иқтисод
ВМКБ. ТАРҲИ НАВИ МЕЪМОРИ НАВ
Дар ин Рӯзи муборак ва фархундаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳар сокини кишвар, аз ҷумла мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, азизу гиромӣ аст, аз хизматҳои шоиста ва беқиёси Пешвои муаззами миллат дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, пойдории сулҳу салоҳ, осоиштагӣ, инчунин, дар саросари ҷаҳон баланд гардидани обруи Тоҷикистони биҳиштосоямон соатҳо сухан ронем кам аст.
РОҲИ МОШИН АЗ КӮЛОБ ТО ДАРВОЗ
Дар ин матолиб тасмим гирифтем, ки дар хусуси ба амал баровардани чор ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар, ки бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии Бадахшон роҳандозӣ шуданд, чанд пораеро манзури хонандагони «Ҷумҳурият» гардонем.
Ҳар сокини Бадахшон хуб дар хотир дорад, ки тамоми даврони шӯравӣ роҳи ағбаи Хобурубот дар давоми панҷ- шаш моҳ баста мешуд. Дар аввалин даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рағми баъзе коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ, ки мегуфтанд бунёди роҳи Кӯлоб-Дарвоз аз миёни кӯҳҳои Дарвоз ва мавзеи Девдара ҳеҷ имконе надорад, Роҳбари ободкори кишвар тасмим гирифтанд, ки ин қитъаи роҳро бо нохун бошад ҳам, месозанд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар охирин солҳои асри бистум дар мошини ҳарҷогарди ГАЗ - 66, ки аз камари кӯҳсорони Хушӣ ва Нохушӣ гузар намуд ва ба мавзеи Яхчисор ва сипас ба маркази ноҳияи Дарвоз - шаҳраки Қалъаихумб - дарвозаи қисми ғарбии Бадахшон расид, Пешвои муаззами миллат чун қуллаҳои Помир сарбаланду бовиқор, хушнуду сарфароз нишаста буданд. Роҳбари олии кишвар дар майдони таги чанорҳои азамати Дарвоз, ки аз қадим макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд мебошад, миёни мардум эълон намуданд, ки бо сохта шудани қитъаи шоҳроҳи Кӯлоб – Шоҳон – Зиғар - Шкев Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Ин хушхабарро мардуми «Боми ҷаҳон» бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин раҳкушоиҳои Пешвои миллат аз Кӯлоб то Дарвоз устоди зиндаёд Муъмин Қаноат ҳам дар қатори дигар адибони тоҷик иштирок доштанд ва ӯ ин мисраъҳоро ҳамон рӯзҳо навиштааст:
Роҳе, ки зи коми аждаҳо мегузарад,
Аз он дами субҳдам Даҳо мегузарад.
Зоди сафараш ниҳода дар мулки Шикай,
Аз раҳгузараш оби бақо мегузарад.
Меъмори азал аҷаб раҳе сохтааст,
Меъмори наве тарҳи нав андохтааст.
Дар рӯи Замин раҳи яқин аст, биё,
Меъмор чу кӯҳ қомат афрохтааст.
Солҳои минбаъдаи соҳибистиқлолии кишвар аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то Шкев роҳи мумфарш ва даҳҳо пулҳо сохта шуданд, ки ба талаботи меъёрҳои роҳсозии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд. Имрӯз дар қитъаи 26 - километраи масири Шкев - Қалъаихумб роҳсозони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тоҷик корҳои зиёди сохтмониро ба ҷо оварда, тасмим гирифтаанд, ки роҳу пулҳои ин қисми шоҳроҳро низ дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд карда, мавриди истифода қарор медиҳанд.
Боиси тазаккур аст, ки Пешвои муаззами миллат зимни сафари кориашон 20 августи соли 2020 ба ноҳияи Ванҷ миёни роҳбарон ва мардуми диёри пурганҷ гуфтанд, ки то соли нав бунёди қитъаи аз ҳама душвортарини Қалъаихумб – Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон низ оғоз хоҳад шуд. Сокинони ноҳия ва кулли мардуми Бадахшон ин муждаи фараҳбахшро бо хурсандӣ истиқбол намуданд.
БАДАХШОН НУРИСТОН ШУД
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми Бадахшон дар баробари машаққати бероҳӣ кашидан аз нарасидани барқ низ азоб доштанд. Ниҳоят бахташон баландӣ кард ва тавассути дастгириҳо ва ғамхориҳои беназири Пешвои миллат дар пиёда намудани ҳадафи дуюм, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гомҳои хеле устувор гузоштанд. Пеш аз ҳама Неругоҳи барқи обии «Помир-1» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон ва дар ноҳияи Мурғоб дар канори рудхонаи Оқсу Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо генераторҳо ва батареяҳои офтобӣ таъмин кардани қутоспарварони чарогоҳҳои Помири шарқиро низ масъулон ба ҷо оварданд. Неругоҳи барқи обии «Намадгут»-и ноҳияи Ишкошим аз таъмир бароварда шуд.
Дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ неругоҳҳои барқи обии «Ширг-1», «Ширг-2», «Ванҷ-2», «Андарбак», «Техарв» ва «Пои Мазор» ба кор даромаданд. Хатҳои баландшиддати барқии Қалъаихумб – Зиғар – Яхчисор – Курговад - Ванҷ азнавсозӣ гардиданд. Деҳкадаҳои дурдаст, ба монанди Яхчисор, Хост, Гишуну Пошхарв, Ӯбағни ноҳияи Дарвоз ва Пшихарву Ванван ва Ғӯмаяки ноҳияи Ванҷ низ бо барқи доимӣ таъмин шуданд. Сокинони деҳоти Язгулом ба орзуи деринаи худ расиданд. Бо кашида шудани хати барқи баландшиддати Шидз – Деҳ - Язгулом кошонаҳои бошандагони ин водӣ гарм ва равшананд.
Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор»-и ноҳияи Роштқалъа оғоз гардида, асосноккунии лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Санобод»-и ноҳияи Рӯшон низ ба итмом мерасад. Бунёди иншоотҳои энергетикӣ ба он мусоидат менамоянд, ки Бадахшон ба содиркунандаи неруи барқ ба дигар минтақаҳои кишвар ва деҳоти наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар оянда табдил ёбад.
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Дар пиёдасозии ҳадафи сеюм, таъмини амнияти озуқаворӣ дар вилоят, корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд. Аз ҷумла, дар Дарвоз мавзеъҳои бекорхобидаи шафати шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Кулма, тагдаштҳои Курговад, Ново, Содроғ, Марғзори Ҷорф, Паткуноб, Ёгед, Роғак, дар водии Вахё бошад, даштҳои Мурғобӣ ва Мазор ба киштзору боғот табдил дода шуданд. Дар минтақаҳои гармтарин ва иқлими мусоиддоштаи деҳоти Нулванд, Қалъаихумб ва Вишхарв самти нави афзалиятнок - ситруспарварӣ ва дар деҳоти Сағирдашт ба рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ заминаҳои мустаҳкам гузошта шуд. Навиди боз ҳам фараҳмандтарин барои мардуми ин диёр он аст, ки Пешвои муаззами миллат зимни сафари кориашон ба ноҳияи Дарвоз 19 августи соли 2020 ба бунёди иншооти обтаъминкунии мавзеи Дашти Луч, ки зиёда аз 400 гектар замини киштбоб дорад, санги асос гузоштанд. Об аз мавзеи Хостроғ аз масофаи 17,5 километр оварда мешавад.
Ноҳияи Ванҷ бо дастгириҳои Роҳбари давлат ҳоло ба минтақаи пешрафтатарини истеҳсоли меваҳои шаҳдбор табдил ёфтааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ домони боғҳои себу нок, чормағз ва зардолуву олуболу, тут ва дигар анвои дарахтони мевадор то деҳоти дурдаст ва баландкӯҳи Поимазор, Змахсум, Ванван ва Зайчу Жафаки домони пиряхҳои Федченко ва Хирсон расонда шудааст. Дар ин давра бештар аз 130 гектар заминҳои нав дар деҳоти водиҳои Вотхуд, Ванҷи Боло ва Язгулом обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гаштанд.
САНОАТИКУНОНӢ ДАР ДАРВОЗУ ВАНҶ СУРЪАТ МЕГИРАД
Дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумат эълон намуданд. Дар ин раванди барои рушди минбаъдаи кишвар тақдирсоз дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ як қатор корҳо ба ҷо оварда шуданд. Аз ҷумла, дар деҳоти Сағирдашт корхонаи коркарди тилло фаъолияти бенуқсон дорад. Дар маҳаллаи Даштаки шаҳраки Қалъаихумб иншооти коркарди сангҳои қиматбаҳо, дар мавзеи Умарак коргоҳҳои дӯзандагӣ, заргарӣ ва қолинбофии «Меҳри модар», дар Сағирдашт коргоҳи дӯзандагии «Ахтари меҳр» ва дар деҳаи Дуробак корхонаи коркарди асал ва мева маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат бунёд гаштанд. Корхонаи «Карон- колсид»- и мавзеи Вишхарв бо иштироки Сарвари давлат 19 августи соли 2020 мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҳама муҳимаш бо бунёд гардидани ин иншооти саноатӣ бисёр сокинони Дарвоз соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.
Дар ноҳияи Ванҷ низ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро ба ҷо оварда, дар бунёди корхонаҳои саноатӣ як қатор корҳои назаррас ба ҷо оварда шудаанд. Бунёди корхонаҳои истеҳсоли санги мармар ва дигар маъданҳои қиматбаҳо дар мавзеъҳои Даштаку Поимазор, тайёр кардани асфалту шағал, хишти пухта ва сементӣ, коркарди чӯбу тахта, се коргоҳи дӯзандагӣ ва амсоли онҳо аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мераванд. Он рӯз дур нест, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои коркарди санги мармари мавзеи Пайшанбеобод ва коркарди мева ва сабзавоти шаҳраки Рохарв ба кор дароварда мешаванд. Ванҷзамин, ки аз маъданҳои куҳӣ бой аст ба яке аз минтақаҳои рушдёфтаи саноатии Бадахшон ва кишвар табдил хоҳад ёфт.
Мардуми ватандӯст, бонангу номус ва саодатманди вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ҳамчун рамзи эътиқод, меҳру муҳаббат ва бовар ба Пешвои муаззами миллат дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории ин абармарди шариф 11 октябри соли 2020 якдилона овоз доданд. Онҳо бовар доранд, ки бо сарварии Роҳбари эътирофгардидаи сатҳи ҷаҳонӣ Бадахшон боз ҳам ободу зебо мегардад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2020 №: 221 Мутолиа карданд: 870