иқтисод
«СИФАТ САНОАТ» НИҚОБУ ЛИБОСИ МУҲОФИЗАТӢ МЕБАРОРАД
Дар мубориза бо вазъи душвори бамиёномада – паҳн гаштани бемории коронавирус саноатчиёни мамлакат низ нақши намоён доранд. ҶДММ «Сифат саноат» ҳанӯз аз моҳи январ дӯхтани ниқобҳои яккаратаю бисёркарата, инчунин, либоси муҳофизатии табибонро ба роҳ монда, то ин давра 445 ҳазор ниқобро дастраси муассисаҳои тиббӣ намуд. Гузашта аз ин, бидуни пешпардохт табобатгоҳҳоро бо 7 ҳазор ҷиҳози бистарӣ таъмин кард.
«Сифат саноат» дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои чашмрас ноил гашт. Агар ҳаҷми истеҳсолоти корхона соли гузашта 850 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, бо роҳбарии соҳибкори кордон Ҳокимшоҳ Идиев то ин давраи соли равон ин нишондиҳанда қариб ба 5,5 миллион сомонӣ расид. Шумораи кормандон, ки аксаран занону духтарони хонашинанд, ду баробар афзуда, 70 нафарро ташкил дод.
Корхона барои дӯхти либоси кормандони соҳаи тиб, хоҷагидорӣ, муҳофизон ва роҳрӯбон махсус гардонда шудааст ва молҳои истеҳсолнамудааш ҷавобгӯи талаботи байналмилалианд.
- Мо пеш аз он, ки корро оғоз кунем, бозорро омӯхтем. Дидем, ки либоси тиббӣ, бештар аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Барои ҳамин корхонаро дар ин самт махсус гардондем. Ҳоло қариб бо тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дорем ва сол ба сол таваҷҷуҳашон ба маҳсулоти мо меафзояд. Маҳсулоти босифат, рақобатпазир ва воридотивазкунанда истеҳсол намуда истодаем. Мехоҳам дастгириҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозодаро махсус қайд намоям, ки бо афзалият додан ба истеҳсолоти ватанӣ ба пешрафти кори мо мусоидат менамояд,- гуфт сарвари корхона.
Ба андешаи Ҳокимшоҳ Идиев, омӯхтани таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои дигар дар самти омода намудани либос яке аз омилҳои калидии пешрафт аст. Аз ин рӯ, “Сифат саноат” бо корхонаҳои саноатии Федератсияи Россия робитаи зич ба роҳ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки истеҳсолоти корхона танҳо бо омодасозии либосҳои тиббӣ маҳдуд намешавад, балки бонувони гулдаст ба дӯхтани либоси миллӣ низ машғуланд. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи муштариён ҳуҷраи махсусе бо намунаи либосҳои миллӣ омода шудааст, ки рамзан аз 7 бурҷ иборат буда, бозгӯи завқи баланди тарроҳон аст. Ҳар кадоми ин бурҷҳо расму одати як минтақаи кишварро ифода менамоянд. Бо ин шева диққати сайёҳонро ба корхона ҷалб карданием, зеро дар ин замина ҳам туризми саноатӣ тақвият меёбаду ҳам хориҷиён бо расму анъанаҳои қадимаи халқамон ошноӣ пайдо мекунанд.
Бонувони ҳунарманди “Сифат саноат” аз шароити муҳайёгашта қаноатманданду бо маоши хуб таъмин. Гулӣ Раҳимова аз дӯзандагони моҳирест, ки дасти ҳар як навкорро рост мекунаду то ба чеварӣ расидан, корашонро аз нӯги сӯзан мегузаронад.
- Аксари мо хонашин будему бо таъсис ёфтани корхона соҳиби ҷойи кор гардидем. Дар аввал ҳамагӣ 4 – 5 нафар корро оғоз кардем. Тавре мебинед, ҳоло ҳам шумораамон зиёд асту ҳам тамоми намуди таҷҳизот дар ихтиёрамон. Мо – таҷрибадорон кӯшиш менамоем, ки тамоми нозукиҳои ҳунари хешро ба ҷавонон омӯзонем. Баъзеашон бо мо ҳамкор мешаванду бархеи дигар чевариро дар хона идома медиҳанд. Имрӯз давлат ҳама чизро бароямон муҳайё кардааст ва самаранок истифода бурданаш танҳо дар дасти мост, – мамнунияти хешро изҳор дошт апаи Гулӣ.
Дар маҷмӯъ, «Сифат саноат» дар рушди саноати сабуки пойтахт саҳми арзанда мегузорад ва барои боз ҳам тақвият бахшидани истеҳсолот нақшаҳои нав рӯи даст дорад, ки амалишавиашон дур нест.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2020 №: 219 Мутолиа карданд: 874