барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
3 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷалолатмаоб!
Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи ахири террористон, аз ҷумла ба Донишгоҳи Кобул ва болои неруҳои давлатии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, боиси андуҳи беандозаи мо гардид.
Тоҷикистон ин амалҳои ғайриинсонии неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2020 №: 215 Мутолиа карданд: 5240