иқтисод
ҶАНГАЛ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ ДУ БАРОБАР АФЗУД
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангал моликияти давлат буда, барои нигоҳубин ва барқарорсозии он муассисаҳои хоҷагии ҷангал тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Тавре директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб Мираҳмад Давлатов ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар мувозинати хоҷагии ҷангали минтақа 237 ҳазору 91 гектар замини фонди ҷангал мавҷуд аст. Ҳоло дар хоҷагиҳои ҷангали минтақа 317 нафар кору фаъолият менамояд. Соли гузашта 155 гектар ҷангалзори нав бунёд ва 399,4 гектар ҷангалзори куҳна аз нав барқарор карда шуд.
Бунёди 43 гектар ҷангал бо тариқи кишти тухмӣ ва 86,6 гектар бо усули шинондани ниҳол ба роҳ монда шуд. Ғайр аз ин, ҷангалпарварони минтақа дар майдони 98 гектар писта, 41,7 гектар бодом, 53,7 гектар чормағз, себ, хуч, зардолу ва анор шинонданд.
Кормандони хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Данғара, Фархор, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон дар соли сипаригашта 110 тонна меваи тухмдор, 28 тонна меваи хушк, 28,5 тонна чормағз, 82 тонна меваи донакдор, 7,2 тонна бодоми талх, 9 тонна хуч ва 1,6 тонна зелол ҷамъоварӣ намуданд.
- Дар бунёду барқароркунии ҷангалзор аз ниҳолҳои худӣ истифода бурда мешавад. Барои бо ниҳолҳои худӣ таъмин кардани хоҷагиҳо ва истифодаи ниҳолҳои ба иқлим мусоид дар назди ҳамаи хоҷагиҳои ҷангали минтақа ниҳолхонаҳои хурд фаъолият менамоянд. Имсол дар ниҳолхонаҳо ба миқдори беш аз 850 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш кардем. Ниҳолҳо, инчунин, дар ярмаркаи фурӯш дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба фурӯш бароварда шуданд, - гуфт Мираҳмад Давлатов.
Ҳоло дар ниҳолхонаҳои хоҷагиҳои минтақа ба миқдори зиёда аз 354 ҳазор бех ниҳол парвариш ёфта, дар майдони 12,9 гектар кишти тухми ниҳолҳо гузаронда шудааст. Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар майдони 321,3 гектар, пурракунии зичии ниҳолҳо ба анҷом расидааст.
Мутаассифона, ҳоло ҳам шахсоне пайдо мешаванд, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Аз тарафи нозирони ҳифзи ҷангали минтақа то имрӯз 178 санад тартиб дода, қонуншиканҳо ба маблағи 38 ҳазору 71 сомонӣ ҷарима баста шудаанд, аз ҷумла 99 санад ба маблағи 22 ҳазору 340 сомонӣ барои буриши ғайриқонунии ҷангал, 18 санад ба маблағи 2 ҳазору 291 сомонӣ барои худсарона чарондани чорво, 55 санад ба маблағи 12 ҳазору 34 сомонӣ барои ҷамъоварии ғайриқонунии маҳсулоти ҷангал, 4 санад ба маблағи 406 сомонӣ барои шикори ғайриқонунӣ.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагии ҷангали ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз тобеияти минтақаи Кӯлоб бароварда, ба мамнӯъгоҳи «Даштиҷум» ворид карда шуд. Дар ин мамнӯъгоҳ дар баландкӯҳҳои Эмом Аскара бузҳои пармашох нигоҳубину парвариш мешаванд. Ба ғайр аз бузҳои пармашох боз 53 сар бабри сафеди барфӣ ба қайд гирифта шудааст, ки шикори онҳо қатъиян манъ аст.
Имсол дар МД «Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб» аз ҳисоби даромад 581 ҳазору 898 сомонӣ ва аз ҳисоби фурӯши маҳсулот 319 ҳазору 376 сомонӣ фоида ба даст омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду маротиба зиёд мебошад. Ҷангалпарварон мақсад доранд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро аз ҳисоби заминҳои ҷангал зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиби худро гузоранд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2020 №: 217 Мутолиа карданд: 1289