иқтисод
РОШТҚАЛЪА. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД
Роштқалъа замони соҳибистиқлолӣ дар қиёс ба солҳои пеш хеле пешрафт кард. Бино ба гуфтаи раиси ноҳия Лоиқ Назаршозода, ин муддат дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои зиёд рӯи кор омаданд ва барномаҳои зиёд амалӣ шуданд. Хосса сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, ба рушди иқтисодию иҷтимоии Роштқалъа такони ҷиддӣ бахшиданд. Ободиву бунёдкориҳои ҷадиде, ки дар солҳои охир рӯйи кор омаданд, маҳз бо дастуру супориши Пешвои муаззами миллат сурат гирифтанд.
Раиси ноҳия бо қаноатмандӣ изҳор кард, ки ба шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои зиёде ба даст омаданд. Ислоҳоти куллии соҳа ва ба талаботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ намудани он ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорво, сабзавоту картошка, беҳтар гардидани вазъи молиявӣ ва дар ин замина баланд шудани сатҳи зиндагии сокинони деҳот мусоидат намуд. Дар ноҳия ба рушди соҳаи қутоспарварӣ, ки яке аз манбаъҳои сердаромад ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Имрӯз хоҷагиҳои фермерӣ ва инфиродӣ дар водии Ҷавшангоз соҳиби 1565 сар қутос буда, аз ҳисоби парвариши он фоидаи калон ба даст меоранд.
Дар деҳоти ноҳия дар самти вусъати корҳои ободониву созандагӣ иқдомҳои нек амалӣ мегарданд. Дар доираи барномаи рушди деҳоти дурдаст дар деҳаҳои Сежд, Занудҷ, Бидиз корхонаҳои коркарди мӯина фаъолият доранд. Дар ин корхонаҳо бонувони ҳунарманд ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои коркарди мӯина на танҳо дар бозори дохилӣ харидорони зиёд дорад, балки ба берун аз вилоят, ҳамчунин, ба хориҷи кишвар низ содирот мегардад.
Бо вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ду соли охир симои маркази ноҳия бо қомат афрохтани биноҳои хуштарҳи замонавӣ хеле зеботар шуд. Соли 2018 зимни сафари корӣ ба ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5 - ошёнаи ҳар кадоме дорои 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Имрӯз корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бомаром ҷараён доранд.
Айни замон дар маркази ноҳия сохтмони иншооти муҳим, аз қабили биноҳои маъмурии шуъбаҳои вазорату идораҳои гуногун (корҳои дохилӣ, нозироти андоз, молия, амнияти миллӣ, адлия ва ғайра) идома дорад. Қисме аз биноҳо дар остонаи Ҷашни 29 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар баробари маблағгузории давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар пешрафти ноҳия соҳибкорони алоҳида ва аҳолӣ низ саҳмгузорӣ менамоянд. Аз ҳисоби бахши хусусӣ солҳои охир корхонаҳои хурди коркарди мева, шарбатбарорӣ, чӯбкорӣ, сехҳои хурди бофандагию дӯзандагӣ ташкил карда шуданд, ки барои муҳайё кардани ҷои кор барои сокинони ноҳия ва ғанигардонии буҷаи оилавии онҳо мусоидат менамоянд. Бо иқдоми соҳибкорон дар ноҳия, тарабхона бо 300 ҷойи нишаст, марказҳои савдо, коргоҳи коркарди меваю сабзавот, маркази таъмири техникаи маишӣ ва толори зебоӣ, коргоҳи нонпазӣ ва корхонаҳои хурди хиштбарорӣ ва тунукасозӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин, бо ҷалби ин қишри ҷомеа айни ҳол бунёди фароғатгоҳ ва табобатгоҳ дар мавзеи Куки Ҷамоати деҳоти Сежд, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, шустушӯю таъмири автомобилҳо ва таваққуфгоҳи шабонарӯзӣ идома дорад.
НБО “Себзор” бо тавоноии 11 мВт иншооти муҳими сохташаванда дар ноҳия мебошад. Дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят аз 22 августи соли равон Сарвари давлат таъкид карданд, ки аз ҷониби Ҳукумат барои сохтмони неругоҳ, хати интиқоли барқи Себзор - Хоруғ ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 11- квт беш аз 550 миллион сомонӣ равона мегардад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот оғоз гардидаанд.
Бо дастури Пешвои миллат ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия вобаст гардид. Аз тарафи вазорат ва ширкати “Помир энерҷи” дар ноҳия нақшаи бунёди 43 иншоот ба маблағи 2034,3 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфт. Дастгириҳои вазорату ширкати “Помир энерҷи” асосан дар самти азнавсозии хатҳои интиқоли неруи барқ, сохтмони роҳҳои мошингард, хатҳои обгузар, таъмири муассисаҳои таълимӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва таъмини онҳо бо мизу курсӣ, сохтмони боғчаи бачагона дар маркази ноҳия, сохтмону таҷдиди толору майдончаҳои варзишӣ, бунёди наврӯзгоҳҳо дар деҳоти дурдаст, ташкили ҳавзи моҳипарварӣ, беҳтарсозии дастрасии аҳолии рустоҳои алоҳида ба неруи барқ хушҳолкунандаанд ва мардуми ноҳия, бахусус ҷавонон, аз ин илҳоми тоза гирифта дастҷамъона дар корҳои созандагӣ саҳмгузорӣ мекунанд. Имрӯз дар деҳоти ноҳия сохтмони 18 майдончаи варзишӣ бо қувваи худи ҷавонон тариқи ҳашар идома дорад.
51 майдончаи варзишӣ ва 6 толори варзиш дар ихтиёри ҷавонон қарор доранд. Бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои об сохтмони 2 толори варзиш ба итмом расид. 4 толори дигари варзишӣ бо таҷҳизот таъмин гардида, сохтмони 1 толор идома дорад.
Бо назардошти афзунии ҷойҳои таърихию фарҳангӣ дар қаламрави ноҳия рушди сайёҳӣ ояндаи дурахшон дорад. Алҳол дар ноҳия 121 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Барои хизматрасонӣ ба сайёҳон 2 меҳмонхона ва 8 ҳомстей мавриди фаъолият қарор дошта, сохтмони як меҳмонхонаи замонавӣ идома дорад. 12 ҳаммом, 7 сартарошхона, 4 кошонаи ҳусн, осорхона, тарабхона ва 4 ошхона фаъолият мекунанд. Ба рушди ҳунарҳои мардумӣ 221 нафар машғул буда, солҳои охир ҳунарҳои оҳангарӣ, кандакорӣ, созтарошӣ, қошуқтарошӣ, табақтарошӣ, рассомӣ, палосбофӣ, ҷуроббофӣ, тоқидӯзӣ, муҳрабофӣ, намадмолӣ, гулдӯзӣ ва ресандагӣ рушд намудаанд.
- Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкоронаю ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва идораҳои масъули кишвар минбаъд низ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри рушду нумӯи диёрамон ҳарчи бештар ҳиссагузорӣ мекунанд. Авҷи корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Роштқалъа хушҳолкунанда буда, дар ояндаи наздик маркази ноҳия ва деҳоти он ба як гӯшаи биҳиштии ватани маҳбубамон табдил хоҳанд гашт, - гуфт Лоиқ Назаршозода.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.10.2020 №: 212 Мутолиа карданд: 833