logo

иқтисод

БОХТАР. БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД...

Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Бохтар, бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуди молиявӣ, аз соли 2016 то кунун беш аз 23 километр роҳи нақлиётӣ ва наздики 22 километр пиёдароҳро таҷдид карда, чанд иншооти иловагии роҳ эъмор намуд.
Ба қавли Тӯрдиназар Арзиқулов, сардори муассиса, дар нуҳ моҳи соли равон 363 метри мукааб чуқурча ва қитъаҳои фурӯрафтаи роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар чорроҳаи сернақлиёти шафати бозори Ҳоҷӣ Шариф ҳалқаи роҳ сохта шуда, атрофи он ба дарозии 614 метр мумфарш гардид. Дар ин давра дар маҷмӯъ бо дарозии қариб 92 километр хати уфуқии тақсимкунандаи роҳ ва ба масоҳати зиёда аз 1 ҳазору 685 метри мураббаъ хат барои пиёдагардон кашида шуд. Дар даромадгоҳи маҳаллаи Ғайрат дар масоҳати 160 метри мураббаъ таваққуфгоҳи нақлиёти мусофиркаш бунёд ёфт.
То 1 сентябр аз буҷети маҳаллӣ барои эҳтиёҷоти ин муассиса каме бештар аз 512 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтааст, ки аз ин ҳамагӣ 280 ҳазор сомониаш барои нигоҳдории роҳи нақлиётгард пешбинӣ шудааст.
- 133,3 километр роҳи дохилишаҳрӣ дорем. Аз ин 74,1 километраш асфалтпӯш, қабати болоӣ 59,2 километри дигар фарсуда ё сангфаршанд. Ва агар мо ҳар сол ин роҳҳоро шашкилометрӣ ҳам мумфарш кунем, тақрибан 10 сол зарур аст, – гуфт сардори муассиса.
Хушбахтона, ин мушкил ба шарофати ғамхории Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷойе роҳи ҳал пайдо кардааст. Аз соли 2015 дар ҳошияи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ татбиқ гардида истодааст. Дар марҳилаи якум 6,3 километр, дар марҳилаи дуюм 7,3 километр роҳ бо сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳо навсозӣ гардид.
 - Ҳоло марҳилаи сеюми лоиҳа идома дорад. Бо назардошти босифат анҷом шудани корҳо 5,5 километр хатҳои оби зери роҳ иваз гардида, дар 13 кӯча бо дарозии 16,6 километр ҷӯйҳои канори роҳ сохта, чароғпояҳо гузошта шуд. Дар кӯчаи Қазоқони маҳаллаи Маданият бунёди як кӯпруки 6-метра ба анҷом расид. Корҳои асосии сохтмонӣ дар кӯпруки дигари 20-метра поён ёфта, он ҳам дар моҳҳои наздик ба истифода дода мешавад, – илова кард Т. Арзиқулов.
Мушкилоти ин муассисаро, ки марбут ба вазъи иқтисодист, соҳибкорони ватандӯст низ то ҷойе осон кардаанд. Чунончи, ашхоси саховатпеша дар нуҳ моҳ дар маҳаллаи Истиқлол зиёда аз 1 ҳазору 600 метр роҳро шағалпӯш намуда, ба дарозии 200 метр ҷӯйбори бетонӣ хобонданд, дар маҳаллаи Хатлон бошад, 1 ҳазору 200 метрро шағалпӯш карда, ҷӯйбор сохтанд. Дар кӯчаи Борбад атрофи коллеҷи хусусии тиббии шаҳри Бохтар бо дарозии 140 метр ва паҳноии 5 метр мумфарш гардида, 100 метр ҷӯйбори бетонӣ сохта шуд ва дар масоҳати 550 метри мураббаъ таваққуфгоҳи нақлиёт бунёд ёфт. Дар кӯчаи ба номи Ҷалилов ду кӯпруки мошингузар сохта, ба истифода дода шуд. Дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкорон ба дарозии 326 ва паҳноии 6,5 метр роҳҳои назди корхонаҳои истеҳсолӣ сангфарш ва саҳни корхонаи велосипедбарорӣ ба дарозии 84 ва паҳноии 6 метр мумфарш гардид. 1,8 километр роҳи маҳаллаи Зарбдор ҳам сангфарш карда шуд.
Дар ҳаҷми 300 метри мукааб қум, 17,5 тонна намак, 5 метри мукааб ҳезум, ҳазор литр сӯзишворӣ захира кардан барои бидуни мушкил паси сар кардани фаслҳои сарди сол ё ба ибораи дигар, дар роҳҳо пошидани маводи зидди лағжиш самти дигари фаъолияти муассиса аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2020    №: 211    Мутолиа карданд: 792
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед