон ва дигарон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2020 №: 210 Мутолиа карданд: 731