фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Турсунзода Бобоҷон Давлат бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод карда шавад.
2. Саидзода Илҳом Ҳамид аз вазифаи раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, Раҳматулозода Беҳруз Раҳматуло аз вазифаи судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2020, № 47
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2020 №: 217 Мутолиа карданд: 1922