фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шералӣ Мирзо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шералӣ Мирзо аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2020, № 14
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2020 №: 215 Мутолиа карданд: 618