фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
МУАММОИ «ПРЕЗИДЕНТ»
1. Собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2. Ҳамоқат, ҳамдигарфаҳмӣ. 3. Миллати соҳибтамаддун. 4. Ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ. 5. Ба ҳам омадани андешаву ақидаҳои мусбат. 6. Неъмати бебаҳои тоҷикон. 7. Асари академик Бобоҷон Ғафуров. 8. Рамзи давлатӣ. 9. Муаллифи китоби «Давлати Сомониён». 10. Ноҳия дар Тоҷикистон. 11. Яке аз кишварҳои ИДМ.
12. Муродифи рӯшноӣ. 13. Воситаи техникии ахбори омма. 14. Мавзӯе, ки дар олам Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарғиби он ташаббус нишон дод. 15. Муқобилмаънои зоҳир. 16. Гузаштагони ҳар қавму қабила, авлод.
17. Зафар, фатҳу кушоиш. 18. Муродифи корхона, муассиса. 19. Муҳите, ки моро иҳота кардааст. 20. Исми мардона, ки маънои тоза, покиро дорад.
21. Президенти Тоҷикистон. 22. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
23. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ.
Ҳ. АНУШЕРВОН, сокини шаҳри Ҳисор
ҶАВОБ БА ЧАЙНВОРДИ «ПРЕЗИДЕНТИ МО» АЗ 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
1. Пешво, 2. Сарвар, 3. Стратегия, 4. Озмун, 5. Сарнавишт,
6. Ваҳдат, 7. Энергетика, 8. Қонун, 9. Хатлон, 10. Истиқлолият, 11. Паём, 12. Фарзона.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома ирсол намоянд.
Як бор ҳамроҳ ба кинотеатр даромадем. Дар филм истгоҳҳои нақшину рангаи метроро чунон ба ҳавсала ва чунон таъсирбахш нишон доданд, ки гӯё бори дигар ба Москва рафта, ба поезди метро нишастагӣ барин шудам. Ҳатто ҳур-ҳури шаббодаи форами онро ҳис кардам. Аммо ёрам ба хашм омада, туфличаашро чунон ба пол кӯфт, ки пошнаи он кӯчида рафту ман як қад паридам.
* * *
Ман мӯи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сиёҳ кунанд,
Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2020:
Абдумалик Баҳорӣ, Гулрухсор.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ОЁ МЕДОНЕД?
* Дарозтарин нақби роҳи оҳан бо номи Сэйкан дар Ҷопон аст, ки қариб 54 км дарозӣ дорад. Сохтмони нақб соли 1964 шурӯъ шуда, соли 1988 ба анҷом расидааст. Нақб ҷазираҳои Хокайдо ва Хонсюро ба ҳам мепайвандад.
* Дар Ҷопон беш аз 3 ҳазору 900, Филиппин 7 ҳазору 107 ва Индонезия 17 ҳазору 508 ҷазира мавҷуд аст.
* Ин кишварҳои Аврупо танҳо бо як давлат сарҳад доранд: Португалия бо Испания, Дания бо Олмон, Сан – Марино бо Италия, Ватикан бо Италия ва Монако бо Фаронса.
*Дар ИМА се шаҳр Перу ва нуҳ шаҳр Париж ном дорад.
* Хунуктарин пойтахт дар ҷаҳон Улан – Батор (Муғулистон) мебошад.
* Аввалин фабрикаи истеҳсоли сақич соли 1848 дар Амрико аз ҷониби Ҷон Куртис сохта шудааст.
Таҳияи Кароматулло АТО
КАМНАМО
Боре Сталин аз Александр Фадеев (раиси вақти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ) пурсид:
- Чаро романи «Степан Разин»-и Степан Злобинро ба ҷоизаи давлатӣ пешниҳод накардед?
- Ӯ ба корҳои ҷамъиятӣ шавқ надорад, кам менамояд...
- Шояд барои он кам менамояд, ки машғули навиштан аст? – маънидорона мегӯяд Сталин.
Таҳияи Қ. ШАҲНОЗ
ҲИКМАТИ ЯК «ЗИЁФАТ»
Шояд бисёриҳо надонанд, вале оилаи «саховатманд»-и Россиниҳо дар зиёфатҳое, ки меоростанд, аз ҷайби худ як танга ҳам сарф намекарданд. Аниқтараш зани соҳибхона қоидае ҷорӣ карда буд, ки меҳмон бояд бо хӯроки худаш ба зиёрати оҳангсози машҳур биёяд ва бе ягон шарм ин «уҳдадорӣ»-ро доим таъкид карда меистод. Ҳамин тариқ, агар як нафар моҳию тушбера биёрад, нафари дигар ҳатман таъмини меваҳои нодирро бар дӯш мегирифту нафари сеюм нӯшокиҳои гаронарзишро.
«Саховат»-и ин оила бошад, дар он зоҳир мешуд, ки ҳама вақт талабгори меҳмонони зиёд буданд, бахусус ҳамсари Россини. Албатта, ҳеҷ кас фикр ҳам намекард, ки ҳар қадар савғо зиёд шавад, ҳамон қадар сарфа мегардад ва то «зиёфат»-и дигар барои соҳибхона пурра кифоят мекунад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ҲУНАРМАНДИ ХАЙРАНДЕШ
Константин Хабенский, ҳунарманди шинохтаи Россия, иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми «Посбони шаб», ба корҳои хайр маҳбубияти хоса пайдо кардааст. Ӯ фонди хайриявии худро баъди аз бемории саратон фавтидани ҳамсараш соли 2008 таъсис дод. Фонди Хабенский барои табобати кӯдакони гирифтори саратони мағзи сар ва дигар бемориҳои вобаста ба косахонаи сар равона гаштааст. Ин беморӣ пас аз сафедшавии хун дар ҷойи дуюм қарор дошта, табобати дарозро талаб мекунад. Соли 2018 дар назди фонди хайриявии Константин Хабенский студияи театрӣ таъсис ёфт, ки аксари шаҳрҳои Россияро фарогир аст. Ҳамаи маблағҳои бадастомада барои табобати кӯдакони чунин беморидошта масраф мешаванд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ГУЛМОҲИИ РОМ
Оё шунидаед, моҳӣ ба одам ром шуда бошад? Бале, ин тавр воқеа, дар ҳақиқат, рӯй додааст.
Рӯзе осиёбони австралиягӣ Люгер дар соҳили дарёчаи кӯҳӣ нишаста, чангакҳои моҳидориро ба об мепартофт. Баногоҳ назари ӯ ба гулмоҳии зебои калон афтод. Гулмоҳӣ бозикунон ба муқобили ҷараёни об шино карда, ба ӯ наздик мешуд. Люгер дар соҳил нишаста, аз дидани чунин ҳодиса ба ҳаяҷон омад ва кирмчаеро зуд ба он моҳӣ дароз кард. Гулмоҳӣ ҷасурона ба вай наздик шуда, аз об боло хез зад ва кирмро аз дасти ӯ гирифт. Ҳамон рӯз Люгер кирми бисёрро ба моҳии ҷасур хӯронд.
Рӯзи дигар осиёбон дар ҳамон ҷо бо «шинос» - и дирӯзааш вохӯрд. Ҳамин тавр дӯстии онҳо рӯз то рӯз мустаҳкам шудан гирифт. Люгер ба ин моҳӣ «Капитан» ном ниҳод. Он аз одам намеҳаросид. Вай ҳар рӯз меъёри муайяни хӯрокро хӯрда, бо Люгер бозӣ мекард.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ДАЛЕЛҲОИ АҶИБИ ЗИНДАГИИ ҲЕМИНГУЭЙ
Эрнст Ҳемингуэй (1899 – 1961), нависандаи маъруфи ҷаҳон, муаллифи асарҳои машҳур, назири «Инсон ва силоҳ», «Ва офтоб медамад», «Алвидоъ, силоҳ», «Пирамард ва баҳр» (барои таълифи ин асар соли 1954 барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гардид).
