сиёсат
ТОҶИКИСТОН. АЗ НУФУЗИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТ ТО НУФУЗИ ҶАҲОНИИ МИЛЛАТ
Муҳимтарин хислати фарқкунандаи Президенти мамлакат дар ватандӯстию ҷасорати ӯ зоҳир мегардад. Зеро дар шароите муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми ҳокимиятро ба даст гирифт, ки мамлакат дар оташи ҷанг месӯхт ва касе ҷасорати роҳбарии давлатро надошт.
Акнун барои гирифтани пеши роҳи ҷанги таҳмилӣ, гузоштани пойдевори сулҳ, ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, аз ҷумла ташкили артиши муқтадири миллӣ, гузоштани заминаҳои нахустини ваҳдати миллӣ ва ба роҳи рушд баровардани мамлакат, танҳо ва танҳо ҷасорату хиради роҳбарӣ лозим буд. Хушбахтона, ҷасорати тоҷикона ва хиради азалии миллии фарҳангсолорӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки на танҳо оташи ҷангро хомӯш намоянд, балки ба давлатсозӣ камари ҳиммат банданд. Барои ин, пеш аз ҳама, таъмини сартосарии ваҳдати миллӣ зарур буд.
Яке аз иқдомоти шоёни дигари Сарвари давлат ба асолати миллӣ баргардондани низоми ному насаб аст, ки нахустин шуда, анъанаи чандинсолаи аз даврони шӯравӣ бамеросмондаро шикаста, ба сабти ному насаби тоҷикӣ гузаштанд ва дар раванди хештаншиносии миллат гардиши бузурге ворид карданд.
Дар мамлакат корҳои бузурги созандагӣ оғоз гардиданд, нақб, шоҳроҳу истгоҳ, корхонаю биноҳои замонавӣ бунёд ёфтанд. Сарвари давлат барои хонаю дари нав сохтани гурезагон ҳеҷ чизро дареғ надошта, хотири ғамдидагонро шод карданд. Роҳи бахшишу авфро пеш гирифт, хатокардагон аз маҳбасҳо озод шуданд. Дар вохӯриҳо пеши мардум сари таъзим фуруд оварда, ҳатто кӯдаки хоколудро сари китф бардошта, бо ҳама сарбаландӣ аз роҳи хоксорӣ берун қадам нагузоштанд. Аз пирони рӯзгордида дуо гирифта, бо рафтору гуфтори некашон дар дилу дидаи ҳамватанон ва ҳатто ҷаҳониён ҷо гирифтанд. Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайваста, нуфузи байналмилалии кишвари сулҳпарварамонро таҳким бахшиданд.
Хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф ва қадрдонӣ гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо гузоштан дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Ҷаноби Олӣ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи ҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудаанд. Пешвои миллат дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардиданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2020 №: 221 Мутолиа карданд: 1078