сиёсат
БУЗУРГМАРД
Боиси шукр ва ифтихор аст, ки дар радифи сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳони муосир, ки бо тарҳрезии низоми муносиби давлатдорӣ дар пуштибонӣ ва иршоди ормонҳои миллии мардум ба тавфиқи комил расидаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоистае доранд.
Дарвоқеъ, роҳи сулҳ ва таъмини ваҳдату ягонагӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар он даврон росту ҳамвор набуд. Ин мубориза ва фаъолияти хастанопазирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ба якчанд марҳила тақсим намуд:
Якум. Аз рӯзи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан, ҳаракату талоши ҷонфидоёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оромӣ ва баргардондани фирориён аз хоки Афғонистон ва сарҷамъ намудани мардум иборат буд. Мардуми шарафманди тоҷик хуб дар ёд дорад, ки баъди интихоб шудан ба ин маснад фарзанди фарзонаи халқ дар ҳузури вакилони иҷлосия ва дар назди халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд карда буданд, ки «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бармегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад, ман ором буда наметавонам»;
Дуюм. Барқарорсозии хоҷагии халқ ва рушду тараққӣ додани кишварро дар бар мегирифт, ки аслан бе таҳкими сулҳу субот ва бе таъмини комили амният ба даст намеомад. Вазифаи басо мушкилу сангин дар назди Ҳукумати навтаъсис ва роҳбарияти он ба сари мизи гуфтушунид даъват намудани гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки шумораашон хеле зиёд буд ва ба мусолиҳаю оштии миллӣ моил кардани иттиҳоди мухолифин маҳсуб меёфт. Воқеан, бо вуҷуди он ки Ҳукумати конститутсионӣ таъсис ёфт, гурӯҳҳои хиёнатпеша бо ҳар роҳ саъй мекарданд, то ба кори он ва роҳбарияти сиёсии кишвар монеа эҷод кунанд. Ба ёд овардани он ки дар он солҳои мудҳишу фоҷиабор фарзандони барӯманди Ватан, чун Муҳаммад Осимӣ, Баширхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Нурулло Ҳувайдуллоев, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигар чеҳраҳои шинохта аз тири нохалафони ватанфурӯши аслбохта ба ҳалокат расидаанд, кофист, ки аз ҳадафи сияҳкорон иттилои кофӣ пайдо кунем.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон зикр намудаанд, на танҳо неруҳои бадхоҳу дасисакори берунӣ, балки гурӯҳҳои манфиатхоҳу мансабҷӯи дохилӣ низ баҳри бароварда сохтани мақсадҳои нопоки хеш бо ҳар роҳу восита мехостанд, бо зӯри қувва ва силоҳ Ҳукумати навро фишор биёваранд ва бо ин васила хостаҳову пешниҳодоташонро ба роҳбарияти давлат иброз намоянд. Ҳатто ин қувваҳо бо мадади саркардагони хориҷӣ, бо истифода аз силоҳу техникаи вазнин аз чанд ҷониб худсарона ба хоки кишвар даромада, кӯшиши ба амал даровардани табаддулотро доштанд. Ҳуҷуми полковники хиёнатпеша ва балвогар Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд далели ин гуфтаҳост. Аммо ин роҳи аввалину охирин ба ҳисоб намерафт. Гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин дар водии Рашт ва Бадахшон низ вазъро муташанниҷ сохта, боиси ҳалокати мардуми бегуноҳ ва ҷавонон мегардиданд.
Дастаҳои бадкешу саркаши гирду атрофи шаҳри Душанбе ба гаравгонгирии одамони бегуноҳ ва кормандони мақомоти қудратӣ машғул гардида, дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат ба ғорати мошинҳо ва қатлу куштори мусофирону соҳибони воситаҳои нақлиёт камар мебастанд. Дар зеҳну шуури ин гурӯҳҳо заррае фикру андешаи ватандорӣ, ҳифзи марзу буми он, ваҳдат ва ободии кишвар набуд. Ҳатто қумандони «овозадор» - и мухолифин Ризвон, ки бо золимию хунрезӣ ном баровардаю дар сар ҳавои таъсиси давлати исломиро дошт, мехост аз дохил ба Ҳукумат зарба занад. Аммо тираш хок хӯрд.
Дар таҳкими вазъият ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ хидмати барҷастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург ва мондагор мебошад. Зеро дар натиҷаи талошҳои пайваставу устувори Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин созишнома минбаъд поягузори кулли комёбиҳои Тоҷикистони азиз гардида, дар таърихи давлатдории навини мо саҳифаи тоза боз кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фардои дурахшони Ватан, ободию рушди кишвар, сарсабзию камолоти насли ояндасози миллат ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии бунёдкорона сулҳу ваҳдатро дар қаламрави мамлакат таъмин намуданд. Ҳароина, ин амали одию муқаррарӣ ва саҳл набуд. Вале Пешвои муаззами миллат на ба хотири манфиатҳои шахсӣ, балки танҳо ва танҳо барои тинҷию рифоҳи мардум ва рушду тараққии ҷумҳурӣ ба ин иқдомҳои ватандӯстона даст заданд ва дар ин ҷодаи мураккабу мушкил муваффақ шуданд;
Сеюм. Бо таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ заминае фароҳам омад, ки соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва саноату хоҷагии қишлоқ тараққӣ дода шавад. Бузургтарин вазифа, ки дар назди Ҳукумату давлат ҳамакнун қарор дошт, ин берун баровардани мамлакат аз бумбасти коммуникатсионию энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб мерафт. Хушбахтона, дар ин самт низ муваффақиятҳои беназир ба даст омаданд.
Чанд нуктае, ки мо дар ҳошияи корнома ва хидматҳои таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудем, ҷумлаи ибтикороте буд, ки тоҷикон бо ҳидояти фарзанди фарзонаи миллат ба онҳо ноил гардида, кохи муҳташами ваҳдатро бунёд, Истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд.
Давлатёр МУҲИДДИНОВ,
устоди калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишкадаи ҳарбии
Вазорати мудофиа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.2020 №: 220 Мутолиа карданд: 851