logo

фарҳанг

ПОЙДЕВОРИ АСОСИИ ТАФАККУРИ МУҲАНДИСӢ

Илмҳои техникӣ қонуниятҳои раванд ва ҳодисаҳоеро меомӯзанд, ки барои ба даст овардан ва ё истифода бурдани захираҳои табиӣ, эҷод намудани дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ равона шудаанд. Ин илмҳо маҷмӯи донишро доир ба хусусият ва таъсири байниҳамдигарии фанҳои дигар, таъсири онҳо ба ҷамъият дар арсаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва муҳити зист дар бар мегиранд. Баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва беҳтар намудани шароити зисти одамон асоси рушди ҷамъият ва муваффақияти он мебошад. Пешравии илмӣ - техникӣ бошад, дар навбати худ ба раванди аз худ намудани фанҳои физика, риёзӣ, геометрия ва амсоли онҳо алоқаманд аст.
Пешравиҳои илму техника дар натиҷаи заҳмати ҳамарӯзаи кормандони соҳаҳои гуногун ба вуҷуд омада, дар якҷоягӣ асоси инқилобии техникиро ба вуҷуд меорад, ки нишонаи асосии он тағйирёбии воситаҳои истеҳсолот ва рушди технология мебошад. Инкишофи соҳаҳои нав бо муваффақият дар илми физика, радиотехника, биологияи молекулярӣ, нанотехнология ва ғайра алоқаманд аст. Дастовардҳо дар самти автоматисозӣ ва электрикунонии истеҳсолот, ҳамчунин, барои рушди илмҳои риёзӣ ниҳоят муҳиманд.
Инкишофи босуръати истеҳсолот дар асоси истифодаи мошинҳои комили автоматӣ идорашаванда, ки меҳнати ҷисмонӣ ва ғайриэҷодии ақлониро иваз менамоянд, ҳамзамон ба афзудани маҳсулнокии меҳнат шароити мусоид фароҳам меоранд. Таҳкурсии илмҳои техникӣ фанҳои риёзиёт, физика, автоматика ва воситаҳои техникаи ҳисоббарор буда, дар пайвастагӣ бо дигар фанҳо инкишоф меёбанд. Дар навбати худ, азхуд намудани ин фанҳо асоси рушди касбҳои муҳандисиро ташкил медиҳад.
Нақши муҳандис (инженер) дар ҷомеаи тараққикарда бузург аст. Он сатҳи баланди донишу малакаҳои тахассусиро талаб дорад. Барои ҳамин, муҳандисон на фақат дар пайи иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ бошанд, балки ба касби хеш эҷодкорона муносибат намуданро низ бояд омӯзанд. Дар шароити муосир, ки мамлакатҳои дорои иқтисодиёти пешрафта нақшаи истифодаи васеи нанотехнологияро дар истеҳсолот доранд, нақши муҳандис масъулиятноктар ва эҷодкоронатар шуда, маънои ибтидоиашро соҳиб мешавад (яъне эҷодкор, ихтироъкор).
Дар оянда, ки ба уҳдаи воситаҳои электронии ҳисоббарорӣ - компютерҳо корҳои бисёртарро мегузоранд, имконияти боз ҳам васеътари ба кори эҷодӣ ҷалб шудани муҳандисон ба вуҷуд меояд. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки муҳандисон дастовардҳои илмиро дар муддатҳои кӯтоҳтарин дар истеҳсолот тадбиқ намуда, маҳсулнокии меҳнатро афзун намоянд. Муҳандиси муосир бояд дорои малакаи ташаккулёфтаи эҷодии мустақили техникӣ бошад ва ҳалли масъалаҳои техникию иқтисодиро ҳамаҷониба таҳлил карда тавонад. Ҳамин тавр, пояи асосии касбҳои муҳандисӣ ин дуруст ба роҳ мондани омӯзиш ва азхуд намудани фанҳои табиӣ ва риёзист. Дарки дурусти омӯзиш ва дар сатҳи зарурӣ донистан ва истифода бурдани ин фанҳо ба шахс имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими муҳандисиро ба таври умум барои ояндаи наздику дур ҳаллу фасл намояд.
Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти 20 - солаи омӯзиши фанҳои табиӣ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020 – 2040 саривақтӣ буда, он ба пешрафти соҳаҳои муҳандисӣ низ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ҳамзамон, дар баробари рушди фанҳои муҳандисӣ ба ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат ноил хоҳад гардид. Гузариш аз мамлакати аграрӣ – саноатӣ ба саноатӣ – аграрӣ ба муҳандисони баландпоя ниёз дорад. Ин иқдом на фақат ба пешрафти соҳаҳои муҳандисӣ таъсири мусбат мерасонад, балки ба пешрафти иқтисод таҳким бахшида, дар навбати худ кишвари моро ҷиҳати дастрасӣ ба технологияҳои навин ба сатҳи нав мебарорад.
Дар бисёр мавридҳо мушоҳида мегардад, ки барои интихоби касб ба хонандагон падару модар кумак мерасонанд, ё дар ҳолатҳои дигар худи волидон маҷбуран ба фарзандон касб интихоб менамоянд. Дар интихоби касб бояд шавқу рағбати хонанда ба назар гирифта, барои он монеа эҷод карда нашавад. Эҷоди монеа дар интихоби фарзанд таъсири манфӣ расонда, истеъдоди воқеии ӯ инкишоф нахоҳад ёфт.
Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад. Гузашта аз ин, Сарвари давлат дастур доданд, ки аз шумораи умумии Стипендияҳои президентӣ 70 дарсад барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад. Умед бар он дорем, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ як нақшаи мукаммали корӣ дар самти омӯзиши ин фанҳо бо назардошти ба роҳ мондани озмуну олимпиадаҳои гуногун таҳия гардида, дар амалишавии рушди фанҳои табиӣ ва риёзӣ саҳми босазо хоҳад гузошт.

Лоиқ ҚАСОБОВ,
дотсенти ДТТ ба номи М. Осимӣ,
номзади илмҳои техникӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2020    №: 212    Мутолиа карданд: 730
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед