иқтисод
ДАШТИ РОШОРВ. 800 ГЕКТАР ЗАМИН ШОДОБ МЕГАРДАД
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати амалигардонии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи ҳар порча замин дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор корҳо, аз ҷумла якҷо бо Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон барномаи “Амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим” - ро роҳандозӣ намудаанд.
Ба гуфтаи Азимшо Баҳромов, мутахассиси соҳаи кишоварзии БҶИИМК, ин барнома дар се ҷамоати деҳоти вилоят, ки вазъи иқтисодиашон нисбати дигар ҷамоатҳо мушкилтар мебошад, мавриди татбиқ карор гирифтааст.
- Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон аз ҷумлаи ин ҷамоатҳо мебошад. Дар деҳоти мазкур заминҳои бекорхобида зиёданд. Масалан, дашти Рошорв, ки масоҳаташ аз 1000 гектар ҳам мегузарад, то ҳол шодоб нашудааст. Бо маслиҳати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор додем, ки шодобкунии заминҳои ин даштро ба лоиҳаи “ Амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим” ворид намоем. Мутахассисон бар онанд, ки 800 гектар замини дашти Рошорв барои азхудкунӣ пурра мувофиқ мебошад, - гуфт ӯ.
Раиси Ҷамоати деҳоти Савноб Малабек Малабеков зикр кард, ки бо мақсади амалигардонии ин нақша дар деҳаи Рошорв хоҷагии деҳқонии «Баракат» ташкил гардид. Мувофиқи лоиҳа, кор аз таъмини заминҳои дашти Рошорв бо об оғоз ёфт. Канали обгузаре, ки бунёди он соли 1995-ум оғоз шуда буд, бо мурури замон вайрон гардида, ба таъмири асосӣ ниёз дошт. Бинобар ин, бо ҷалби сармояи шарикони рушд 3 сол қабл барқарорсозии он ба нақша гирифта, ин кор дар муддати нисбатан кӯтоҳ анҷом дода шуд. Ин канал аз бари кӯҳ мегузарад ва қитъаҳои алоҳидаи он тамоман зери сангу хок монда буданд. Лозим омад, ки дар ин қисматҳо лӯлаҳои калонҳаҷм хобонанд. Дар барқарорсозии мавзеъҳои алоҳида аз семент истифода бурда шуд. Дар натиҷа иншооти мукаммали обрасонӣ бунёд гардида, ба дашти Рошорв об омад.
Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани канали обгузар ва таъмини фаъолияти бонизоми он қад-қади канал роҳи автомобилгард сохта шуд, то дар мавридҳои зарурӣ шахсони масъул сари вақт камбудиҳои ҷойдоштаро ошкор ва бартараф карда тавонанд.
Ба гуфтаи Азимшо Баҳромов, иншооти обтаъминкунии дашти Рошорв мутобиқи технологияи муосир сохта шуда, қодир аст дар марҳилаи аввал зиёда аз 200 гектар заминро шодоб намояд. Азхудкунии заминҳои бекорхобида марҳила ба марҳила идома меёбад.
Соли гузашта 30 гектар замини дашти Рошорв ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Соли равон бошад, иловатан 32 гектари дигар кишт гардид. Аз диди сокинони деҳаи Рошорв, парвариши ҳамаи навъҳои зироатҳои ғалладонагӣ ва картошка дар шароити ин мавзеъ самараи дилхоҳ медиҳад.
Айни ҳол бархе аъзои хоҷагии деҳқонии «Баракат» ба ҷамъоварии ҳосили ҷав ва нахӯди сабз машғуланд. Ҷав дар шароити иқлими деҳаи баландкӯҳи Рошорв, ки аз сатҳи баҳр дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр ҷойгир аст, хуб нашъунамо мекунад. Солҳои пеш мардум аз ночорӣ орди онро истеъмол менамуданд, вале ҳоло онро ҳамчун хӯроки чорво ва ба сифати маҳсулоти парҳезӣ барои одамони гирифтори касалиҳои гуногун истифода мебаранд.
Дар ин мавзеъ, ҳамчунин, нахӯди сабз ҳосили дилхоҳ медиҳад. Солҳои пеш нахӯди сабзро дар водии Бартанг бисёр кишт мекарданд. Вале оҳиста - оҳиста кишти ин зироат, ки онро пешгузаштагон чун таоми парҳезӣ истифода мебурданд, барҳам хӯрда, он хеле камёфт шуд. Ба хотири эҳёи анъанаи ниёгон бори аввал кишти нахӯди сабз дар дашти Рошорв таҷриба карда шуд ва натиҷаи хуб дод. Деҳқонон тасмим доранд, ки дар оянда майдони кишти нахӯди сабзро зиёд ва ҳосили бадастовардаро ба ғайр аз истифода дар хоҷагии худ ба савдо бароранд.
Сокини Рошорв Пайшанбе Ошурмамадов, ки дар дашти навкорам соҳиби 6 гектар замин гардидааст, гуфт, ки имсол дар як гектар картошка ва дар замини боқимонда зироатҳои ғалладонагӣ коштааст. Имрӯзҳо дарави ғалла шурӯъ шудааст. Тавре мушоҳида гардид, ҳосили ғалладона хуб аст. Ҳар як хӯшаи гандум аз 80 то 130 - 150 дона дорад, ки ин дар шароити Бартанг нишондиҳандаи беҳтарин маҳсуб меёбад.
Аз рӯи иттилои Малабек Малабеков, соли гузашта дар ин деҳот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 120 тонна ғалла ҷамъоварӣ гардид. Савноб дорои 310 гектар заминҳои корам мебошад, ки 175 гектараш ба деҳаи Рошорв рост меояд. Бо ба кор андохтани ҳамаи заминҳои бекорхобидаи дашти Рошорв масоҳати умумии заминҳои кишт аз 935 гектар мегузарад. Ин амал як гоми устувор дар таъмини амнияти озуқавории кишвар хоҳад шуд.
Барои анҷоми кишт ва ҷамъоварии ҳосил, тибқи барнома, барои хоҷагии деҳқонии “Баракат” - и деҳаи Рошорв шарикони рушд ба маблағи бештар аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ техникаву механизмҳои кишоварзӣ дастрас намуданд. Дар назар аст, ки бо афзоиши масоҳати майдони замини азхудшуда ба ихтиёри хоҷагӣ боз техникаҳои нав дода мешаванд.
Азбаски яке аз ҳадафҳои асосии барномаи ”Амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим” ба роҳ мондани тухмипарварӣ ва нигаҳдории он мебошад, дар ҳамаи мавзеъҳое, ки ба ин лоиҳа шомиланд, сардхона ва анборхонаҳо сохта шуданд. Ба деҳқонон дар марҳилаи аввал тухмии ройгон дода шуд ва онҳо тирамоҳ 10 фоизи онро барои таъмини тухмии соли оянда ба хоҷагӣ бармегардонанд. Сардхонае, ки дар деҳаи Рошорв сохта шудааст, барои нигаҳдории 90 тонна тухмии картошка ва зироатҳои ғалладонагӣ мувофиқ аст. Ин имкон медиҳад, ки деҳқонон ҳамасола бо тухмии хушсифат пурра таъмин бошанд ва корҳои баҳориро сари вақт анҷом диҳанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2020 №: 218 Мутолиа карданд: 858