туризм
САЙЁҲӢ ВА ЗАБОНДОНӢ МУШТАРАКОТИ ДУ САМТИ МУҲИМ
Дар ҳоле ки Ҳукумати ҷумҳурӣ се солро ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ихтисос додааст, забондонӣ боз ҳам ба масъалаи муҳимтар табдил меёбад. Зеро барои дуруст муаррифӣ кардани имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишвар забонҳои хориҷӣ нақши калидӣ мебозанд. Мутахассисони соҳа набудани рекламаро, ки тавонад имкониятҳои туристии мамлакат, хусусан бахши сайёҳии таърихию фарҳангиро бозгӯ намояд, аз проблемаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мекунанд.
Набудани маълумоти пурраи илмиву оммавӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва арабӣ дар бораи мавзеъҳои таърихии кишвар яке аз сабабҳои кам рушд кардани ин навъи туризм аст. Бештари ширкатҳои туристии мамлакат маводи рекламавии худро танҳо бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ паҳн мекунанд. Ин дар ҳолест, ки пеш аз пандемияи ҳамагир сайёҳони зиёда аз 80 мамлакати олам аз ҷумҳурӣ дидан кардаанд.
Аз ин хотир, месазад, ки такя ба таъкидҳои фардонигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи забондонии насли навро аз боғча то мактабҳои олӣ тақвият бахшем. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш гуфта буданд: «Бо мақсади рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем».
Дар робита ба ин, воситаҳои ахбори оммаи кишвар метавонанд дар тарғиби мавзеъҳои туристӣ саҳми бориз гузоранд. Ҳамин аст, ки мамолики пешрафтаи ҷаҳон барои ҷалби сайёҳон аз ВАО самаранок истифода мебаранд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон рекламаҳое, ки аз тариқи ВАО дар бораи ёдгориҳои таърихӣ пахш мешаванд, ҳатто барои аҳолии дохилӣ басанда нестанд. Зеро, аз рӯи мушоҳидаҳо, қисми зиёди аҳолии мамлакат дар бораи чунин мавзеъҳо маълумоти кофӣ надоранд. Дар сурати надоштани маълумоти зарурӣ мо наметавонем имкониятҳои туристии мамлакатро ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намоем.
Аллакай сӣ сол аст, ки дар кишварамон пайваста сафоратхонаву консулгариҳо, созмонҳои байналмилаливу байнидавлатӣ, бонкҳою муассисаҳои гуногун ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки ҳамаи онҳо ба заҳмати тарҷумон эҳтиёҷ доранд. Аз ин сабаб, барои соҳаи тарҷума таваҷҷуҳ зоҳир кардан ва интишори раҳнамову дастурҳои забономӯзӣ дар шаклҳои чопиву онлайнӣ айни муддаост.
Манзура НЕГМАТОВА, омӯзгори МТМУ № 24, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2020 №: 217 Мутолиа карданд: 5169