logo

иқтисод

РОҲИ НАҶОТ АЗ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ОБ

Аз ҳаҷми умумии оби кураи Замин, ки баробар ба 1 миллиарду 400 миллион километри мукааб аст, танҳо 2,5 дарсад, яъне зиёда аз 35 миллион километри мукааб, оби нӯшоӣ мебошад. Пас, моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмат бирасем. Вагарна норасоии оби тоза ҳаётро метавонад торафт мушкилтар намояд. 

Ҳоло миллиардҳо сокини сайёра аз норасоии оби тозаи нӯшоӣ душворӣ доранд, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ низ, 1,6 дарсад сокини дунё боре ҳам оби тоза нанӯшидааст. Мамлакатҳои Шарқи Наздик, қисми шимолии Амрико, Африқо ва Австралия захираҳои обии камтарин доранд.
Мутобиқи маълумот, истеъмоли оби бесифат дар як сол боиси марги 3,5 миллион нафар аҳолии рӯйи Замин мегардад. 84 дарсади ин шумораро кӯдакони то синни 14 ташкил медиҳанд. Олимони тиб ҳушдор медиҳанд, ки манбаи пайдоиши аксари бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла домана ва тиф, маҳз норасоӣ ва ифлосии оби тозаи нӯшоист.
Норасоии об ва дастрасӣ надоштан ба оби тозаю санитария мушкилоти доғи сайёра ба ҳисоб мераванд. Бино ба маълумот, то охири даҳсолаи ҷорӣ ҳудуди 2 миллиард ва то соли 2030 беш аз 40 дарсади аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди об дучор хоҳад гардид. Чунин вазъ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар масъалаҳои таъмини об, истифодаи оқилона ва безараргардонии он аз ифлосшавӣ тадбирҳои саривақтии ҷиддӣ андешанд.
Маҳз мушкилоти марбут ба оби мардуми ҷаҳонро ба эътибор гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷиби башардӯстона баромад намуданд. То имрӯз чор пешниҳоди Сарвари давлат оид ба об аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст: Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005 – 2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013).
21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории аксари кулли сарони давлатҳои аъзо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуш истиқбол гирифта, дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» қатънома қабул намуд. Эълон гардидани даҳсолаи нави байналмилалӣ - ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи нӯшоӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват месозад.
Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар иҷлосияи 72 - юми МУ СММ татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи нави эълонгардидаро ба Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба захираҳои об мувофиқ ва дар роҳи ҳалли мушкилоти мардуми ҷаҳон қадами ҷиддӣ арзёбӣ намуд.
Ҳадафҳои асосии даҳсола ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, пайомадҳои манфии нарасидани оби този нӯшоӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ барои ҳалли ин проблемаи афзоянда мебошанд. Амалисозии барнома давлатҳои минтақаро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об гирди ҳам меоварад.

Чинигул ЭМОМНАЗАРОВА,
омӯзгори МТМУ № 14,
ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2020    №: 211    Мутолиа карданд: 974
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед