logo

фарҳанг

ЗАРДӮЗӢ. ВАҚТЕ МИЛЛАТ ҲУНАРМАНД АСТ...

Бо эълон гардидани солҳои 2019 – 2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо мактаби ҳунаромӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ташкилу фаъол гардид.  Ин гувоҳи он аст, ки тамоми сокинони ҷумҳурӣ, бахусус ҷавонон,  сиёсати хирадмандонаву созанда ва иқдоми наҷиби Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, дар раванди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёд саҳмгузорӣ менамоянд.
Аслан, таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сарулибос, ҷиҳози хона, муҳити зист ва ғайра мушоҳида мешавад.  Барои донистани таърихи либос, асарҳои санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт, ҳуҷҷатҳои таърихие, ки зиндагии маишии мардум ва фарҳанги давраҳои гузаштаро инъикос месозанд, омӯхтан лозим аст.
Шакл ва хусусияти сарулибос дар ҳама давру замон фарҳанги маънавии халқ, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он падидаву ҳодиса нишон медиҳад. Тағйири шаклу намуди ҳамаи навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақа вобаста аст. Зардӯзӣ низ аз ин ҳунарҳо истисно нест. Ҳунари зардӯзӣ аз асрҳои X – XVI дар Самарқанду Бухоро, Тошканду Хуҷанд баробари тараққӣ намудани соҳаи бофандагӣ ривоҷ ёфта, то ба имрӯз омада расидааст. Зардӯзӣ маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, ба ҳаёт, зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии мардуми тоҷик алоқамандӣ дорад. Айни ҳол он яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи занон маҳсуб меёбад. Бо ёрии сӯзану риштаҳои зарҳалин бонувони чирадаст матои одиро ба осори бадеӣ ва ашёи қиматбаҳо мубаддал месозанд.Чунин тарзи дӯхт бо нафосату шукӯҳи бадеии худ фарқ мекунад. Зардӯзӣ ба замонҳои хеле қадим марбут буда, аз рӯи маълумотҳои таърихӣ санъати зардӯзӣ дар давлатҳои қадим, аз ҷумла Ошур, Бобул, Эрон, Чин, Ҳиндустон, Аврупои Ғарбӣ, Туркия ва Афғонистон паҳн гардида, дар Россия ба таври хос ривоҷ ёфта буд. Асарҳои таърихӣ ва кофтуковҳои бостоншиносон аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ин навъи ҳунар ба замонҳои хеле дур марбут аст. Аз рӯи ақидаҳои коршиносон зардӯзӣ то пайдоиши матоъҳои абрешимин маъмул буд. Нахуст зардӯзӣ дар пӯст, карбос, матои мӯина ва баъдтар дар матоъҳои абрешимин ва духоб дӯхта мешуданд. Дар қарни XVII бошад, аллакай, санъати зардӯзӣ хеле тараққӣ карда буд. Дар шаҳри Самарқанд маҳаллаи зардӯзон ба вуҷуд омад, ки ин ба комёбиҳои бузург ноил шудани зардӯзӣ шаҳодат медиҳад. Хушбахтона, имрӯз низ дар шаҳри Хуҷанд маҳаллаи зардӯзон мавҷуд аст. Дар гузашта ба ин навъи ҳунар, асосан,  мардҳо машғул шуда, зардӯзиро танҳо ба авлоду аҷдоди наздикашон меомӯзонданд. Ҳунари зардӯзӣ заҳмати зиёдро талаб мекард ва либосҳои зардӯзишударо танҳо ашрофзодагон ба бар мекарданд. Имрӯз либоси асосии арӯсу домод, тоқӣ, ҷомаи шаҳбача, рӯйпӯши чойнику  гаҳвора ва дигар ҷиҳози хонаи мардуми тоҷикро бидуни  зардӯзӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳамин тавр, инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд. Ҳар як усто мекӯшад, ки фармоиши мизоҷашро ба таври олӣ иҷро намояд. Зардӯзии омоданамудаи ҳар минтақа бо нақшу нигори хеш аз як дигар фарқкунанда ба назар расад ҳам, дар маҷмӯъ, ҳадафи ҳама зардӯзон як аст. 
Мафтуна Шерова, сокини Ҷамоати деҳоти Сӯфи Орифи шаҳри Истаравшан, айни ҳол  ба ҳайси омӯзгори ҳунарҳои мардумӣ ва тайёр намудани косибони зардӯз аз ҳисоби ҷавонон дар Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба 10 нафар шогирд нозукиҳои ин касби аҷдодиамонро меомӯзонад. Онҳо, аллакай, ҷомаву камзӯл, тоқиҳои мардонаву занона, камарбанд, пешонабанд, болишт, мӯзаҳои мардона, пойафзори занона ва дигар ашёҳоро медӯзанд. Дӯхти ҳар як ҷиҳози фармоишӣ усулҳои хоси худро дорад. Мафтуна бо тамоми нозукиҳо аз уҳдаи он мебарояд. Ҳар як қисмати матоъро рӯи дукон ҷо ба ҷо намуда, гулкашӣ мекунаду мувофиқи завқи мизоҷ зардӯзӣ менамояд. Ҳунари ин бонуи чирадастро дар шаҳри Истаравшан ва гирду атрофи он қадр мекунанд. Ин аст, ки зардӯзиҳои нотакрори ӯ ҳаводорони бешумор дорад.
- Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши ҳунармандӣ, бахусус дар деҳот, хеле бузург аст. Ҳунари зардӯзӣ  бароям меросӣ  нест, балки машғулиятест, ки тӯли зиёда аз 6 сол ба он меҳр бастаам. Зардӯзӣ ҳунари дӯхтани нақши гулҳо тавассути риштаҳои заррину симин ва муҳраву пулакчаҳои рахшон дар матоъҳои махмалу банот ва ғайра мебошад. Олот ва васоили зардӯзӣ аз матоъ, дукони зардӯзӣ, қолабҳои қоғазӣ, риштаҳои махсус, сӯзан, қалам ва ғайра иборат мебошад. Дар оғози кор рӯи коғаз нақшҳои гуногунро тасвир мекунем ва нақшҳоро бурида, қолаби нақшро болои матои аз чор тарафаш дар дукон басташуда насб карда, ба дӯхтанаш шурӯъ мекунем. Ҳунари зардӯзӣ навъҳои гулдӯзӣ ва заминдӯзӣ дорад. Усули заминдӯзӣ мураккабу нозук буда, заҳмати зиёдро талаб мекунад. Масалан, барои дӯхтани як ҷомаи зардӯзишуда  то ду  моҳ заҳмат мекашем. Нархи як ҷома мувофиқи матоъ ва тарзи дӯхташ аз 2000 то 2500 сомонӣ арзиш дорад. Ба суроғи мо навхонадорон ва падароне, ки писаронашонро хатнасур мекунанд,  омада, аз рӯи завқашон моли омоданамудаамонро мехаранд. Дар бозор ҳам ҳаводорони маҳсули ин ҳунар зиёданд, - гуфт Мафтуна Шерова, омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан.
Воқеан ҳам, айни ҳол бо тараққӣ кардани илму техника як қатор амалҳое, ки пештар дастӣ иҷро мешуданд, тавассути компютерҳо низ тарҳрезӣ мешаванд. Ҳадаф аз пешниҳоди омӯзиш дар дастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳати рушди ҳунармандӣ ва таъсири он ба ҷавонон омӯзондани ҳунарҳои аҷдодӣ, бо такя ба онҳо ташаккул додани ҳунарҳои наву муосир мебошад. Вале, бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳои илму техника, ҷавонони касбомӯз мекӯшанд, ҳунарҳои аҷдодии худро ба таври аслиаш аз бар намоянд то онро ҳифз карда тавонанд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 219    Мутолиа карданд: 967
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед