logo

иқтисод

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. ЯК СОЛ ПАС АЗ МУЛОҚОТ

«Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд».
                                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН
Иттифоқҳои касаба ба ҳайси як ниҳоди ҳимоятгари ҳуқуқҳои меҳнаткашон маъруфият доранд. Баъди соҳибистиқлолии кишвар иттифоқҳои касаба шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, ҳифзу ҳуқуқ ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро дар меҳвари фаъолият қарор додаанд.
Дар вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки 24 октябри соли 2019 баргузор шуда буд, маҳз ҳамин нукта дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Аз ин вохӯрии таърихӣ, ки дар китоби ифтихории Иттифоқҳои касаба бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст, як сол сипарӣ шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба вазифаҳои муҳимтарини иттифоқ сухан гуфта, дастуру ҳидоятҳое доданд, ки ба фаъолияти мо баҳри иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ такони тоза бахшиданд. Ин ҳидоятҳои Пешвои миллат дар фаъолияти Иттифоқҳои касаба на танҳо барои як - ду сол, балки барои солҳои зиёд эътибори муҳим хоҳанд дошт. Сабақҳои таърихие, ки дар ин вохӯрӣ гирифтем, водор менамоянд, ки имрӯз аз дирӯз ва фардо аз имрӯз беҳтару хубтар кор кунем.
Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба равандҳои муосири ҷомеа мутобиқ карда шавад. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баҳри иҷрои  ин ҳидоят комиссияи босалоҳият таъсис дод ва Оинномаи нави Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳия карда шуд. Он 26 августи соли ҷорӣ дар анҷумани навбатӣ қабул гардид. Оинномаи нав ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии замони муоссир ҷавобгӯст.
Сарвари давлат дар ин мулоқот ба ҳифзи меҳнат, ҳамкории иттифоқҳои касаба бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, санҷиши иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда буданд. Барои иҷрои ин вазифаҳои муҳим қарорҳои дахлдор қабул шуда, Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттифоқҳои касаба» баррасӣ гардид. Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он баъди таҳлили ҳамаҷониба лоиҳаи ин ҳуҷҷатро барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва минбаъд он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Аз рӯйи нақшаи таҳияшуда гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, новобаста аз шакли фаъолияташон, суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. Дар ин вохӯриҳо бештар дар бораи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои вазифаҳои бамиёнгузоштаи Пешвои муаззами миллат сухан рафт.
Айни замон дар корхонаю муассисаҳо  иҷрои бандҳои созишномаҳои генералӣ, соҳавию минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ хуб натиҷагирӣ мешаванд. Мо хуб дарк менамоем, ки ҳидоятҳои Президенти кишвар маънои онро доранд, ки ҳангоми таҳия ва қабули созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ба талаботи бозори меҳнат, имкониятҳои мавҷудаи корхонаю муассисаҳо ва такмили маҳорати касбии кормандон аҳамияти бештар диҳем.
Натиҷаҳои дар зарфи як соли баъди мулоқот бадастомада собит менамоянд, ки корҳои амалӣ барои иҷрои дастуру вазифаҳои бамиёнгузоштаи  Сарвари давлат   хуб ҷараён доранд. Дар мулоқот таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи амали  иттифоқҳои касаба барои солҳои 2020 - 2027» ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои фаъолияти самарабахши ин ниҳод аҳамияти калидӣ дорад, таъкид шуда буд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузв ин корро дар муҳлати пешбинишуда иҷро намуданд. Барномаи мазкур дар Анҷумани навбатии иттифоқҳои касабаи кишвар қабул шуд ва он барои фаъолияти намояндагони ин ташкилоти ҷамъиятӣ заминаи хуб фароҳам овард.
Иҷрои вазифаҳои дар ин вохӯрӣ бамиёнгузоштаи Пешвои миллат дар ҷаласаҳои шӯроҳои иттифоқҳои касабаи вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ташкилотҳои ҳамузви федератсия баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, оид ба ин масъала намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузв ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баромад намуда, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат», рӯзномаҳои тахассусии «Ҳамраъйӣ», «Иттифоқ», «Кошонаи умед» маводи зиёд ба нашр расонданд.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тақозои рисолати оинномавии худ барои иҷрои вазифаҳои дар ин вохӯрӣ бамиёнгузошташуда ва нақшаи чорабиниҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ пайваста талош намуда, ҳамшарикии худро бо Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору зиндагии заҳматкашон тақвият мебахшанд.

Исмоил ФАЙЗИЗОДА,
раиси Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2020    №: 214    Мутолиа карданд: 698
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед