logo

фарҳанг

ОЙИНАИ ҚАДНАМОИ МИЛЛАТ

7 ноябри соли 1929 дар асоси дастаи худфаъолияти шаҳри Душанбе нахусттеатри ҳирфавӣ таъсис ёфт, ки ҳамакнун Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ номида мешавад. Театри навтаъсис ба раванди пуршӯри дигаргунсозиҳои оғози даврони шӯравӣ шомил гардида, аз ҳаёти гузаштаву онрӯзаи халқ саҳна меорост. Намоишҳои «Мубориза»-и Абулҳай Усмонов (1933), «Водии бахт»-и Ғанӣ Абдулло (1936), «Шодмон» ва «Калтакдорони сурх»-и Сотим Улуғзода (1939, 1941)  оид ба муборизаҳои шадид дар роҳи сарнагунии ҳокимияти мирӣ ва ҷорӣ намудани сохти нав сухангӯ буданд.
Таъсиси нахусттеатр ба раванди тараққии ин навъи санъат мусоидат кард. Дар роҳи бозёфт ва сайқали ҳунари  чандин ҳунарварон хидмати босазо намуд. Чанде баъд, соли 1932 дастаи ҳаваскорони шаҳри Хуҷанд (ҳоло Театри мазҳакаи мусиқии ба номи  Камоли Хуҷандӣ) ба театри касбӣ табдил ёфт. Ду сол қабл аз ин, воқеаи фараҳбахши фарҳангӣ рух дода буд: дастаи ҳаваскорони санъати театрӣ дар шаҳри Конибодом ба Театри драмаи мусиқӣ табдил дода шуд, ки ҳоло ба номи яке аз асосгузорони театри касбии тоҷик ва театри мазкур Туҳфа Фозилова гузошта шудааст. Солҳои 1934 Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа (айни ҳол ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар) ва Театри драмаи мусиқии ӯзбекии ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен), 1935 Театри мусиқӣ (айни замон Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ), 1936 Театри драмаи мусиқии шаҳри Хоруғ (ҳамакнун ба номи Меҳрубон Назаров), 1937 Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский, 1938 Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб (ба номи Сайидалӣ Вализода) ва Театри ҷумҳуриявии лӯхтак (сипас он барҳам хӯрда, танҳо соли 1985 аз нав таъсис дода шуд), 1949 Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии шаҳри Чкаловск ва бо ташаббуси ҳунарварони ҳамин коргоҳи эҷодӣ соли 1950 Театри ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳр, 1971 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуд Воҳидов, 1990 Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» (ҳоло ба номи Муҳаммадҷон Қосимов) таъсис ёфтанд.
То охири солҳои сиюми асри гузашта ҳунару маҳорати санъаткорони саҳна сайқал ёфта, бадеияту халлоқияти асарҳои саҳнавӣ ғанӣ гашт. Асарҳои саҳнавии «Отелло»-и Уилям Шекспир, «Рустам ва Суҳроб»-и Абдушукур Пирмуҳаммадзода ва Владимир Волкенштейни Театри ба номи Лоҳутӣ (соли таълифашон 1941), «Шӯриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар»-и Сергей Баласанян, балети «Ду гул»-и А. Ленскийи Театри опера ва балети пойтахт, ки аз дастаҳои мукаммалу пурқудрати кишвар маҳсуб мешуданд, далели равшани гуфтаи болост.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ бар муқобили истилогарони фашистӣ бархоста буд, моломоли гирудори ҷанг гашт. Муҳтавои намоишҳо дигаргун гашта, оҳангҳои қаҳрамонӣ ва неруи шикастнопазири халқ аз асарҳо сар мезад. Он солҳо асарҳои Ҷалол Икромӣ «Дили модар» (1942) ва «Хонаи Нодир» (1943), Сотим Улуғзода «Дар оташ» (1944), Сергей Баласанян ва Зиёдулло Шаҳидӣ «Розия» рӯи саҳна омаданд, ки инъикоскунандаи рӯҳияи замони хеш буданд. Ба ҷуз театрҳои мавҷуда, таҳти роҳбарии ҳунарманди шаҳир Георгий Менглет Театри ҷабҳавии Тоҷикистон созмон ёфта, бо намоиши «Салом, дӯстон» дар майдони ҷанг анқариб ҳазор маротиба ҳунарнамоӣ намуд.
Бо муътадил шудани вазъ, авзои театрҳо низ дигаргун гашт. Инъикоси хусусиятҳои вижаи табиати хислати қаҳрамони муосир ба масъалаи муҳими ҳаёти эҷодӣ табдил ёфт. Намоишҳои «Саодат»-и Саидсултон Саидмуродов ва М. Рабиев (1948), «Ситора»-и Ҷалол Икромӣ (1954), «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ» (1958), «Ҳукми модар»-и Файзулло Ансорӣ (1973), «Иродаи зан»-и Аъзам Сидқӣ (1961), «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (1962), «Суруди кӯҳсор»-и Ғанӣ Абдулло (1962) масоили иҷтимоиву ахлоқиро матраҳ месохт.
Дар барномаи театри русӣ асарҳои муаллифони муосири рус мақоми хосса доштанд. Намоишҳои «Масъалаи русӣ», «Қиссаи муҳаббат»-и Константин Симонов, «Барои касоне, ки дар баҳранд»-и Борис Лавренев, «Қиссаи Иркутск», «Таня», «Интизорӣ» ва «Солҳои сарсонӣ»-и Алексей Арбузов маҳбубияти хоссаро касб намуда буданд.
Бо шомил шудани ҷавонони ҳунарманд – дастпарварони макотиби олии ҳунарии Маскаву Ленинград (Санкт-Петербург) ба ҳаёти театрии кишвар дар охири солҳои панҷоҳу оғози солҳои шастум фазои фарҳангии ҷумҳурӣ такон хӯрд. Ҳамон солҳо театри миллӣ ба мавзӯъҳои таърихӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар инъикоси ҳамаҷониба ва бозгӯи воқеоти таърихӣ комёб гардид. Мисоли равшани иддаои фавқ таҳияи намоишҳои «Дохунда» (1954), «Дилҳои сӯзон» (1967), «Горнизон таслим намешавад» - и Ҷалол Икромӣ, (1975) «Қиссаи Зайнаббибӣ» - и Саидсултон Саидмуродов (1965), «Тӯфон» бо ҳаммуаллифии Шамсӣ Қиёмов) (1957), «Шӯълаи инқилоб» (1970) ва «Сарбозони инқилоб» - и Ғанӣ Абдулло (1970) шуда метавонанд. Театри тоҷик  рӯ ба асарҳои классики русу ғарб овард, ки худ далел ба ҷустуҷӯҳо дар самти таҳқиқи рӯҳи инсон гаравидани он аст. Дар саҳнаи тоҷик намоишномаҳои Пушкин, Грибоедов, Гогол, Островский, Чехов, Горкий, Шекспир, Молер, Голдони, Готси, Шиллер, Балзак ва дигар муаллифони муосири халқҳои дигар таҳия гаштанд.
Ҳунари олии бозигарии ҳунарварон, дурахши маҳорати таҳиягарон ва ҷилои сухани драманависон маҳз дар ҳамин гуна асарҳо баръало аён гашт. «Духтари ноком» - и Ҷалол Икромӣ (1950), «Рӯдакӣ» (1958), «Восеъ» (1970), «Алломаи Адҳам ва дигарон» (1976), «Ҷавонии Сино» - и Сотим Улуғзода (1980), «Рустам ва Суҳроб» (1967),  «Фарёди ишқ» - и Ғанӣ Абдулло (1975), «Бежан ва Манижа» - и Ҳамза Фатҳалии Хушкнобӣ (1968), «Робиаи Балхӣ» - и Абдусалом Атобоев (1973), «Дилшод» - и Аъзам Сидқӣ (1976) воқеияти таърихиро дар саҳна ҷаззобу дилкаш ва муассир таҷассум кардаанд.
Руҷӯи бевоситаи театрҳо ба ашъори шуарои тоҷик ба тавлиди театри шоирона поягузорӣ намуд. Пешоҳанг ва яккатози ин раванд,  ки театри як ҳунарманд буд, ҳунарвари шаҳир Маҳмуд Воҳидидов гашт. Моноспектаклҳои фалсафию лирикии офаридаи ӯ «Гуфтугӯ бо худ» (1967), «Ватан ва фарзандон» (1969), «Ишқи зиндагӣ» (1971) - ро ноқилони ҳаводис ва ноқидони соҳа дурахши салиқаи ҳунарвар номидаанд.
Театр дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ  ба мушкилоти зиёди пешомада нигоҳ накарда равнақу ривоҷи бештарро соҳиб гашт. Театри тозабунёди Фаррухи Қосим дар кишварҳои Русияву Белжик, Лаҳистону Нидерланд, Фаронсаву Эрон сафар намуда, бо асарҳои навҷӯёнаи худ, ки бешак дар санъати театрӣ саҳифаи тозаест, фарҳангу ҳунари тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Асарҳои тозакоронаи ӯ «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…» (1990), «Исфандиёр» (1992), «Даҷҷол» (1994), «Шайхи Санъон» (1996), «Шоҳ Фаридун» (1997), «Қиссаи ишқ» ва «Зардушт» (2000), «Шоҳ Лир» (2003) аз ҷиҳати ғоя, мазмун ва мундариҷа навгониҳои зиёдеро бо худ ба фазои ҳунарӣ овард.
Бо дастёбии истиқлол театрҳои ҷумҳурӣ ба мавзӯоти таърихӣ даст зада, дар раванди зинда нигоҳ доштани ҳофизаи таърихӣ ва боло бурдани ифтихори миллӣ саҳмгир гаштанд. Дар ин раванд Театри Лоҳутӣ пешдастӣ дорад. Дар Театри Хуҷанд салиқаи як қатор ҳунармандону коргардонҳои ҷавон ифшо гардида, ба оммаи васеи мухлисон муаррифӣ шуд. 
Тақдири театри русӣ дар даврони навин ба мушкилӣ мувоҷеҳ буд. Нахуст, қисмати зиёди кормандони театр аз ҷумҳурӣ кӯч бастанд, чанд муддат аст, ки ҳунарпешаҳои театр дар Театри Лоҳутӣ ҷой гирифта, интизори бӯрёкӯбон дар бинои навашон ҳастанд. Сарфи назар аз ин, ҳунармандон аз эҷод боз намондаанд. Асарҳои ҷолиби солҳои охир рӯисаҳнаовардаи театр бозгӯи камолоти ҳунарии он даста аст.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар низ соҳиби бинои муҳташам гардида, дар толори пешинаи он Театри лӯхтаки «Афсона» таъсис ёфт.
Дар шароити ҳозираи таърихӣ масъалаи соли мии маънавии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи ҷамъият ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода санъати театрӣ метавонад нақши калидӣ дошта бошад. Он дар бавуҷудории ҳисси зебоипарастии мардум низ нақши бузурги тарбиявиро бозида метавонад.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов («Аҳорун») соҳиби бинои худ шуд.  Ҳамчунин, бо Фармони махсуси Президенти кишвар дар ноҳияҳои Данғара ва Ашт театрҳои драмаи мусиқӣ таъсис ёфтанд.
Театри миллии мо тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақоми хоссаи хешро ба даст орад ва дар қатори дастаҳои театрии кишварҳои аз лиҳози рушди фарҳангӣ пешсаф қарор гирад.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2020    №: 217    Мутолиа карданд: 775
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед