сафарҳо
Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур ва Бруней – Доруссалом
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафарҳои нахустини давлатӣ ба Ҷумҳурии Сингапур ва Бруней - Доруссалом рафт.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, раиси Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Гулов ва гурӯҳи калони соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ҳамроҳӣ доранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2029