*Дар 4–солагӣ падар ба ӯ шикори сайд ва моҳигириро ёд дод. То охири умр ин шуғлҳоро беҳад дӯст медошт.
* Дар зодрӯзи дувоздаҳумаш аз бобои худ камони шикорӣ туҳфа гирифт.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО
АЗ ГУРУСНАГӢ САНГ МЕХӮРАНД
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд.
- Рӯзе дар фасли баҳор бо ҷамъе аз дӯстон ба саҳро рафта будем. Чун дар мавзеи хуррам манзил сохта, суфрае андохтем, саге аз дур моро дид ва худро ба он ҷо расонд. Яке аз ҳозирон пораи санге бардошта, дар ивази устухон пеши саг андохт. Саг сангро бӯйид ва бидуни таваққуф баргашт. Ҳарчанд овоз додем, саг боз наёмад. Дар тааҷҷуб мондем. Яке аз дӯстон гуфт:
- Медонед, ки ин саг чӣ мегӯяд?
Гуфтем: - Хайр.
Гуфт: - Мегӯяд, ин бадбахтҳо аз бахилӣ ва гуруснагӣ санг мехӯранд. Аз хони эшон луқмае натавон бурд.
Таҳияи Сайёраи АВАЗ
КӢ НООДАМ?
- Алло, ҷарроҳ? Зуд биёед, ҷавоне ба садама дучор шуда, дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад.
- Хуб, ҳозир меравам! – садо баромад аз гӯшаки телефон.
Вақте ҷарроҳ пас аз ним соат дар назди беморхона аз мошин фаромад, падари бемор ба наздаш давида гуфт:
- Шумо чӣ гуна инсон ҳастед? Чаро ин қадар дер омадед? Магар намефаҳмед, ки сухан дар бораи ҳаёт ва марги писарам меравад? Агар ин ҳолат бо писари шумо рух медод, чӣ? Фавран меомадед!
Духтур бо табассуми аҷибе аз пешаш гузашта, зуд либоси тиббиашро пӯшид ва ба утоқи ҷарроҳӣ даромад.
Амалиёти ҷарроҳӣ мураккаб гузашту соатҳо тӯл кашид. Ҷарроҳ бисёр хастаю афгор аз утоқ баромад ва боз ҳам хомӯшона аз пеши падари бемор гузашта рафт.
Аз паси ӯ ёвари духтур баромад ва хушхабар расонд:
- Ҳамааш хуб, хавотир нашавед, писаратон зинда мемонад. Амалиёт муваффақ анҷом ёфт.
- Раҳмат. Бо вуҷуди ин, духтури ҷарроҳи шумо ин қадар инсони нохуш аст,- гуфт падари бемор, ки ба хашм омада буд. - Вай аз наздам гузашта, чизе нагуфт.
- Баръакс, духтури мо бениҳоят инсони наҷиб аст. Дирӯз писараш дар садамаи нақлиётӣ ҷон дод. Имрӯз маросими дафни ӯст. Аммо, бо вуҷуди ин духтур барои наҷоти фарзанди шумо омад. Аз ин рӯ, набояд касро нашинохта ба ӯ тамғаи «ноодамӣ» зад, - гуфт ёвар.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
КӮЛИ ХОМӮШ
Ин кӯли на он қадар калон дар вилояти Талдиқурғони Қазоқистон ҷойгир буда, ҳатто дар рӯзҳои гармтарини сол ҳам обаш хеле сард аст. Дар кӯл ягон мавҷудоти зинда нест: на қурбоқаю моҳӣ, на ҳашароти обӣ. Ҷасадҳои одамони зиёде, ки дар ин кӯл ғарқ мешаванд, болои об намебароянд, балки ба қаър фурӯ рафта мисли дарахт рост меистанд. Ҳатто шиноварони касбӣ дар оби кӯл беш аз 5 дақиқа тоқат намекунанд: бо сабабҳои номаълум нафастанг мешаванд, ҳарчанд захираи ҳаво дар қуттиҳояшон (баллонҳояшон) қариб пурра боқӣ монда бошад ҳам.
Муаммоҳои кӯл, аз рӯи як фарзия, ба хориҷ шудани гази сулфид, аз рӯи фарзияи дигар, ба мавҷуд будани шикофи (ғори) зеризаминӣ дар қаъри кӯл ва аз он хориҷ шудани газҳои марговар марбутанд. Олимони Қазоқистон ба гузарондани таҳқиқоти густурда дар кӯл алъон оғоз накардаанд.
Таҳияи Манзура ШАМСОВА
ЯК «ҲА»
Жуков дар ҳузури Сталин. Ба кабинет котиб ворид шуда, арз мекунад:
- Рафиқ Сталин, ҷаноби Черчилл дар хати телефон Шуморо мепурсад.
Сталин гӯшаки телефонро бардошта, гап мезанад:
- Нэ.
- Нэ.
- Нэ.
-Ҳа.
- Нэ.
Жуков баъди гӯшакро гузоштани Сталин мепурсад:
- Иосиф Виссарионович, Шумо ҳамаи суханҳои Черчиллро рад кардед, аммо ба як саволаш ҷавоби мусбат додед...
- Бале, вақте ӯ пурсид, ки: «Маро хуб мешунавед?», - ҳа гуфтам.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
НАҶОТИ ЭЛИФ ПАС АЗ 65 СОАТ
30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Измири Туркия зилзилаи мудҳиш ба амал омад. Дар пайи ин фоҷеа зиёда аз 100 кас ҷони худро аз даст дода, беш аз ҳазор нафари дигар ҷароҳат бардошт ва шаҳр ба харобазор табдил ёфт.
Ҳоло ҳам аз зери харобаҳо қурбониён ва захмиёнро берун меоранд.
Аҷибаш ин аст, ки наҷотбахшон пас аз 65 соати сар задани ин офати мудҳиш садои гиряи тифлеро шуниданд, ки ҳамаро ба ҳайрат овард.
Наҷотбахшон девори бетониеро бардошта саҳнаи аҷиберо диданд. Элиф Перинчеки сесола он ҷо мегирист. Гуфта мешавад, ки айни ҳол духтарча дар яке аз беморхонаҳои наздик бистарӣ шуда, волидайнаш пас аз 65 соат зинда мондану наҷот ёфтани фарзандашонро муъҷиза меноманд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
БЕНАФАС ҲАМ ЗИСТА МЕШАВАД?
Ҳамагӣ 5 дақиқа нафас накашида зинда мондан муъҷиза унвон мешавад. Аммо қобилияти фавқулода ба Стиг Северинсен имкон дода, ки 22 дақиқа бе нафас шино кунад.
Ӯ ба хоккейи зери об иштиёқ дорад ва маҳз ҳамин намуди варзиш боиси падид омадани истеъдоди ғайриодӣ гаштааст.
Северинсен соли 2010 бо либоси одии шиноварӣ 72 метр оби зери яхро тай карда, рекорд гузошт.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
ЯК НОНРО ҚАРЗ МЕДИҲАМ…
Марде ҳар рӯз аз нонвойхона се нон мехарид. Нонво рӯзе аз он мард пурсид:
- Бародар, чаро шумо фақат се нон мехаред?
Мард ҷавоб дод:
- Як нонро қарз, дуюмашро барои адои қарз медиҳам. Сеюмашро бо ҳамсарам мехӯрем.
Нонво ҳайрон шуду чизе нафаҳмид ва рӯзи дигар боз пурсид:
- Амакҷон, маънои суханатонро нафаҳмидам.
Мард табассум карду гуфт: Як нонро ба фарзандонам медиҳам. Ин қарз аст. Чунки дар пиронсолиам ба ман нон медиҳанд. Нони дуюмро ба падару модари пирам медиҳам. Ин адои қарз аст, зеро дар хурдсолиам онҳо ба ман нон медоданд. Нони сеюмро бошад, ману ҳамсарам мехӯрем.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АГАР ХУДОРАҲМАТӢ МЕНАВИШТАНД…
Пас аз марги Мейербер, ки аз ҷумлаи оҳангсозони маъруф буд, ҷияни навхаташ марсияе навишт ва аз Россини хоҳиш кард, ки як бор онро шунида, баҳо диҳад.
- Хайр чӣ хел? – баробари тамом шудани оҳанг бесаброна суол кард ҷавон.
- Ростӣ, намедонам чӣ гӯям. Албатта, бад нест, вале агар худораҳматӣ дар мотами шумо марсия менавистанд, хубтар мебуд,- нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд Россини.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
«ФИШОР ОВАРДАН ХУБ НЕСТ»
Сталин мусиқиро дӯст медошт ва аз консертҳое, ки дар Кремл баргузор мешуданд, ҳаловат мебурд. Боре ҳангоми консерти Козловский чанде аз аъзои Бюрои сиёсӣ аз ин устоди санъат хоҳиш карданд, ки ягон суруди халқӣ бихонанд.
Сталин оромона, вале омирона гуфт:
- Ба рафиқ Козловский фишор овардан хуб нест. Бигузор он чиро, ки худаш меписандад, ҳамонро иҷро кунад. Ба фикрам ӯ ҳоло армияи Ленскийро аз операи «Евгений Онегин»-и Чайковский хондан мехоҳад.
Таҳияи А. НИЛУФАР
«ЧЕКИ ЯКМИЛЛИОНФРАНКӢ»
ВАЪДАЕ, КИ ФАРОНСА БЕШ АЗ ДУ АСР БОЗ БА УҲДА ДОРАД
Соли 1797 Наполеон Бонапарт - шоҳи Фаронса қурби пули миллии кишварашро хеле маккорона боло бурд. Ӯ эълон дошт, ки дар яке аз тангаҳои 5-франка чеке ба маблағи 1 миллион франк ҳаккокӣ шудааст ва касе ин тангаро ёфта, ба бонк пешниҳод намояд, соҳиби як миллион франк мегардад. Бонки марказии Фаронса ҳанӯз ҳам гарави додани ин маблағро бар уҳда дорад. Вале то ҳол касе ин тангаро наёфтааст.
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
ЗАН АМОНАТ АСТ АМОНАТДОРИ ХУБ БОШЕМ!
Марде бо ҳамсараш бисёр зишт муносибат мекард ва баъзан ӯро латукӯб менамуд. Духтаре доштанд, ки мард ӯро бисёр дӯст медошт ва ҳамеша бо ӯ шухию бозӣ мекард. Рӯзе вақти шӯхию бозии падару духтар зан аз шавҳараш пурсид:
- Агар духтарамонро ба шавҳар диҳему Худое накарда шавҳараш ӯро азият диҳад, чӣ кор мекунӣ?
Чеҳраи мард тағйир ёфт ва бо ғазаб гуфт:
- Агар ба духтарам даст бардорад, ӯро мекушам.
Ҳамсараш бо лаҳни маъсумона гуфт:
- Агар дар ҳолати азият дидани духтаратон аз ҷониби шавҳараш нороҳат ва асабӣ мешавед, бидонед, ҳамсаратон низ духтари марде буд, ки ин гуна дӯсташ медошт. Пушти ҳар зан падари меҳрубонест, ки духтарашро ба шумо амонат додааст. Пас амонатдори хуб бошед.
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА
100 ФАКТИ ЧОЛИБ
* Кореягиҳо синни кӯдаконро аз замони дар батни модар пайдо шудан ҳисоб мекунанд.
* Мӯрчаҳо бӯйро аз саг дида хубтар ҳис мекунанд.
* Одам ба ҳисоби миёна 5 соли ҳаёташро барои хӯрок хӯрдан мегузаронад.
* Мӯйи сари инсонҳо аслан шабона меафзояд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.2020 №: 220 Мутолиа карданд: 999