logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Убайдулло Раҷабов кист? Ба ин пурсиш қариб ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатман посух мегӯянд, балки гуфта метавонанд. Албатта, посухҳои гуногунро мешунавем. Дар онҳо лаҳзаҳои ширину талхи рӯзгор, лаҳзаҳои хотирмони дидору суҳбат ва бардоштро аз тамошои асарҳое, ки дар онҳо ӯ нақш офаридааст, мешунавем, мебинему бори дигар пеши назар меорем. Бешак, шод аз он мегардем, ки бо гузашти рӯзгори пешин дар хотираҳои ҳаводорони ин ҳунарпешаи асил ва худодод боқӣ мондаанду зиндаанд.
Имрӯз ҳам, бо он ки барфи пирӣ бар боми вуҷуди ӯ асари худро гузоштааст ва бар ин мӯйҳои сафеди сараш гувоҳӣ медиҳад, ихлосмандонаш асарҳои тозаву навбанавашро интизоранд. Бовар доранд, ки ҳанӯз ҳам метавонад беҳтару бештар аз солҳои гузашта беҳтарину хотирмонтарин нақшҳоро биёфарад. Ин гуна боварро ба ҳаводоронаш худи ҳунарпешаи маҳбуб боз панҷ сол пештар, он гоҳ ки ба синни 75 ворид шуд, ато карда, бахшида буд.
Убайдулло Раҷабов, воқеан, ҳунарпешаест, ки ҳамеша ба қуллаҳои баландтару баландтар баромадааст, ҳеҷ дар як ҷой, дар як манзил гом назадаву наистодааст. Бар як қулла, ки баромада, дидааст, ки боз қуллаи баландтарест ва мақсад гузошта, ки онро фатҳ бикунад. Гузашти солҳои умри азизаш ӯро неруи нав мебахшиданду масъулияташро меафзуданд. Дар ин муддат донишу таҷриба ва маҳораташ меафзуду бештар сайқал меёфт. Дарк кард, ба тамоми масъулият эҳсос намуд, ки дигар ҳуқуқи ба қафо баргаштан ва дар як ҷой истоданро надорад. Дид, ки ҳама бар ӯ наззора доранд ва хоҳони бозу боз ба боло рафтанаш мебошанд. Ва ҳам  аз вуҷуди худ шунид: «Мо зи болоему боло меравем».
Ӯ ба ҳеҷ кас монанд набуд ва нест. Дигарон ҳарчанд ки кӯшиданд, мисли ӯ бошанд, натавонистанд. Абулмаонӣ барҳақ фармуда:
Обру зотист, Бедил, в-арна
монанди гуҳар
Муҳраи гил ҳам тавонад дар
дили дарё нишаст.
Ҳамин тавр, дар асри рафта ӯ нотакрор монд. Дар асри ҳозир низ нотакрор аст.
Ӯ зебоӣ меофарад. Ӯ зебоиро дар назди чашми мардум ҷилва медиҳад. Ӯ ба ноошноён, ноогоҳони ҳунари воло таъкид мекунад, ки зебоиро бидонанд, қадр бикунанд, қиматашро бишиносанд. Мурод аз ин ҳама он аст, ки бидонанд: Танҳо зебоӣ оламро наҷот мебахшад.
Ӯ барои гуфтани ҳақиқат, нишон додан ва пойдории он ҳаст шуда.
Ӯ ба мо ба забони ҳунари асил гуфтаву мегӯяд: «Роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳи ростист».
Ӯ моро хушҳол дидан мехоҳад, аммо болотару бештар аз ин таманно дорад, ки асли зиндагиро бишносем ва аз худ барои огоҳӣ бипурсем: «Мо кистем? Чаро ҳаст шудем? Чӣ масъулияту рисолату вазифа дар ин зиндагӣ, дар ин дунёи нопайдоканор дорем? Оё ба асли худ расидаем?».
То ки мо бо хештаншиносӣ мо бошем, ӯ ранҷ кашид, омӯхт, таҷриба андӯхт, ҳунарашро, истеъдодашро сайқал дод.
То ки мо як бор бихандем, ӯ бисёр гиристааст.
Метавонист, ки дар зиндагӣ роҳи осонро интихоб бикунад ва ба ҳамаи орзуҳои худ чун як сарватманд бирасад. Не, ин гуна роҳро написандид.
Ба поси ин ҳама азхудгузаштанҳо ва офариданҳо мардум, тамоми қишри ҷомеа дӯсташ медоранд. Бо ӯ, бо ҳунари волояш ифтихор мекунанд ва дар хонаҳои дилашон ҷой додаву медиҳанд.
Ӯ азизу муътабар буд ва ҳамин гуна монду мемонад. Шуҳрати ӯ, маҳбубияти ӯ, барои як давраи муайян набуд ва нест.
Убайдулло Раҷабов кист? Оё метавонем, ки ба ин пурсиш ба пуррагӣ посух бигӯем? Албатта, не. Оре, агарчи ба ҳақиқат ҳазор сифаташро мегӯем, аз ҳунари волояш, одамияташ мегӯем, аммо қаноат ҳосил намекунем. Ва баъд, ки тан дармедиҳем, ризо мешавем, ки эътироф бинамоем: ӯ дар гуфтаҳо, навиштаҳо намеғунҷад. Ӯ инсонест, ҳунарпешаест, ки ҳанӯз мо барои худ, барои пешрафти ҳунар, хештаншиносӣ, тарбияи наслҳои имрӯзу баъдӣ кашф накардаем. Ба дунёи зебову пурҳикмати асрори эҷодаш низ ворид нашудем.
Ӯро ба ҳамаи унвону мукофотҳо мушарраф гардондаанд ва тамоми мардум инҳоро хуш пазируфтаанду гуфтаанду мегӯянд, ки арзандааст.
Насли мо, ончунон ки бояд, натавонист, ки ин ҳунарпешаро дурусту ба пуррагӣ муаррифӣ бикунад. Ноумед намешавем, ба ин хотир, ки масъулияти кашидани ин бори гаронро наслҳои баъдӣ бо шодмониву қаноатмандӣ ба уҳда хоҳанд гирифт.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2020    №: 217    Мутолиа карданд: 786
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед