logo

иқтисод

СУҒД. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НУҲМОҲА

Дар маҷлиси фаъолон, ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз гузориши муовини раиси вилоят Мирзобаҳодур Баҳодуров бармеояд, сарфи назар аз мушкили паҳншавии бемории коронавирус – COVID-19 ва то андозае таъсири манфии он, дар натиҷаи талошҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва заҳматкашони вилоят дар маҷмӯъ рушди бонизоми иқтисодӣ таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10 миллиарду 676 миллион сомониро ташкил дод, ки дар  муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта  1 миллиард сомонӣ зиёд буда , афзоиш ба 18 дарсад баробар аст. Истеҳсоли  семент 948,5 ҳазор, ангишт 1,3 миллион, орд 388,1 ҳазор,  равғани рустанӣ  3 ҳазору  295,3 тоннаро  ташкил дод, ки дар қиёс ба соли қаблӣ аз 2 то 2,5 маротиба зиёд мебошад.
Дар ҳудуди вилоят ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 300 корхонаи хурду бузурги саноатии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда  ба нақша гирифта, дар нуҳ моҳ 73 корхонаю коргоҳ ба истифода дода шуд ва аз ин ҳисоб 1085 сокини вилоят бо ҷойи нави корӣ таъмин гашт.
Дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди кишоварзӣ дар шароити басо мушкили паҳншавии пандемияи COVID-19 ва аз замин рӯёндани 2-3 ҳосил ҳам бор оварда, кишоварзон тавонистанд дар 9 моҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 7 миллиарду 406,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кунанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8 дарсад  зиёд аст. Ғаллакорон дар натиҷаи истифодаи тухмиҳои  ҳосилдеҳ ва риояи технологияи замони муосир 286,2  ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 12 дарсад зиёд мебошад ва тавре зикр шуд, дар сурати боз ҳам ривоҷ додани соҳа солҳои наздик истеҳсоли онро то 1,5 - 2 баробар зиёд кардан имконпазир аст. Афзоиши тавлидоти картошкаю пиёз, полизиҳо, зардолу, ангур мутаносибан 113,7 - 117,7 – 109 - 107 дарсадро ташкил дод.
Яке аз ҳадафҳои муҳиму наздиктарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми фаслҳои сол таъмин кардани аҳолии кишвар бо сабзавоту меваҷоти худӣ  ва содироти он маҳсуб ёфта, бояд дар ин самт дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ садҳо гектар гармхонаҳои замонавӣ ва сардхонаҳо бунёд карда шаванд. Бино ба гузориши Мирзобаҳодур Баҳодуров, феълан дар вилоят 36 сардхона бо ғунҷоиши  умумии 8 ҳазору 680 тонна фаъолият дорад. Майдони умумии гармхонаҳо  ҳам васеъ шуда, ҳоло дар 453 гармхона (18, 6 гектар) парваришу истеҳсоли бодирингу помидор, сабзаҷот, лимӯ ва гулҳои рангоранг ба роҳ монда шудааст.
Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар истеҳсоли нахи пахтаи сифатан аъло дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи назаррас дорад ва ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат лоиҳаҳои зиёд  роҳандозӣ шуда, дар ин замина солҳои наздик корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ шурӯъ аз коркарди аввалия - риштаву калоба  то маҳсулоти тайёр  бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва ҷиҳати таъмини онҳо бо ашёи пурқимати саноатӣ майдони кишти пахта васеъ карда мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, оид ба ин масъала таъкид дошт, ки масъулини соҳаи саноати сабуки вилоят бояд дар талош бошанд, ки аз миқдори умумии 40 ҳазор тоннаи нахи дар вилоят истеҳсолшуда  дар марҳилаи имрӯз аққалан 15 ҳазор тоннаашро  ба маҳсулоти нимтайёру тайёр табдил диҳанд.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳоро дар шароити мушкили иқтисодӣ ба афзунбахшии ҳаҷми содирот ба хориҷи кишвар ҷалб сохт.
- Рушди муътадили иқтисодиёти вилоят, равнақи мушаххаси соҳаҳои гуногун ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти зарурии рӯзгор аз бисёр ҷиҳат бо содирот робитаи қавӣ дорад. Мутаассифона,  нишондиҳандаҳо дар нуҳ моҳи соли равон дар ин самт моро қонеъ кунонда наметавонанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми воридот ба вилоят  афзуда, содирот кам шудааст, яъне воридот 947,9 миллион ва содирот 239 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳатто содироти маъдану семент коҳиш ёфтааст.  Сарфи назар аз мушкилот ва омилҳои субъективӣ, мо бояд ба беҳтар кардани нишондиҳандаи содирот дар ҳамаи самтҳои истеҳсолӣ ноил гардем,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси вилоят, ҳамчунин, доир ба татбиқи пурраи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, беҳтарсозии вазъи иқтисодӣ, иҷрои нақшаи андозҳо,  пешгирию табобати бемории COVID-19, сари вақт ҷамъ овардани ҳосили пахтаю сабзавот ва мева, омодагии ҷиддӣ ба мавсими зимистон сухан гуфта, ба раисони шаҳру навоҳӣ ва масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2020    №: 212    Мутолиа карданд: 896
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед