фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъйин намудани Амонзода Ш. Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Амонзода Ширин Шодӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2020, № 35
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2020 №: 215 Мутолиа карданд: 991